ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 октябри соли 2022, № 847
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2022, № 323
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608; с. 2021, №1-2, мод. 5, №4, мод. 197, №12, қ. 2, мод. 684, мод. 685; с. 2022, №7, мод. 442), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми 3 моддаи 24 рақамҳо ва калимаи ", 138 қисми 1" хориҷ карда шаванд.
2. Моддаи 140 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 140. Асос ва сабабҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ
1. Асоси оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ мавҷудияти маълумоти кофие мебошад, ки дар он аломатҳои таркиби ҷинояти дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешаванд.
2. Сабабҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ инҳо мебошанд:
- ариза дар бораи ҷиноят;
- ҳозир шудан бо иқрори гуноҳ;
- иттилооти шахси мансабдори корхона, муассиса ва ташкилот;
- иттилоот дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи интернет;
- аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор бевосита ба даст овардани маълумоте, ки ба аломатҳои ҷиноят ишора мекунанд.".
3. Дар қисми 1 моддаи 144 калимаҳои "Иттилооти воситаҳои ахбори омма" ба калимаҳои "Иттилоот дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи интернет" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 161:
- ба қисми 2 пас аз рақамҳои "328-332," рақами "334(1)," илова карда шавад;
- аз қисми 5 рақами "334(1)," хориҷ карда шавад.
5. Қисми 1 моддаи 306 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Раисикунанда аз тарафҳо мепурсад, ки оё онҳо дар хусуси даъвати шоҳидону коршиносон, мутахассисони нав ва талаб карда гирифтани далелҳои шайъӣ ё ҳуҷҷатҳо, инчунин доир ба хориҷ кардани далелҳое, ки бо вайрон кардани талаботи Кодекси мазкур пешниҳод шудаанд, дархост доранд ё не. Шахсе, ки дархост пешниҳод намудааст, онро бояд асоснок намояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 24 декабри соли 2022, № 1926