ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 октябри соли 2022, № 845
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2022, № 321
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод.986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586; с. 2018, №1, мод. 4, мод. 5, №5, мод. 266, №7-8, мод. 522; с. 2019, №1, мод. 1, мод. 2, №6, мод. 311; с. 2020, №1, мод. 8, мод. 9, №7-9, мод. 607, мод. 623, №12, мод. 904; с. 2021, №4, мод. 196, №12, қ. 2, мод. 683; с. 2022, №7, мод. 437, мод. 438), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 6 моддаи 49 пас аз рақамҳои "177" ва "178" калима ва рақами "қисми 1" илова карда шаванд.
2. Ба моддаи 259 эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Эзоҳ: 1) Дар моддаҳои 258 ва 259 Кодекси мазкур таҳти мафҳуми даромад ё зарар ба миқдори калон, даромад ё зараре фаҳмида мешавад, ки он аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад ва таҳти мафҳуми даромад ба миқдори махсусан калон, даромаде фаҳмида мешавад, ки андозаи он аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад;
2) Таҳти мафҳуми даромад, ки дар боби мазкур пешбинӣ шудааст, фоида аз фарқи байни маблағи сарфшуда ва дохилшуда фаҳмида мешавад.".
3. Эзоҳи моддаи 259(1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Эзоҳ: Дар моддаи мазкур агар арзиши мол ва маҳсулоти тамғаношуда аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад миқдори калон ва аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад миқдори махсусан калон эътироф мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 24 декабри соли 2022, №1924