ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ" таъсис дода шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба Муассисаи давлатии "Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети ҷумҳуриявӣ ва воҳидҳои кории амалкунандаи соҳаи тандурустӣ ҳал намояд.
3. Ба замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати бисту нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 ноябри соли 2022, № 586