Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, № 582 "Дар хусуси муқаррар намудани меъёри ягонаи музди меҳнати кормандони агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси муқаррар намудани меъёри ягонаи музди мехнати кормандони агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ

 

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 139 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёри ягонан музди меҳнати кормандони агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ мегарданд, муқаррар карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор басти вазифаҳои агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба қарори мазкур тибқи тартиби муқарраршуда мутобиқ намоянд.

3. Дар рафти таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва баргузории гуфтушунидҳо бо шарикони рушд муқаррароти қарори мазкур ба инобат гирифта шавад.

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида шарикони рушдро оид ба қабул гардидани қарори мазкур огоҳ намояд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, №119 "Оид ба муқаррар намудани меъёри ягонаи ниҳоии музди меҳнати кормандони Марказҳои (гурӯҳҳои) татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ шуда истодаанд" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 ноябри соли 2022, № 582

 

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 ноябри соли 2022 № 582

Меъёри ягонан музди меҳнати кормандони агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ

 

Вазифа

Меъёри ягонаи музди меҳнати моҳона

(бо долл. ИМА)

Директор (роҳбар)

895

Муовини директор

780

Ҳамоҳангсози лоиҳа

750

Сармуҳосиб

700

Сармуҳандис  

700

Сармутахассис оид ба харид

700

Мутахассис (аз рӯйи самтҳои алоӣида)

600

Тарҷумон

500

Маъмур

400

Ассистент

350

Ронанда

300

Посбон

150

Фаррош

150

 

Эзоҳ: Музди меҳнат бо асъори миллӣ аз рӯйи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи ҳисоб пардохт мешавад.


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об установлении единой ставки заработной платы работников агентств, реализующих государственные инвестиционные проекты

В соответствии со статьей 16 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьёй 139 Трудового кодекса Республики Таджикистана и статьёй 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Установить единую ставку заработной платы работников агентств, реализующих государственные инвестиционные проекты, реализуемые совместно с партнерами по развитию (прилагается).

2. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами в установленном порядке привести в соответствие с настоящим постановлением штатное расписание агентств, реализующих государственные инвестиционные проекты.

3. Принять во внимание положения настоящего постановления в процессе разработки государственных инвестиционных проектов и проведения переговоров с партнерами по развитию.

4. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить партнеров по развитию о принятии настоящего постановления.

5. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 марта 2003 года, №119 "Об установлении единых предельных ставок оплаты труда работников центров (групп) реализации инвестиционных проектов, осуществляемых Правительством Республики Таджикистан совместно с международными финансовыми организациями".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 29 ноября 2022 года №582


 

Приложение 
к постановлению Правительства 
Республика Таджикистан  
от «29» ноября 2022 года, № 582

 

Единая ставка заработной платы работников реализующих агентств государственных инвестиционных проектов

 

Должность

Единая ставка месячной заработной платы (в долл США)

Директор (руководитель)

895

Заместитель директора

780

Координатор проекта

750

Главный бухгалтер

700

Главный инженер

700

Главный специалист по закупкам

700

Специалист (по отдельным направлениям)

600

Переводчик

500

Администратор

400

Ассистент

350

Водитель

300

Охранник

150

Уборщица

150

Примечание: Оплата заработной платы производится в национальной валюте по официальному курсу Национального банка Таджикистана на день начисления.