Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2027 аз 29 ноябри соли 2022, №580

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 ноябри соли 2022, №580

Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2027 (минбаъд - Барнома) асосҳои ташкилӣ, хоҷагидорӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, механизм, вазифа на самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи киноро муайян менамояд.

2. Барнома мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шудааст.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, кинои ватаниро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.

4. Барнома баланд бардоштани сифати истеҳсолу намоиши филмҳо, таҳқими заминаи моддию техникӣ, бунёд ва барқарорсозии инфрасохтори соҳа, тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишварро дар панҷ соли оянда пешбинӣ менамояд.

5. Кино ба ҳайси ниҳоди тартибкунандаи сиёсати давлатӣ тамоюли рушди ғоявию фарҳангии ҷомеаро инъикос намуда, барои ташаккули худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозад.

6. Кинои тоҷик ҳоло ба офаридани филмҳои муосири дар бозори маводи аудиовизуалӣ рақобатпазир, ки арзишҳои фарҳангии миллию ҷахониро воқеъбинона инъикос намуда, масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаро рӯйи пардаи кино ҷилвагар созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифию тарғиб кунанд, ниёз дорад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНИИ КИНОИ ТОҶИК

7. Ҷиҳати рушд ва беҳтар намудани низоми идоракунӣ, назорат ва амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №598 Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" (минбаъд - Муассиса) дар заминаи киностудияи "Тоҷикфилм" ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" ҳамчун сохтори алоҳида таъсис дода шудааст.

8. Муассиса ҳамчун сохтори фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи оиннома ба роҳ монда, сиёсати давлатиро дар соҳаи кино амалӣ мегардонад.

9. Ба ҳолати 1 январи 2022 дар тавозуни Муассиса 29 кинотеатр бо 6618 ҷойи нишаст ва 13 кинопроектор вуҷуд дорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд кинотеатрҳо мавҷуд нестанд, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.

10. Аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 Муассиса 56 филми нав, аз ҷумла 14 филми ҳунарӣ, 26 филми мустанад, 11 филми кутоҳи ҳунарӣ ва 5 филми аниматсионӣ истеҳсол ва пешкаши тамошобинон гардонид. Инчунин дар ин давра 11 филми гуногунжанр тарҷума ва дубляж карда шуд.

11. Соҳаи кинои тоҷик имрӯз ба таваҷҷуҳи хоса ниёз дорад. Дар шароити имрӯза ҳаводорони кино ба тамошои филмҳои бо истифодаи техникаю технологияи (инноватсионии) муосир таҳиягардида эҳтиёҷ доранд.

12. Асри техника ва технологияи нав, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ садди роҳи паҳнкунӣ ва намоиши оммавии филмҳо дар кинотеатрҳо гардиданд. Ҳоло беш аз 70 фоизи аҳолии кишвар, ки дар деҳотҷойҳо зиндагӣ мекунанд, ба толорҳои кинонамоишдиҳӣ (кинотеатрҳо) дастрасӣ надоранд.

13. Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар бойгонии кинои тоҷик 1416 нусха филмҳои гуногун вуҷуд доранд, ки қисми онҳо ба хазинаи тиллоии Муассиса шомил шудаанд, вале шароити нигоҳдории онҳо ба меъёрҳои пешбинигардида ҷавобгӯй нест.

14. Муассиса ҳоло ба назорати фаъолияти толору нуқтаҳои намоиши кино ва видео, фурӯшу кироя ва сабти маводи аудиовизуалӣ ва бозиҳои компютерӣ машғул буда, бо сабаби нарасидани маблағҳои зарурӣ вазифаи оинномавии худ, яъне паҳну намоиши филмҳои миллӣ, таъмири бинои кинотеатрҳо ва харидории таҷҳизоти махсусро пурра иҷро карда наметавонад.

15. Кинотеатрҳои "Орлёнок" ва "Зебуннисо"-и шаҳри Душанбе, 14 кинотеатр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, кинотеатри "30-солагии Истиқлол"-и ноҳияи Мастчоҳ, кинотсатрҳои ноҳияҳои минтақаи Рашти дар тавозуни Муассиса қарордошта, корношоям мебошанд ва ба навсозию таъмири асосӣ эҳтиёҷ доранд.

16. Солҳои охир соҳаи филмбардории тоҷик ба сатҳи нави рушд гузашта, мазмуну муҳтавои филмҳо беҳтар гардид. Аз ҷумла чунин филмҳо, ба монанди "Хаёлпарастони музофотӣ", "Роҳ", "Бачаи обӣ", "Дов", "Дӯгоб", "Насиб", "Аз баландии парвоз" ва "Додараки фариштаҳо" дар кинофестивалҳои байналмилалӣ ба ҷоизаҳои гуногун сазовор дониста шуданд.

17. Бо мақсади барқарор намудан ва тавсеаи робитаҳои кинематографӣ, рушди ҳамкориҳои байни кинематографистони Тоҷикистон ва хориҷа, дар шаҳри Душанбе дар ду сол як маротиба гузаронидани кинофестивали байналмилалии "Душанбе" ва бо мақсади дастгирии ҷавонон ва қадршиносии ҳунари асил баргузории Синамоҷоизаи миллии "Тоҷи Сомон", инчунин гузаронидани Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки барои табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанӣ, муаррифии санъати волои кинои миллӣ ба тамошобини хориҷӣ ва тарғиби дастовардҳои мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҷаҳониён мусоидат менамояд.

3. ОМОДА НАМУДАНИ КАДРҲО ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ МУТАХАССИСОН

18. Дар Муассиса 312 корманд фаъолият доранд. Сохтори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" аз дастгоҳи идоракунӣ, 2 сарраёсат, 5 раёсат иборат мебошад ва ба сохтори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" раёсат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раёсатҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шуъбаи минтақавӣ дар водии Рашт дохил мешаванд.

19. Муассиса ба мутахассисони касбӣ, аз ҷумла филмноманавис, коргардони кино, наворбардори кино, коргардони овоз, мутахассиси оташбоз, пардозгар, продюсер, танзимгар, садобардор, равшандиҳанда, рассом-ороишкор, рассоми либос ва механикҳо ниёз дорад.

20. Омода намудани кадрҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва такмили ихтисоси кормандон яке аз самтҳои асосии Барномаи мазкур ба ҳисоб рафта, барои ҷалби бештари мутахассисони касбии соҳа ба фаъолияти филмбардорӣ мусоидат менамояд.

21. Дар сурати амалӣ шудани Барнома пешбинӣ мегардад, ки давоми солҳои 2023-2027 мутахассисони соҳаи кино дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишкадаи давлатии кинематографияи ба номи С.А.Герасимов (ш. Москва), филиали ДДУК (ВГИК) дар шаҳри Тошканд, Донишкадаи давлатии кино ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербург омода карда шаванд.

22. Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" ягона муассисаи соҳавӣ дар дохили кишвар мебошад, ки бо тарбияи кадрҳои кинематографӣ машғул аст. Ҳоло дар шуъбаи коргардони филмҳои бадеии он 20 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

23. Тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар асоси пешрафт ва рушди соҳаи кино дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

24. Дар баробари омода кардани кадрҳои баландихгисос дар Барномаи мазкур ҳамчунин такмили ихтисоси кормандон ва мутахассисони соҳа дар хориҷи кишвар пешбинӣ мегардад.

4. МУШКИЛИҲОИ АСОСӢ ДАР СОҲАИ КИНО

25. Дар соҳаи кино мушкилиҳои зерин мавҷуд мебошанд:

- заминаи сусти моддию техникӣ, аз ҷумла нокифоя будани техника ва технологияи замонавӣ;

- нарасидани воситаҳои молиявӣ барои рушди соҳа;

- ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй набудани ифрасохтори кино, аз ҷумла набудани толорҳои намоиши кино дар шаҳру ноҳияҳо;

- мутобиқат накардани истеҳсоли филмҳо ба стандартҳои байналмилалӣ;

- норасоии кадрҳои баландихтисос;

- набудани шароити муносиб барои паҳнкунӣ ва намоиши оммавии филмҳои ватанӣ;

- набудани шароити зарурӣ барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии филмҳо;

- мутобиқат накардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи аудиовизуалӣ.

26. Дар доираи амалисозии Барномаи мазкур ба дарёфти роҳҳои бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

5. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА

27. Ҳадафи асосии Барнома, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самаранок ва рушди бомароми соҳаи кинои ватанӣ ва дар ин замина тарғибу ташвиқ намудани арзишҳои фарҳангии миллию байналмилалӣ дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.

28. Амалисозии Барнома дар Муассиса низоми идоракунӣ ва ҷалби мутахассисонро танзим намуда, мазмуну моҳияти филмбардорӣ беҳтар гардида, бунёд ва навсозии инфрасохтори соҳаи кино, инчунин паҳнкунӣ ва намоиши оммавии филмҳо роҳандозӣ шуда, барои офаридани филмҳои баландмазмуни миллӣ ва рақобатпазир дар бозори кино шароити муносиб фароҳам оварда мешавад.

29. Барои расидан ба ҳадафҳои асосии Барнома Муассиса чораҳои зерин меандешад:

- беҳтар намудани заминаи моддию техникии соҳаи кино;

- фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ;

- ҷорӣ намудани технологияи муосир;

- бозсозӣ ва такмили фаъолияти эҷодӣ бо дарназардошти талаботи имрӯзаи кинои ҷаҳонӣ;

- зиёд кардани истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ, таърихӣ-ватандӯстӣ, солномаҳо, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии ҷавобгӯйи сатҳи байналмилалӣ;

- омода намудани мутахассисони ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар;

- ташкил ва баргузории кинофестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;

- нусхабардорӣ, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳои миллӣ, дастрас намудани асарҳои кинематографӣ ба аҳолӣ;

- такмили майдончаи наворбардории мавзеи "Симиганҷ"-и дараи Ромит барои филмбардорӣ, бунёди майдончаҳои махсуси наворгирии филмҳо, барқарорсозии коргоҳҳои сохтмони ороишкорӣ;

- таҳкими ҳамкорӣ бо ширкату муассисаҳои кинематографии кишварҳои хориҷӣ, омӯзиш ва табодули таҷриба дар филмбардории муосир ва офаридани филмҳои муштарак;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои риояи қоидаҳои нигоҳдории филмҳо, маводи аслии филмҳои миллӣ, киносолномаҳо дар фонди бойгонии Муассиса.

6. САМТҲОИ АСОСӢ, МЕХАНИЗМҲО ВА МАРҲИЛАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

30. Самтҳои асосии амалисозии Барнома аз инҳо иборатанд:

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва моддию техникии соҳа;

- таҳияи филмҳои баландмазмуни миллӣ-ватандӯстӣ ва таърихӣ аз рӯзгори қаҳрамонони халқи тоҷик;

- мутобиқнамоии филмбардорӣ ба сатҳи байналмилалӣ;

- тарбия ва омода намудани кадрҳои соҳа дар хориҷи кишвар;

- таъмир ва азнавсозиии инфрасохтори мавҷудаи соҳа;

- тақвияти ҳамкориҳо бо синамонигорони хориҷӣ ва таҳияи филмҳои муштарак.

31. Механизмҳои амалисозии Барнома аз инҳо иборатанд:

- маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ;

- ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ;

- ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ.

32. Баҳри таъмини рушди устувори соҳаи кинои ватанӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино Барнома дар се марҳила амалӣ карда мешавад. Марҳилаи якуми Барнома солҳои 2023-2025, марҳилаи дуюм соли 2026 ва марҳилаи сеюм соли 2027-ро дар бар гирифта, таҳияи филмҳои гуногунжанр, тарҷума ва дубляжи филмҳо ба забони давлатӣ, баргузории чорабиниҳои синамоӣ, тарбия ва омода намудани кадрҳои соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар, беҳтар намудани сифати филмбардорӣ, харидории таҷҳизот ва техникаи муосири соҳаи кино, таъмиру барқарорсозии кинотеатрҳо, барқарорсозии майдончаҳои наворбардорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

7. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА

33. Барнома марҳила ба марҳила татбиқ гардида, дар назар аст, ки дар натиҷаи сари вақт ва самаранок амалӣ гардидани он як қатор мушкилиҳои соҳа бартараф шуда, барои рушди кинои тоҷик шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар натиҷаи амалисозии Барномаи мазкур:

- низоми самарабахши идоракунӣ дар соҳаи синамонигорӣ (барои офаридани филмҳои пурмазмун ва намоиши онҳо дар кинотеатрҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯй) ташкил карда мешавад;

- заминаи моддию техникӣ мустаҳкам ва вазъи сохторҳои тобеи Муассиса беҳтар мегардад;

- инфрасохтори соҳа, аз ҷумла кинотеатрҳои замонавӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ бунёд, тармим ва таҷдид карда мешаванд;

- филмҳои миллии баландмазмуни дар бозори кино рақобатпазир истеҳсол карда мешаванд;

- сатҳи касбии кормандони соҳа баланд бардошта шуда, мутахассисони касбӣ ҷалб карда мешаванд;

- фаъолияти эҷодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи кино беҳтар мегардад;

- дастрасии аҳли ҷомеа ба филмҳои баландсифати истеҳсоли ватанӣ беҳтар мегардад;

- маблағгузории соҳа ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба рушди он беҳтар мешавад;

- ҳолати нигоҳдории филмҳои ватанӣ дар фонди бойгонии Муассиса ба талаботи муосир мутобиқ карда мешавад;

- шумораи мутахассисони ҷавон ва баландихтисоси соҳа афзун мегардад;

- барои тарбия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳамчунин барои мутахассисони соҳа шароити хуби корӣ муҳайё карда мешавад.

34. Дар натиҷаи амалисозии Барнома 11 филми ҳунарӣ, 20 филми мустанад, 10 филми кӯтоҳи бадеӣ, 10 филми тасвирӣ, 10 филми кӯтоҳи омӯзишии мактаби синамонигорони ҷавон офарида шуда, инчунин 50 филм тарҷума ва дубляж карда мешаванд.

8. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

35. Барнома аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, маблағҳои Муассиса, инчунин ҷалби маблағҳои грантӣ ва манбаъҳои дигаре, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

36. Сарчашмаҳои асосии маблағгузории Барнома иборатанд аз:

- маблағҳои буҷети давлатӣ - 35 млн. сомонӣ;

- шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, - 5 млн. 200 ҳазор сомонӣ;

- маблағҳои махсуси Муассиса - 5 млн. 618 ҳазор сомонӣ;

- маблағи умумӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар панҷ сол- 45 млн. 818 ҳазор сомонӣ.

9. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

37. Низоми мониторинг ва арзёбӣ унсури муҳимми амалисозии Барнома буда, дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад ва иҷрои воқеии корҳо, мушкилоти ҷойдошта ва натиҷаҳои бадастомадаро ошкор месозад.

38. Мониторинг ва арзёбии барномаҳои соҳавӣ тавассути нишондиҳандаҳои захираҳои масрафшуда, нишондиҳандаи боздеҳ ва нишондиҳандаи натиҷаи ниҳоӣ ба анҷом расонида мешавад.

39. Мониторинги натиҷавӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳо гузаронида шуда, тавассути он то кадом андоза ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда муайян карда мешавад (як маротиба дар охири сол гузаронида мешавад) ва барои баргузории он ҷадвали электронӣ бо формати Ехсеl тартиб дода шуда, пас аз мониторинг маълумоти муфассал омода ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда мешавад.

10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

40. Иҷрокунандаи асосии Барнома Муассиса маҳсуб меёбад.

41. Барнома аз ҷониби Муассиса якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад.

 

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистои

аз 29 ноябри соли 2022, №580

Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025)

 


Р/т

Мақсади асосӣ

Вазифаҳо

Тадбирҳо

Воҳиди ченак

Маблағ

(ҳаз. сомонӣ)

Солҳо

Масъулон

Сарчашмаи маблағгузорӣ

2023

2024

2025

 

1.       Дар бахши истеҳсоли филмҳои касбии миллӣ

1.

Фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори соҳаи кинои тоҷик

Истеҳсоли филмҳои ватанӣ  бо  дарназардошти хусусиятҳои хоси миллӣ, инъикоскунандаи таъриху  фарҳанги халқи тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ

Филмҳои ҳунарӣ

ҳазор сомонӣ

3715

1500

1070

1145

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

адад

7

3

2

2

 

 

 

 

Филмҳои мустанад

ҳазор сомонӣ

512

160

172

180

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

адад

6

2

2

2

ҳазор сомонӣ

512

160

172

180

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

адад

6

2

2

2

Филмҳои кутоҳ

ҳазор сомонӣ

645

200

215

230

 Муассисаи   

    давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

адад

6

2

2

2

2.

Истеҳсоли филмҳои тасвирии 3D

Баланд бардоштани завқи бадеии наврасон ва ҷалби онҳо барои истеҳсоли филмҳои тасвирӣ аз рӯйи асарҳои  адабиёти классикии тоҷик

Филмҳои

тасвирӣ

ҳазор сомонӣ

571

180

191

200

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

адад

6

2

2

2

3.

Ҷалби васеи ҷавонони боистеъдод ба курсҳои филмнома-нависӣ

Дастгирӣ намудани ҷавонони боистеъдод ва касбии соҳа, ҳамасола ташкил намудани наворбардории беҳтарин филмномаи  навқаламон

Филмҳои  «Дебют»

ҳазор сомонӣ

540

170

180

 

190

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

адад

6

2

2

 

2

4.

Тарҷума ва дубляжи филм-ҳои беҳтарини ҳунарӣ, ҳуҷҷатӣ ва илмию омма-вии кишварҳои хориҷӣ ба забони давлатӣ

Тарғиби арзишҳои фарҳангии пешрафтаи милливу умумибашарӣ ва  ғояҳои ватандӯстӣ

Тарҷума ва дубляжи филмҳо ба забони давлатӣ

ҳазор сомонӣ

480

150

160

 

170

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

адад

30

10

10

 

10

5.

Тарғиби соҳаи   синамонигорӣ

Ба табъ расидани нашрияи расмӣ

Маҷаллаи «Кино»

ҳазор сомонӣ

420

140

140

140

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

адад

8400

2800

2800

2800

6.

Тармиму навсозии майдончаҳои филмбардорӣ

Мутобиқнамоии майдончаҳои наворбардорӣ ба талаботи замони муосир

Барқарорсозии майдончаи наворбардории «Симиганҷ»

ҳазор сомонӣ

675

675

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

7.

Таҷдиду мутобиқсозии павилионҳои филмбардорӣ

Насби таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ

Хариди захираҳои  моддӣ ва декоратсия барои филмҳо

ҳазор сомонӣ

1500

500

500

 

500

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ 

 

 

 

Ҷамъ

ҳазор сомонӣ

9570

3160

3475

2935

 

 

 

 

 

2.        

2.       Дар бахши дурнамо ва  рушди кинематографияи  миллӣ

8.

Баргузории чорабиниҳо вобаста ба тарғиби соҳаи синамо

Ташкил ва қабули синамонигорон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, дар сатҳи баланд ташкил намудани намоиши кино, дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ бо синамонигорони хориҷӣ

Кинофестивали  байналмилалии «Душанбе» ва Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон»

ҳазор сомонӣ

2600

900

900

 

800

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

 

 

 

 

Буҷети давлатӣ

адад

3

1

1

 

1

9.

Табодули таҷриба 

Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар

ҳазор сомонӣ

360

112

120

128

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

адад

3

1

1

1

10.

Табодули таҷриба 

Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон

ҳазор сомонӣ

756

236

250

 

270

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

адад

6

2

2

2

 

 

 

Ҷамъ

ҳазор сомонӣ

3716

1248

1270

1198

 

 

3.       Дар бахши омода намудани ҳайати кадрӣ ва рушди зеҳнии соҳаи кино

11.

Таъмини коргоҳҳои Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»бо кадрҳои баландихтисос

Омода намудани кадрҳо ва мутахассисони касбӣ  барои рушди соҳа тариқи бурсияҳо   дар  муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи синамои  кишварҳои хориҷӣ

Таъмини мутахассисони касбӣ ва ҷудо намудани бурсияҳо ҷиҳати омодасозии кадрҳои соҳа, аз ҷумла, филмноманавис, коргардони кино,

наворбардори кино, коргардони овоз, мутахассиси оташбоз, пардозгар, продюсер, танзимгар, садобардор, равшандиҳанда, рассом-ороишкор, рассоми либос ва  механик   дар хориҷи кишвар

нафар

22

8

6

8

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»

12.

Таъмини муассиса бо кадрҳои соҳибихтисос 

Такмили ихтисоси кормандони ҷавон 

Мактаби синамонигорони ҷавон

ҳазор сомонӣ

643

200

214

 

229

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм», Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»

Маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

курсҳои омӯзишӣ

3

1

1

1

 

 

 

 

 

Ҷамъ

ҳазор сомонӣ

643

200

214

229

 

 

4. Дар бахши таҳкими заминаи моддию техникии соҳа

13.

Таъмини шароити муосири филмбардорӣ бо истифода аз нақлиёти махсуси соҳавӣ

Навсозии  парки нақлиёт ва хариди автомобилҳои махсус

Хариди  воситаҳои нақлиёти  махсуси филмбардорӣ

(Гримваген –Mersedes-Benz)

ҳазор сомонӣ

800

800

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм», вазорату идораҳои дахлдор

Шарикии давлат ва бахши хусусӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст   

адад

1

 

1

 

14.

Беҳтар намудани сифати филмбардорӣ

Таъмини коргоҳи равшанидиҳӣ бо дастгоҳҳои пуриқтидори равшандиҳанда

Таҷҳизоти равшанидиҳӣ

(Aputure LS 300d, 600d, 1200d, Фильтр Tiffen – 03, 06. 09; Arri-1200; DEDO LIGHT 650W; ARRI Sky Panel)

ҳазор сомонӣ

968

388,0

 

580,0

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

адад

24

15

 

9

15.

Ворид намудани технологияи нави танзим

Ҷорӣ намудани усулҳои нави пешрафтаи танзими филм

Таҷҳизоти истеҳсоли кино

(дастгоҳи танзими рақамӣ HP-ZBOX-112; macintosh Core 112)

ҳазор сомонӣ

817

817

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

адад

4

 

4

 

16.

Мустаҳкам намудани заминаи филмбардорӣ, ворид намудани дастгоҳҳои навтарини филмбардорӣ

Мутобиқ намудани сифати филмбардории ватанӣ ба сатҳи филмбардории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон

Таҷҳизот ва дастгоҳ барои наворбардориибосифати  видеоии рақамӣ

(Дастгоҳи наворбардорӣ ARRI ALEX A Mini)

ҳазор сомонӣ

2717

720

400

1597

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

адад

1

1

 

 

17.

Ворид намудани таҷҳизоти сабти садои муосир

Ноил гардидан ба сифати баланди сабти овози зиндаи ҳунармандон ва садои пасипардагӣ

Таҷҳизоти сабти садо

(Recorder Scorpio 12K; EDIRОL S-8; микрофон  Sennheiser; MK-461; МK-60$ BOOM)

ҳазор сомонӣ

400

400

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

адад

10

10

 

 

18.

Муосир ва муносиб гардонидани сатҳи хизматрасониҳо

Муҳайё намудани шароити мусоид ва ҷалб намудани тамошобинон ба намоиши кино

Хариди таҷҳизот барои кинотеатр-ҳои «Зебуниссо» ва «Орленок» (ш.Душанбе), «Шоҳин» (н.Восеъ)

(таҷҳизоти садобардорӣ, проекторҳо,

ҳазор сомонӣ

2100

800

800

500

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

Маҷмуи таҷҳизот

3

1

1

1

 

 

 

роҳаткурсӣ, қандилҳои барқӣ ва пардаҳо)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷамъ

ҳазор сомонӣ

7802

2308

2817

 

2677

 

 

5.       Дар бахши азнавсозӣ ва таҷҳизонидани павилионҳо ва кинотеатрҳо

19.

Беҳтар намудани шароити меҳнат

Ба талаботи имрӯза мувофиқ намудани таҷҳизоти ҷойдошта

Азнавсозии  инфрасохтори мавҷуда (таъмири ҷорӣ)

ҳазор сомонӣ

1500

500

500

 

500

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»,

вазорату идораҳои дахлдор

Шарикии

давлат ва бахши хусусӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст 

адад

3

1

1

1

20.

Ба санъати меъмории замонавӣ мувофиқгар-донии намои берунаи биноҳо ва иншоот

Фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани миқдори кинотеатрҳо

Таъмир ва барқарорсозии кинотеатрҳои «Зебуниссо» ва «Орленок» (ш.Душанбе), «Шоҳин» (н.Восеъ)

ҳазор сомонӣ

3000

1000

1000

 

1000

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Буҷети давлатӣ

адад

3

1

1

1

21.

Беҳтар намудани ҳолати истифодабарии нақлиёт

Истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда 

 

Таъмири воситаҳои нақлиёти соҳавӣ

ҳазор сомонӣ

240

80

80

80

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

адад

24

8

8

8

 

 

Ҷамъ

ҳазор сомонӣ

4740

1580

1580

1580

 

6.                      

6. Самтҳои дигари соҳа

22.

Азнавбарқарор-кунии филмҳо

 

Нигаҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳо

ҳазор сомонӣ

600

200

200

200

Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм», вазорату идораҳои дахлдор

Шарикии

давлат ва бахши хусусӣ,  дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст 

адад

120

40

40

40

 

 

 

         Ҷамъ

ҳазор сомонӣ

600

200

200

 

200

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Давраи маблағгузорӣ

 

барои

3 сол

2023

2024

 

2025

 

 

 

 

      Ҳамагӣ 

ҳазор сомонӣ

27071

8696

9556

 

8819

 

 

 

 

    аз ҷумла:

 

 

 

 

 

 

 

 

Буҷети давлатӣ

ҳазор сомонӣ

21000

7000

7000

 

7000

 

 

 

 

Шарикии давлат ва бахши хусусӣ,  дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст

ҳазор сомонӣ

2900

700

1500

 

700

 

 

 

 

Маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

ҳазор сомонӣ

3171

996

1056

  1119

 



Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 29 ноября 2022 года, №580

Программа развития кино Республики Таджикистан на 2023-2027 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа развития кино Республики Таджикистан на 2023-2027 годы (далее - Программа) определяет организационные, хозяйственные, социально-экономические основы, механизмы, задачи и приоритетные направления развития сферы кино.

2. Программа разработана в соответствии с Национальной стратегией развития Республики Таджикистан на период до 2030 года.

3. Правительство Республики Таджикистан придаёт особое значение развитию отрасли и оказывает всестороннюю поддержку отечественному кинематографу.

4. Программа предусматривает повышение качества производства и показа фильмов, укрепление материально-технической базы, создание и восстановление инфраструктуры отрасли, подготовку высокопрофессиональных кадров внутри страны и за ее пределами на следующие пять лет.

5. Кино как институт, пропагандирующий государственную политику, отражает тенденции идейно-культурного развития общества и играет важную роль в формировании национального самосознания.

6. Таджикское кино в настоящее время нуждается в создании современных фильмов, конкурентоспособных на аудиовизуальном рынке, в которых нашли бы объективное отражение мировые и национальные культурные ценности, показывающие на экране актуальные проблемы жизни общества и пропагандирующие на международной арене высокую нравственность и добрые традиции таджикского народа.

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕГО СОСТОЯНИЯ ТАДЖИКСКОГО КИНО

7. Для развития и улучшения системы управления, контроля и осуществления государственной политики в области кино постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2017 года, №598 на базе киностудии "Таджикфильм" и Государственного унитарного предприятия кино и видео "Таджиккино" было создано Государственное учреждение "Точикфилм" (далееУчреждение) как отдельная структура.

8. Учреждение, как культурная структура Правительства Республики Таджикистан осуществляет свою деятельность в соответствии с уставом и реализует государственную политику в области кино.

9. По состоянию на 1 января 2022 года на балансе Учреждения находятся 29 кинотеатров на 6618 посадочных мест и 13 кинопроекторов. В Горно-Бадахшанской автономной области и Согдийской области нет кинотеатров, что вызывает озабоченность.

10. За счет средств, предусмотренных Программой развития кино Республики Таджикистан на 2018-2022 годы, Учреждение осуществило производство и выставило на показ зрителям 56 новых фильмов, в том числе 14 художественных, 26 документальных, 11 художественных короткометражных фильмов и 5 анимационных фильмов. Также в этот период были переведены и дублированы 11 фильмов различного жанра.

11. Отрасль таджикского кино в настоящее время нуждается в особом внимании. В нынешних условиях любители кино нуждаются в просмотре фильмов, снятых с применением современной (инновационной) технике и технологии.

12. Эра новой техники и технологий, интернета и социальных сетей стали преградой для массового распространения и показа фильмов в кинотеатрах. В настоящее время более 70 процентов населения страны, проживающих в сельской местности, не имеют доступа к кинозалам (кинотеатрам).

13. По состоянию на 1 января 2022 года в таджикском кинофонде содержатся 1416 экземпляров различных фильмов, часть из которых внесена в золотой фонд Учреждения, однако условия их хранения не соответствуют предусмотренным нормативам.

14. Учреждение в настоящее время осуществляет контроль за деятельностью кинозалов и видеопоказывающих пунктов, продажи и аренды, а также записей аудиовизуальной продукции и компьютерных игр, и ввиду нехватки необходимых средств не в состоянии в полной мере выполнить свои уставные обязанности, то есть распространение и показы национальных фильмов, ремонт зданий кинотеатров и приобретение специальных оборудований.

15. Кинотеатры "Орлёнок" и "Зебуниссо" города Душанбе, 14 кинотеатров в городах и районах Хатлонской области, кинотеатр "30летия Независимоти" Матчинского района, кинотеатры районов Раштского региона, находящиеся на балансе Учреждения, пришли в негодность и нуждаются в реконструкции и капитальном ремонте.

16. За последние годы таджикская киноиндустрия перешла на новый уровень развития, улучшилось производство, смысл и содержание фильмов. В частности, такие картины, как "Провинциальные мечтатели", "Дорога", "Водный мальчик", "Фортуна", "Кислое молоко", "Судьба", "С высоты полета" и "Младший брат ангелов" были удостоены различных наград на международных кинофестивалях.

17. С целью восстановления и расширения кинематографических связей, развития сотрудничества между таджикскими и зарубежными кинематографистами, в городе Душанбе планируется один раз в два года проводить международный кинофестиваль "Душанбе" и в целях поддержки молодежи и признания настоящего искусства проводить Национальную кинопремию "Тоджи Сомон", а также провести Дни зарубежного кино в Таджикистане и Дни таджикского кино за рубежом, что способствует обмену опытом, изучению, представлению отечественных фильмов любителям кино, представлению высочайшего национального искусства кинематографии зарубежному зрителю и пропаганде мировому обществу достижений таджикского народа в период независимости.

3. ПОДГОТОВКА КАДРОВ И ПОВЫШЕНИЕ КВАЛИФИКАЦИИ СПЕЦИАЛИСТОВ

18. В Учреждении работают 312 работников. Структура Государственного учреждения "Точикфилм" состоит из аппарата управления, 2 главных управлений, 5 управлений, также в структуру Государственного учреждения "Точикфилм" входят управления ГорноБадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей и региональный отдел в Раштской долине.

19. Учреждение нуждается в профессиональных специалистах, таких как сценаристы, кинорежиссеры, кинооператоры, звукорежиссёры, пиротехники, гримёры, продюсеры, монтажеры, звукооператоры, осветители, художники-декораторы, художники по костюмам и механики.

20. Подготовка кадров внутри страны и за её пределами и повышение квалификации работников является одним из основных направлений настоящей Программы, что способствует большему привлечению в киносъемочную деятельность профессиональных специалистов отрасли.

21. В случае реализации Программы предусматривается в течение 2023-2027 годов подготовить специалистов в зарубежных учреждениях высшего профессионального образования, в том числе Государственном институте кинематографии имени С.А.Герасимова (г.Москва), филиале ВГИК в городе Ташкент, Санкт-Петербургском государственном институте кино и телевидения.

22. Государственное образовательное учреждение "Таджикский государственный институт культуры и искусств имени Мирзо Турсунзаде" является единственным отраслевым учреждением внутри страны, занимающимся подготовкой кинематографических кадров. В настоящее время в его отделе режиссуры художественных фильмов охвачены обучением 20 студентов.

23. Подготовка молодых высокопрофессиональных кадров внутри страны и за ее пределами является основой продвижения и развития отрасли кинематографии в период независимости.

24. Наряду с подготовкой высококвалифицированных кадров в настоящей Программе также предусматривается повышение квалификации сотрудников и специалистов отрасли за рубежом.

4. ОСНОВНЫЕ ПРОБЛЕМЫ В СФЕРЕ КИНО

25. В сфере кино существуют следующие проблемы:

- слабая материально-техническая база, в том числе нехватка современной техники и технологии;

- нехватка финансовых средств для развития отрасли;

- несоответствие современным требованиям инфраструктуры кинематографии, в том числе отсутствие кинозалов в городах и районах;

- несоответствие международным стандартам производства фильмов;

- нехватка высококвалифицированных кадров;

- отсутствие необходимых условий для распространения и массового показа отечественных фильмов;

- отсутствие необходимых условий для хранения и реставрации фильмов;

- несоответствие требованиям нормативной правовой базы для предотвращения контрабанды аудиовизуальных материалов.

26. В рамках реализации настоящей Программы будет уделено особое внимание поискам путей устранения существующих проблем.

5. ОСНОВНЫЕ ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ ПРОГРАММЫ

27. Основной целью Программы является, прежде всего, создание благоприятных условий для эффективной деятельности и последовательного развития отечественного кино и на этой основе пропаганда национальных и международных культурных ценностей среди всех слоёв общества.

28. Реализация Программы в Учреждении урегулирует систему управления и привлечения специалистов, улучшит содержание и сущность киноиндустрии, будет налажено создание и обновление инфраструктуры отрасли кино, а также распространение и массовый показ фильмов и создаёт благоприятные условия для производства национальных высокоидейных и конкурентоспособных фильмов на рынке кино.

29. Для достижения основных целей Программы Учреждением будут приняты следующие меры:

- улучшение материально-технической базы кинематографии;

- создание условий для привлечения внутренних и иностранных инвестиций;

- внедрение современных технологий;

- перестройка и усовершенствование творческой деятельности с учётом современных требований мирового кино;

- увеличение производства художественных, историкопатриотических, хроникальных, документальных, короткометражных и анимационных фильмов, соответствующих международному уровню;

- подготовка молодых специалистов внутри страны и за её пределами;

- организация и проведение республиканских и международных кинематографических фестивалей, дней кино зарубежных стран в Республике Таджикистан и дней кино Таджикистана в зарубежных странах;

- тиражирование, распространение и показ национальных фильмов, доступ кинематографических произведений для населения;

- усовершенствование съёмочной площадки в местности "Симигандж" в Ромитском ущелье для съёмок фильмов, создание специальных съёмочных площадок, восстановление цехов декоративного строительства;

- укрепление сотрудничества с кинематографическими предприятиями зарубежных стран, изучение и обмен опытом в сфере современного кинопроизводства и создание фильмов совместного производства;

- создание соответствующих условий для соблюдения правил хранения фильмов, исходных материалов национальных фильмов, кинолетописей в архивном фонде Учреждения.

6. ОСНОВНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ, МЕХАНИЗМЫ И ПЕРИОДЫ РЕАЛИЗАЦИИ ПРОГРАММЫ

30. Основными направлениями реализации Программы являются:

- укрепление нормативной правовой и материально-технической базы сферы;

- производство высокосодержательных национально-патриотических и исторических фильмов из жизни героев таджикского народа;

- приведение производства фильмов в соответствие с международным уровнем;

- воспитание и подготовка кадров в сфере кино за рубежом;

- ремонт и реконструкция существующей инфраструктуры сферы кино;

- укрепление сотрудничества с зарубежными кинематографистами и производство совместных фильмов.

31. Механизмы реализации Программы, следующие:

- финансирование за счёт государственного бюджета;

- сотрудничество с государственными, общественными и международными организациями и ведомствами;

- привлечение внебюджетных средств.

32. Для обеспечения устойчивого развития сферы отечественного кино и реализации государственной политики в области кино Программа реализуется в три этапа. Первый этап охватывает 2023-2025 годы, второй этап 2026 год и третий этап 2027 год, в которых будет осуществляться производство фильмов разного жанра, перевод и дублирование фильмов на государственный язык, проведение кинематографических мероприятий, обучение и подготовка кадров внутри страны и за рубежом, улучшение качества кинопроизводства, приобретение современной техники и оборудования сферы кино, ремонт и реконструкция кинотеатров, восстановление съёмочных площадок и расширение международного сотрудничества.

7. ОЖИДАЕМЫЕ РЕЗУЛЬТАТЫ ПРОГРАММЫ

33. Программа будет осуществляться поэтапно и ожидается, что в результате её своевременной и плодотворной реализации будут устранены ряд проблем отрасли, будут созданы благоприятные условия для развития таджикского кино. В результате реализации данной Программы:

- создаётся эффективная система управления в области кинематографии (для создания содержательных фильмов и их демонстрации в кинотеатрах, отвечающих современным требованиям);

- укрепится материально-техническая база и улучшится положение подведомственных структур Учреждения;

- осуществится строительство, реконструкция и модернизация инфраструктуры отрасли, в том числе современных кинотеатров на территории республики;

- будут производиться высокоидейные национальные фильмы, конкурентоспособные на кинорынках;

- повысится профессиональный уровень сотрудников отрасли и будут привлечены профессиональные специалисты;

- улучшится творческая и инвестиционная деятельность в области кино;

- улучшится доступ общественности к высококачественным фильмам отечественного производства;

- улучшится финансирование отрасли и привлечение внутренних и иностранных инвестиций для её развития;

- состояние хранения фильмов в архивном фонде Учреждения приводится в соответствие с современными требованиями;

- увеличится число молодых и высококвалифицированных специалистов отрасли;

- будут созданы благоприятные условия для подготовки и повышения квалификации кадров отрасли внутри и за рубежом страны, а также будут созданы хорошие условия труда для специалистов отрасли.

34. В результате реализации Программы будут созданы 11 художественных, 20 документальных, 10 короткометражных художественных фильмов, 10 анимационных, 10 короткометражных фильмов школы молодых кинематографистов, а также будут переведены и дублированы 50 фильмов.

8. ФИНАНСИРОВАНИЕ ПРОГРАММЫ

35. Программа реализуется за счет средств, предусмотренных в государственном бюджете, средств Учреждения, а также привлечения грантовых средств и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

36. Основными источниками финансирования Программы являются:

- средства государственного бюджета - 35 млн сомони;

- государственно-частное партнерство, другие источники, не запрещенные законодательством Республики Таджикистан, - 5 млн 200 тыс. сомони;

- специальные средства Учреждения - 5 млн 618 тыс. сомони;

- общая сумма за пять лет за счет всех источников- 45 млн 818 тыс. сомони.

9. МОНИТОРИНГ И ОЦЕНКА ПРОЦЕССА РЕАЛИЗАЦИИ ПРОГРАММЫ

37. Система мониторинга и оценка является важным элементом реализации Программы и будет проводиться на основании требований постановления Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2018 года, №615 "О Правилах проведения мониторинга и оценки реализации стратегических документов национального уровня, отраслевых и региональных программ развития в Республике Таджикистан" и определит реальное выполнение работ, существующие проблемы и достигнутые результаты.

38. Мониторинг и оценка отраслевых программ проводится по средствам индикатора потраченных ресурсов, индикатора продуктивности и индикатора окончательных результатов.

39. Итоговый мониторинг проводится по индикаторам, посредством которого определяются до какой степени достигнута цель (проводится один раз в конце года), для его проведения составляется электронная таблица в формате Exsel и после мониторинга составленная подробная информация предоставляется соответствующим органам.

10. ЗАКЛЮЧЕНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

40. Основным исполнителем Программы является Учреждение.

41. Программа реализуется Учреждением совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов.

Приложение 2 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «29» ноября 2022 года, №580


План действий Программы развития кино Республики Таджикистан на 2023-2027 годы первого этапа (2023-2025 годы)

 Приложение