Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2022, №579
Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати рушд ва беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Барнома дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мавқеи хоса дошта, дар миқёси ҷаҳон аз се ду ҳиссаи гӯшту шир аз ҳисоби алафи табиии чарогоҳҳо истеҳсол карда мешаванд.
3. Тайи солҳои охир қисми зиёди чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ба таназзул ва фарсоиши шадид дучор шудаанд. Махсусан чарогоҳҳои ба минтақаҳои аҳолинишин наздик айни замон дар чунин ҳолат қарор дошта, баъзеи ин мавзеъҳо ба биёбон мубаддал гаштаанд. Пешгирӣ накардани ин вазъияти ногувор метавонад ба оқибатҳои эҳтимолии бебозгашту хавфнок оварда расонад.
4. Масъалаи дигар дар соҳаи чорводорӣ ин бунёди заминаи устувори хӯрокворӣ мебошад. Аз ин рӯ, беҳтаргардонии сифат, ҳосилнокӣ, истифодаи бонизому оқилона ва дурусти чарогоҳҳо дар пешрафти соҳа яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
5. Бо зиёд гардидани шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ талабот ба гӯшт, шир ва маҳсулоти гӯштию ширӣ сол то сол афзун гардида истодааст. Бо ин мақсад барои баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти соҳаи чорводорӣ зарурати таҳияи Барнома ба миён омадааст.
2. ВАЗЪИ ЧАРОГОҲҲОИ ҶУМҲУРӢ ДАР МАРҲИЛАИ ҲОЗИРА
6. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз 4,7 миллион гектар заминҳои кишоварзӣ 3,8 миллион гектар ё 83 фоизро заминҳои чарогоҳ ташкил медиҳанд. Чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ манбаи асосии таъмини хӯроки зотҳои гӯштии чорвои калони шохдор, қутос, гӯсфанду буз ва асп буда, зиёда аз 60-70 фоизи талаботи солонаи онҳоро таъмин менамояд. Аз 3830626 гектар қитъаи замини чарогоҳҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, аз он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 733 945 гектар, дар вилояти Суғд 782 541 гектар, дар вилояти Хатлон 1 223 372 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 087 768 гектар мавҷуд мебошанд. Аз миқдори умумии чарогоҳҳо 778 262 гектар чарогоҳҳои зимистона, 2 057305 гектар чарогоҳҳои тобистона, 710206 гектар чарогоҳҳои баҳорию тирамоҳӣ ва 284853 гектарро чарогоҳҳои дар тамоми сол истифодашаванда ташкил медиҳанд.
7. Дар шароити ҳозира ҳосилнокии алафи чарогоҳҳои баҳорӣ ва тирамоҳию зимистона кам гардида, ҳамагӣ 1,5-2,0 сентнериро ташкил медиҳад. Бо сабаби норасоии алафи чарогоҳҳо дар давраи зимистон 10 -15 то 25 фоиз вазни зиндаи чорвои майда талаф меёбад.
8. Тибқи маълумоти оморӣ саршумори чорвои калон 53 фоиз, асп 49 фоиз ва моли майда 50 фоиз нисбати соли 1991 зиёд гардида, то ҳол тамоюли зиёдшавии саршумор ба назар мерасад.
9. Дар баробари ин, дар аксарияти чарогоҳҳои ҷумҳурӣ иншооти обтаъминкунанда корношоям гардидаанд. Инчунин бо сабаби мавҷуд набудани роҳҳо, пули чорвогузар, норасоии об ва мавзеъҳои дамгирии чорво қариб як миллион гектар чарогоҳҳо қисман истифода шуда, баъзе мавзеъҳо умуман аз истифода берун мондаанд. Дар натиҷаи боронҳои сел, жола, сӯхтор ва дигар омилҳои табиию антропогенӣ ҳазорҳо гектар чарогоҳҳо ҳамасола ба таназзул ва фарсоиш дучор мегарданд.
10. Бо усулҳои куллӣ ва сатҳӣ беҳтар намудани чарогоҳҳо боиси то 20-30 фоиз баланд гардидани ҳосилнокии алафзор, зиёд гардидани ғунҷоиши чорвои шартӣ ба ҳар як гектар, инчунин кам гардидани масоҳати қитъаи замини чарогоҳҳои таназзулёфта мегардад.
11.Бо роҳи кишт намудани алафҳои серҳосили чарогоҳӣ, аз қабили саксавули сиёҳ, чогон, кейрук, явшон, сафлори бехор, эспарсети сурх дар моҳҳои ноябр-феврал ҳолати чарогоҳҳои тирамоҳию зимистона ва баҳориро бо усули коркарди куллӣ беҳтар намудан мумкин аст.
12. Мувофиқи дастурамал беҳтаркунии сатҳӣ дар моҳҳои мартапрел гузаронида мешавад. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 12-20 сентнер ҳосили иловагии чарогоҳҳо ва мутобиқан 5,0-9,0 сентнер воҳиди хӯрокӣ гирифта шавад.
13. Аз ҳисоби барномаҳои қабулгардида дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ солҳои 2009-2022 3265 гектар чарогоҳҳо бо усулҳои куллӣ ва сатҳӣ беҳтар карда шуда, 9 пули чорвогузар ва 40 километр роҳҳои чорвогузар таъмир гардидааст.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
14. Мақсади асосии Барнома ин афзун гардонидани захираи алафҳои табиии чарогоҳ бо истифода аз технологияҳои муосир тавассути кишт намудани тухми алафҳои табиӣ, ғизодиҳӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба қадри 15-20 сентнер ба ҳисоб меравад.
15. Вазифаҳои Барномаро зиёд намудани саршумори чорво, истеҳсоли гӯшту шир ва пашму пӯсти баландсифат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии аз ҷиҳати экологӣ тоза, соҳаи саноат бо ашёи хом, ташкили ҷойҳои кории нав ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳотҷойҳо ташкил медиҳад.
4. НИШОНДИҲАНДАҲО ВА НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА
16. Нишондиҳандаҳои Барнома:
- таъсиси комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;
- интихоб ва омода намудани замин барои кишти тухми алафҳои табиӣ;
- бо усулҳои коркарди куллӣ ва сатҳӣ беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо ва аз фарсоиш эмин нигоҳ доштани онҳо;
- ҷалби бештари аҳолии деҳотҷойҳо барои самаранок истифодабарии чарогоҳҳо;
- таъсиси ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ дар сатҳи шаҳрак ва деҳот;
- таъмири роҳҳо ва бунёди кӯпрукҳои чорвогузар;
- сохтмон ва таъмири асосии иншооти безараргардонии суми чорво;
- гузаронидани барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) чарогоҳҳо;
- гузаронидани тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо;
- муҳофизат намудани майдони чарогоҳҳои киштшуда;
- таҳия ва тасдиқи лоиҳаи нави масири роҳҳои чорвогузар, майдончаҳои дамгирии чорво ва тақсимоти чарогоҳҳои мавсимӣ;
- воридот ва истеҳсоли тухми алафҳои табиии чарогоҳӣ;
- ҷоннок намудани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба беҳтар гардонидани ҳолати чарогоҳҳо ва ташкили қитъаҳои намоишӣ ва истеҳсоли тухми алафҳои табиии чарогоҳӣ:
- андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ ва бахши хусусӣ бо тухми алафҳои табиӣ;
- таъмири биноҳои Муассисаи давлатии "Трести чарогоҳу мелиоративӣ" ва филиалҳои он;
- гузаронидани вохӯриҳо, баланд бардоштани маърифати истифодабарандагони чарогоҳ ва беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;
- хариди воситаҳои нақлиёт ва техникаи махсус ба Муассисаи давлатии "Трести чарогоҳу мелиоративӣ";
- омӯзиши қонунгузорӣ дар соҳаи чарогоҳ, ташкили сафари гурӯҳи кории мутахассисон ба хориҷи кишвар;
- ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои рушди соҳа ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ;
- харидорӣ ва дастрас намудани нуриҳои минералӣ ва органикӣ;
- дастгирии асосҳои ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Трести чарогоҳу мелиоративӣ", баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандон ва гузаронидани семинарҳо барои мутахассисон бо истифода аз технологияи GIS.
17. Натиҷаҳои чашмдошти Барнома:
- истифодабарии чарогоҳҳо ба танзим дароварда мешавад;
- ҳолати чарогоҳҳо ва ҳосилнокии онҳо беҳтар гардонида мешавад;
- инфрасохтори чарогоҳҳо барқарор гардида, аз руйи таъинот истифода бурда мешавад;
- ба чорводорон тухми алафҳои табиӣ дастрас мегардад;
- Муассисаи давлатии "Трести чарогоҳу мелиоративӣ" бо воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои махсус таъмин мегардад;
- харитаи роҳҳо ва майдонҳои дамгирии чорво такмил дода мешавад;
- комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳҳо таъсис дода мешавад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи чарогоҳ такмил дода мешавад;
- савияи дониш, қобилияти зеҳнӣ ва сатҳи тахассусии мутахассисони соҳаи чарогоҳ баланд бардошта мешавад.
5. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ ИҶРОИ БАРНОМА
18. Мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
19. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар гузаронидани мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносонро ҷалб намояд.
6. САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
20. Барои амалисозии Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2023-2027 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 3245000 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
21. Барои амалигардонии Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои сармояи ватанию хориҷӣ ва грантҳо 24791800 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
22. Дар натиҷаи амалишавии Барномаи мазкур дар солҳои 2023-2027 дар шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳҳо ва дар сатҳи ҷамоатҳо ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ таъсис ёфта, инчунин миқдори муайяни чарогоҳҳо беҳтар гардонида шуда, ин омил барои баланд гардидани ҳосилнокии алафзори чарогоҳҳо ва ғунҷоиши бештари чорво дар чарогоҳҳо мусоидат менамояд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2022, № 579
Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи рушди соҳаи чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2023-2027
№
р/т
|
Номгӯйи чорабиниҳо
|
Воҳиди ченак
|
Солҳо
|
Масъулин
|
Сарчашмаи маблағгузорӣ
|
2023
|
2024
|
2025
|
|
|
1.
|
Беҳтаркунии чарогоҳҳо
|
ҳазор сомонӣ
|
540,0
|
540,0
|
540,0
|
Вазоратҳои молия ва кишоварзӣ
|
Аз буҷети ҷумҳуриявӣ
|
гектар
|
250
|
250
|
250
|
ҳазор сомонӣ
|
540,0
|
540,0
|
|
Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи
давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
|
Аз ҳисоби сармояи ватанию
хориҷӣ
|
гектар
|
250
|
250
|
-
|
2.
|
Бунёди кӯпрукҳо
|
ҳазор сомонӣ
|
|
85,0
|
85,0
|
Вазоратҳои молия ва кишоварзӣ
|
Аз буҷети ҷумҳуриявӣ
|
адад
|
|
1
|
1
|
ҳазор сомонӣ
|
|
85,0
|
85,0
|
Вазорати
кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи
маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
|
Аз ҳисоби сармояи ватанию
хориҷӣ
|
адад
|
|
1
|
1
|
3.
|
Таъмири роҳҳои
чорвогузар
|
ҳазор сомонӣ
|
65
|
65
|
65
|
Вазоратҳои молия ва кишоварзӣ
|
Аз буҷети ҷумҳуриявӣ
|
км
|
10

4.
|
Сохтмон ва таъмири асосии
иншооти безарараргардонии суми чорво
|
ҳазор сомонӣ
|
20
|
10
|
10
|
Вазоратҳои молия ва кишоварзӣ
|
Аз буҷети ҷумҳуриявӣ
|
адад
|
2

5.
|
Ҷоннок намудани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба беҳтар гардонидани ҳолати
чарогоҳҳо ва ташкили қитъа-ҳои намоишӣ ва истеҳсоли тухми алафҳои табиии
чарогоҳӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
1094,4
|
1094,4
|
|
Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи
давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист,
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи
Ш.Шоҳтемур
|
Аз ҳисоби сармояи ватанию хориҷӣ
|
гектар
|
100
|
100
|
|
6.
|
Гузаронидани вохӯриҳо, баланд бардоштани маъри-фати истифодабарандагони чарогоҳҳо ва фаъол гардонидани комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳҳо
дар шаҳру ноҳияҳо
|
ҳазор сомонӣ
|
85,5
|
85,5
|
85,5
|
Вазорати
кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити
зист, Академияи илмҳои кишоварзии Точикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ
|
Аз ҳисоби сармояи ватанию
хориҷӣ
|
7.
|
Таъмири
биноҳои Муассисаи давлатии «Трести
чарогоҳу мелиоративӣ» ва филиалҳои он
|
ҳазор сомонӣ
|
1026,0
|
1026,0
|
|
Вазорати
кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи
муҳити зист
|
Аз ҳисоби
сармояи ватанию хориҷӣ
|
адад
|
2
|
2
|
|
8.
|
Хариди воситаҳои нақлиёт ва техникаи махсус барои Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»
|
ҳазор сомонӣ
|
4480,2

9.
|
Омӯзиши қонунгузории
соҳаи чарогоҳ, ташкили сафари гурӯҳи
кории мутахассисон ба хориҷи кишвар
|
ҳазор сомонӣ
|
285,0

10.
|
Хариди
таҷҳизоти техникӣ, GPS, мебел
|
ҳазор сомонӣ
|
313,5

11.
|
Гузаронидани
баҳисобгирӣ, тадқиқотҳои геоботаникии чарогоҳҳо, омода ва интихоб намудани харитаи
роҳҳо, майдонҳои дамгирии чорво
ва тақсимоти чарогоҳҳои мавсимӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
1064,0
|
1064,0
|
1064,0
|
Кумитаи
давлатии идораи замин ва геодезӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити
зист, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
|
Аз ҳисоби сармояи ватанию
хориҷӣ
|
12.
|
Таъсиси
комиссияҳои танзи-ми истифодабарии
чарогоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва чамъиятҳои истифодабаран-дагони чарогоҳҳо,
харидории таҷҳизотҳо ба онҳо ва омодасозии нақшаи
идора-кунии чарогоҳ
|
ҳазор сомонӣ
|
4873,5
|
4873,5
|
|
Кумитаи ҳифзи
муҳити зист, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи
амволи давлатӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ
|
Аз ҳисоби сармояи ватанию
хориҷӣ
|
13.
|
Таҳияи лоиҳаҳои
санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳҳо
|
ҳазор сомонӣ
|
34,2

зист, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур
|
Аз ҳисоби
сармояи ватанию хориҷӣ
|
14.
|
Дастгирии асосҳои хуқуқии Муассисаи давлатии «Трести чарогоху мелиоративӣ», баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандон ва гузаронидани семинарҳо барои мутахассисон бо истифода аз технологияҳои GIS
|
ҳазор сомонӣ
|
119,7

15
|
Ҳамагӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
14541
|
10020,8
|
2019,5