Тартиби интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ аз 29 ноябри соли 2022, №564

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 ноябри соли 2022, №564

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 ноябри соли 2022, №564

тасдиқ шудааст

Тартиби интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - Тартиб) тартиби ташкил ва баргузории озмун, талабот ба довталабон ва номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" (минбаъд - Стипендияи Дурахшандагон) ва бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - бурсияҳо)-ро танзим менамояд.

2. Интихоби довталабон ҷиҳати дарёфти Стипендияи Дурахшандагон ва бурсия тариқи озмун, инчунин бо риояи талаботи давлати хориҷӣ ва ё ташкилоти пешниҳодкунандаи бурсия сурат мегирад.

2. ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ДУРАХШАНДАГОН ВА БУРСИЯ

3. Озмун барои дарёфти Стипендияи Дурахшандагон ва бурсияҳо аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

4. Корҳои ташкилӣ вобаста ба баргузории озмун, аз ҷумла эълони баргузории озмун, қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ва ба баррасии Комиссияи ҷумҳуриявӣ омода намудани рӯйхати довталабон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) бо тартиби пешбининамудаи Тартиби мазкур анҷом дода мешавад.

5. Эълони баргузории озмун ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ, радио ва дигар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин ҷой додан дар сомонаҳои расмӣ ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии мақоми ваколатдор ройгон паҳн карда мешавад.

6. Эълони баргузории озмун маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- номи давлат, муассисаи таълимии давлати хориҷӣ;

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" ноября 2022 года, №564

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" ноября 2022 года, №564

Порядок отбора и подготовки специалистов в зарубежных государствах

I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок отбора и подготовки специалистов в зарубежных государствах (далее - Порядок) регулирует порядок организации и проведения конкурса, требования к кандидатам и перечень документов для отбора и подготовки специалистов в зарубежных государствах посредством Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" (далее - Стипендия Дурахшандагон) и квот иностранных государств (далее - квоты).

2. Отбор кандидатов для получения Стипендии Дурахшандагон и квоты осуществляется посредством конкурса, а также при соблюдении требований зарубежного государства или организации, представляющей квоту.

2. КОНКУРС НА ПОЛУЧЕНИЕ СТИПЕНДИИ ДУРАХШАНДАГОН И КВОТЫ

3. Конкурс на получение Стипендии Дурахшандагон и квоты организуется и проводится Республиканской комиссией.

4. Организационные работы по проведению конкурса, в том числе объявление о проведении конкурса, приём документов кандидатов и представление списка кандидатов на рассмотрение Республиканской комиссии осуществляется со стороны Министерства образования и науки Республики Таджикистан (далее - уполномоченный орган) в порядке, предусмотренном настоящим Порядком.

5. Объявление о проведении конкурса распространяется безвозмездно посредством телевизионных каналов, радио и других республиканских и местных средств массовой информации, а также путем размещения на официальных сайтах и страницах социальных сетей уполномоченного органа.

6. Объявление о проведении конкурса содержит следующую информацию:

- название государства, образовательного учреждения зарубежного государства;

...