Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2022, №563
тасдиқ шудааст
Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд
1 .МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд (минбаъд - Тартиб), раванди баргардонидани маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ харҷ шудаанд, ба танзим медарорад.
2. Тартиби мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳсил ва коромӯзии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағ харҷ шудааст, татбиқ мегардад.
2. МУҲЛАТИ ФАЪОЛИЯТИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ БАРОИ ТАҲСИЛ ВА КОРОМӯЗИИ ОНҲО МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ХАРҶ ШУДААНД
4. Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм кардаанд, уҳдадоранд, ки дар асоси қарордод (шартнома)-и тарафҳо ва роҳхат се сол аз рӯйи ихтисос дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолият намоянд.
5. Шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ муассисаҳои таълимиро дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ хатм намудаанд, уҳдадоранд панҷ сол дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, ки дар асоси қарордод (шартнома)-и тарафҳо ва роҳхат фиристода мешаванд, фаъолият намоянд.
6. Шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар муассиса ва ташкилотҳои дахлдори хориҷӣ коромӯзӣ гузаштаанд, уҳдадоранд пас аз гузаштани коромӯзӣ дар муассиса ва ташкилотҳои давлатие, ки онҳоро барои гузаштани коромӯзӣ пешниҳод намудаанд, тибқи қарордод (шартнома) аз рӯйи ихтисос фаъолият намоянд.
7. Шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимӣ тибқи тақсимоти комиссия ва қарордод (байни донишҷӯ ва муассисаи таълимӣ) барои идомаи таҳсил роҳхат гирифтаанд, баъди анҷоми таҳсил уҳдадоранд, ки тибқи роҳхат се сол аз рӯйи ихтисос фаъолият намоянд.
8. Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм намудаанд, уҳдадоранд дар асоси роҳхат аз рӯйи ихтисос се сол фаъолият намоянд.
3. БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ
9. Дар ҳолати бе сабабҳои узрнок тибқи роҳхат ба ҷойи кори муайяншуда ҳозир нашудани шаҳрванд ва ё саркашӣ намудан аз кор қабл аз ба охир расидани муҳлати ҳатмии кор, инчунин иҷро накардани уҳдадориҳо пас аз гузаштани коромӯзӣ, шаҳрванд уҳдадор аст маблағеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ харҷ шудааст, баргардонад. Мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ уҳдадоранд, ки баргардонидани маблағҳои харҷгардидаро талаб намоянд.
10. Шаҳрвандоне, ки бинобар сабаби вайрон кардани интизом, қарзҳои академӣ, риоя накардани талаботи қонунгузории кишвари иқомат ва сабабҳои дигари ғайриузрнок аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда шудаанд ё аз таҳсил даст кашидаанд, инчунин коромӯзиро то охир нагузаштаанд (ба истиснои ҳолатҳои барқарор намудан дар давоми як соли таҳсил), уҳдадоранд маблағҳои барои тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ харҷшударо дар асоси қарордод (шартнома) баргардонанд.
11. Баргардонидани маблағҳои буҷети давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда бо тариқи зайл сурат мегирад:
- ихтиёран;
- тариқи судӣ.
12. Маблағҳо аз ҷониби мақомот, ташкилотҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба суратҳисоби ягонаи қисми даромади буҷети давлатӣ баргардонида мешаванд.
13. Ҳангоми баргардонидани маблағ ҳаҷми маблағи пардохтшаванда аз ҷониби муассисаи таълимӣ бо дарназардошти маблағҳои буҷетӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як донишҷӯ дар як сол муайян карда мешавад. Ҳангоми муайян намудани маблағи солона сатҳи таваррум тибқи маълумоти расмӣ ба инобат гирифта мешавад.
14. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳо бо сабабҳои узрнок (таъмин нагардидан ба ҷойи кор, ба кори интихобӣ гузаштан, аз даст додани қобилияти пурраи корӣ, маъюбони гурӯҳи 1, 2, ятим), шаҳрвандони дар боло зикргардида бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз баргардонидани маблағҳои буҷети давлатӣ озод карда мешаванд.
15. Дар ҳолати даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ, ба рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак баромадан, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда иҷрои уҳдадорӣ оид ба фаъолияти ҳатмӣ мавқуф гузошта шуда, муҳлати хизмати ҳарбӣ ба муҳлати фаъолияти ҳатмӣ дохил мешавад.
4. УҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТ, ТАШКИЛОТИ ДАВЛАТӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
16. Мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ уҳдадоранд шаҳрвандонеро, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷиро хатм карда, бо роҳхат муроҷиат намудаанд, бо ҷойи кор таъмин намоянд.
17. Мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ уҳдадоранд аз натиҷаи бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷиро хатм карда, бо роҳхат муроҷиат намудаанд, ба мақоми ваколатдор ва Комиссияи ҷумҳуриявӣ маълумот пешниҳод намоянд.
18. Мақомот ва ташкилотҳои давлатие, ки ба мақоми ваколатдор оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ дархост пешниҳод намудаанд, дар мавриди бесабаб бо кор таъмин накардани шаҳрвандон, тамоми хароҷоти вобаста ба таҳсили онҳоро ба буҷети давлат бармегардонанд.
19. Мақомот ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, ки бо муассисаи таълимӣ қарордод дар бораи ба кор қабул намудани шаҳрвандон бастаанд ва уҳдадории худро оид ба таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор тибқи роҳхат иҷро накардаанд, ҳамаи маблағеро, ки давлат барои таҳсили онҳо харҷ намудааст, ба буҷети давлат бармегардонанд.
5. ДОДАНИ ҲУҶҶАТИ НАМУНАИ ДАВЛАТӢ ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТ (ДИПЛОМ)
20. Бе пардохти маблағ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот (диплом) ба шаҳрвандон дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 9 Тартиби мазкур дода намешавад.
21. Дар ҳолати аз ҷониби мақомот, ташкилотҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо кор таъмин накардани шаҳрванде, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудааст, шаҳрванд аз баргардонидани маблағ ба буҷет озод гардида, муассисаи таълимӣ ба шаҳрванд ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот (диплом)-ро медиҳад.
22. Муассисаҳои таълимие, ки имкони тариқи роҳхат бо кор таъмин кардани шаҳрвандонро надоранд, уҳдадоранд, ки онҳоро бо ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот (диплом) таъмин намоянд.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
23. Мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, муассисаи таълимӣ ва шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳои хориҷӣ таҳсил намудаанд, барои риоя накардани Тартиби мазкур тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.