×

Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №562

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 ноябри соли 2022, №562

тасдиқ шудааст

Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаьд - Стандарти мазкур) ҳуҷҷате мебошад, ки маҷмуи талаботро дар самти таҳсилоти олии касбӣ муқаррар менамояд.

2. Дар Стандарти мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- барномаи таҳсилотӣ - маҷмуи ҳуҷҷатҳоест, ки тибқи талаботи Стандарти мазкур мазмуну мундариҷаи таҳсилотро аз рӯйи самт (ихтисос)- и зинаи алоҳидаи таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд;

- барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) - мақсад, вазифа, натиҷаҳои банақшагирифташуда, мундариҷа ва ташкили раванди таълимро аз рӯйи самт (ихтисос)-и зинаи алоҳидаи таҳсилоти олии касбӣ муайян намуда, аз ҷониби муассисаи таълимӣ тавассути машғулиятҳои аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ бо риояи талаботи Стандарти мазкур амалӣ мегардад;

- бахш - қисми барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) буда, вобаста ба самт (ихтисос)-ҳо модул, фан ва дигар машғулиятҳоро фаро мегирад;

- буҷети вақт - тақсимоти фонди вақти донишҷӯро дар самтҳои истифодаи он ифода намуда, сарфи вақтро барои иҷрои намудҳои гуногуни фаъолияти таълимӣ муайян менамояд;

- гурӯҳи академӣ - гурӯҳи донишҷӯёне мебошад, ки бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти таълимӣ аз 25 то 30 нафарро дар бар мегирад. Ҳадди ақалли гурӯҳҳои академӣ вобаста ба интихоби фанҳои интихобӣ ва ҳаракати академии донишҷӯён на камтар аз 8 нафарро ташкил медиҳад:

- дараҷаи академӣ - дараҷаест, ки хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пас аз пурра аз худ намудани барномаи таълимии зинаи муайяни таҳсилот ба он ноил мегардад;

- замимаи ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (минбаъд замима) - қисми ҷудонашавандаи ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (диплом) буда, маълумотро дар бораи дараҷаи академӣ, ихтисос, номгӯйи фанҳо бо баҳои ниҳоӣ ва ҳаҷми кредитҳои бадастомада, холи миёнаи умумӣ (GРА), натиҷаҳои корҳои курсӣ, таҷрибаомӯзиҳо, натиҷаи имтиҳонҳои давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ, мавзуъ ва натиҷаи дифои кори тахассусии хатмро дар бар мегирад;

- ихтисос - маҷмуи дониш ва маҳорату малака, ки бо роҳи омӯзиши ҳадафнок ва таҷрибаи корӣ ҳосил шуда, барои навъи муайяни фаъолият зарур мебошад ва бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ дар бораи таҳсилот тасдиқ карда мешавад;

- кредит - меъёри ягонаи арзёбии ҳаҷми сарбории донишҷӯ ва омӯзгор мебошад;

- модул - қисми барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) буда, дар он маҷмуи фанҳо ва курсҳое омӯхта мешаванд, ки он ба ташаккули як ё якчанд салоҳияти ба ҳам монанд равона карда мешавад;

- муҳлати меъёрии таҳсил - давраи муқарраргардидаи азхудкунии барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) тибқи Стандарти мазкур аз ҷониби хатмкунанда мебошад, ки дар асоси дарёфти таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба роҳ монда мешавад;

- натиҷаҳои таълим - маҷмуи дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавие, ки таълимгирандагон дар давоми таҳсил дар муассисаи таълимӣ соҳиб мегарданд;

- ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (минбаъд диплом) - тибқи тартиби муайяннамуда аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба хатмкунанда бо мақсади тасдиқ намудани ҳолати пурра азхудкунии барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ҷиҳати идомаи таҳсил, пешбурди фаъолияти касбӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и интихобкарда дода мешавад;

- озодии академӣ - озодии баёни мазмуни таълим аз рӯйи салоҳдиди худ дар доираи барномаҳои таълимӣ, интихоби мавзуъ барои таҳқиқоти илмӣ ва ҳалли он бо методҳои худ, иичунин озодии донишҷуён дар гирифтани дониш вобаста ба майли худ дар доираи барномаҳои таълимӣ;

- стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ - маҷмуи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилоти олии касбӣ, моҳияту муҳлати таълим ва усулҳои ташхиси сифати таҳсилоти олиро бо дарназардошти дастовардҳои умумибашарӣ муайян мекунад;

- таҳсилоти олии касбӣ - дараҷаи таҳсилотест, ки шахс ба он дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар натиҷаи раванди мунтазам, бо низом ва мақсадноки фарогирии мазмуни таълим, ки он ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ асос ёфта, бо гирифтани тахассуси муайян аз рӯйи ҷамъбасти аттестатсияи ниҳоии давлатӣ ба анҷом мерасад, соҳиб мегардад;

- таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад;

- триместр - семестри иловагии таълими назариявӣ барои баланд намудани холи миёнаи умумӣ ва бартараф намудани қарзҳои академӣ муайян карда мешавад.

3. Стандарти мазкур ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ, нисбат ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ки аз рӯйи самтҳои таълим аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва ё барои ба он соҳиб шудан довталаб мебошанд, татбиқ мегардад.

4. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ доранд ва ё барои ба он соҳиб шудан довталаб мебошанд, уҳдадоранд, ки дар раванди таҳияи барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) талаботи Стандарти мазкурро риоя намоянд.

5. Барои таҳия ва мавриди истифода қарор додани барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) танҳо муассисаҳои таълимие ҳуқуқ доранд, ки ба банди 4 Стандарти мазкур мувофиқ мебошанд.

6. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро муайян месозад:

- сохтори таҳсилоти олии касбӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ;

- талаботи умумӣ ва шароити татбиқ намудани онҳоро нисбат ба барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос);

- меъёрҳои умумӣ ва ҳаҷми сарбории таълимии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёрии марбут ба таҳсилот;

- озодии академии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доир ба мазмуну муҳтавои таҳсилоти олии касбӣ;

- талаботи умумӣ нисбат ба номгӯйи самт (ихтисос)-ҳои таҳсилоти олии касбӣ;

- тартиби таҳия ва тасдиқи ҳадди ақалли хатмии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таҳсилогӣ аз рӯйи самт (ихтисос), дараҷаи тайёр намудани хатмкунандагонро аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои таҳсилоти олии касбӣ;

- муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи барномаҳои таҳсилотӣ вобаста ба самт (ихтисос).

2. СОХТОРИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ҲУҶҶАТҲО ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

7. Сохтори таҳсилоти олии касбиро маҷмуи барномаҳое ташкил медиҳанд, ки зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ (бакалавриат, мутахассис ва магистратура)-ро ифода мекунанд.

8. Дараҷаи якуми таҳсилоти олии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи барномаи таҳсилотӣ аз руйи самт (ихтисос) ба роҳ монда шуда, омодагии хатмкунандаи дорои дараҷаи академии "бакалавр" ва "мутахассис"-ро таъмин менамояд.

9. Нақшаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти олии касбии бакалавриат ва мутахассис бахши фанҳои заминавии дорои хусусиятҳои умумимиллӣ, бахшҳои фанҳои тахассусӣ, интихобӣ, таҷрибаомӯзиҳо ва аттестатсияи хатмро, ки дорои аҳамияти касбӣ мебошанд, дар бар мегирад.

10. Муҳлати таҳсил дар зинаҳои бакалавриат ва мутахассис барои ихтисосҳои алоҳида мувофиқан дар ҳаҷми на камтар аз чор ва панҷ соли таҳсил ва барои ихтисосҳои хамгиро дар ҳаҷми на камтар аз панҷ соли таҳсил муқаррар карда мешавад. Муҳлати таҳсил барои ихтисосҳои соҳаи тиб дар хаҷми на камтар аз панҷ соли таҳсил муқаррар карда мешавад. Бакалавриат ва мутахассис дар шакли таҳсили рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ тайёр карда мешавад.

11. Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) баъд аз гузаштани хатмкунанда аз аттестатсияи хатм ва ба ӯ додани дараҷаи академии "бакалавр" ва "мутахассис" бо супурдани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (диплом) ва замимаи ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (замимаи диплом) ба анҷом мерасад.

12. Мундариҷаи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) вобаста ба омодагии касбии хамткунанда дар асоси талаботи Стандарти давлатӣ нисбат ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии касбии ӯ аз рӯйи самт (ихтисос)-и муайян муқаррар карда мешавад.

13. Дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ - таҳсилоти олии касбие мебошад, ки пас аз хатми дараҷаи бакалавриат ва мутахассис дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) ба роҳ монда шуда, хатмкунандаи он дараҷаи академии "магистр"-ро соҳиб мегардад.

14. Нақшаи таълимии зинаи магистратура бахши фанҳои заминавӣ аз рӯйи самт ва бахши фанҳои тахассусӣ, интихобӣ, таҷрибаомӯзӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аттестатсияи хатмро, ки дорои аҳамияти касбӣ мебошанд, дар бар мегирад.

15. Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и зинаи магистратура омодагии махсуси хатмкунандаро аз рӯйи самт (ихтисос)-и муайян бо назардошти гузаштан аз таҷрибаомузиҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ ба муҳлати ду сол дар бар мегирад. Дар зинаи магистратура (ба истиснои ихтисосҳои тибби клиникӣ) шакли таҳсил рӯзона, ғоибона, шабона ва фосилавӣ муқаррар карда мешавад.

16. Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и зинаи магистратура баъд аз гузаштани хатмкунанда аз аттестатсияи хатм бо назардошти дифои рисолаи магистрӣ ва ба ӯ додани дараҷаи академии "магистр" бо супурдани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом ва замимаи он) ба анҷом мерасад.

17. Муҳлати таҳсил барои азхудкунии барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и дараҷаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистратура на камтар аз 6 солро дар бар мегирад.

18. Нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои амалкунанда ҳангоми тасдиқи Стандарти мазкур ва муҳлати азхудкунии онҳо бо барномаи таълимии таҳсилотии олии касбии муайян баробарарзиш дониста мешаванд.

19. Таҳсилоти олии дуюм - дараҷаи таҳсилоти олии касбие мебошад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) ба роҳ монда шуда, хатмкунандаи он дараҷаи академии "бакалавр" ва "мутахассис"-ро бо ихтисоси нав соҳиб мегардад.

20. Нақшаи таълимии тақсилоти олии дуюм бахши фанҳои тахассусӣ, интихобӣ, таҷрибаомӯзӣ ва аттестатсияи хатмро, ки дорои аҳамияти касбӣ мебошанд, дар бар мегирад.

21. Муҳлати таҳсил дар зинаи таҳсилоти олии дуюм дар ҳаҷми се сол муқаррар карда мешавад. Таҳсилоти олии дуюм дар шакли рӯзона, ғоибона, шабона ва фосилавии таълим муқаррар карда мешавад.

22. Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и таҳсилоти олии дуюм баъд аз гузаштани хатмкунанда аз аттестатсияи хатм, ба ӯ додани дараҷаи академии "бакалавр" ва "мутахассис" бо супурдани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом ва замимаи он) ба анҷом мерасад.

23. Маҷмуи ҳуҷҷатҳои зинаҳои таҳсилоти олии касбиро низомнома, дастурамал, тартиб, барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос), нақшаҳои таълимии намунавию корӣ, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, барномаҳои таълимии фанҳо ва силлабусӣ дар бар мегирад.

24. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом ва замимаи он) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

25. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом ва замимаи он) ба шахсоне дода мешавад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ таҳсил намудаанд.

26. Касбияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом ва замимаи он) тасдиқ карда шудааст, ба онҳо имконияти амалӣ намудани фаъолияти касбиро аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои муайяни таҳсилоти олии касбӣ таъмин менамояд.

3. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА БАРНОМАИ ТАҲСИЛОТӢ ВА ШАРОИТИ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ОНҲО

27. Муайян намудани ҳадди ақалли ҳатмии азхудкунии мазмуну мундариҷаи барномаи таҳсилотии ҳар як самт (ихтисос) дар асоси ҷузъи Стандарти мазкур, ки талаботи давлатиро нисбат ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон муқаррар намудааст, ба роҳ монда мешавад.

28. Ҳаҷми кредитҳо барои бахши фанҳои заминавии зинаҳои таҳсилоти бакалавриат бо назардошти фанҳои интихобии он 20-22,5 барои ихтисосҳои ҳамгиро ва мутахассис 16-18 ва барои самт (ихтисос)-ҳои тиббӣ 12-16 фоизи миқдори умумии кредитҳоро ташкил медиҳад. Номгӯйи фанҳои интихобиро муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд.

29. Ҳаҷми умумии кредитҳои фанҳои заминавӣ аз рӯйи самт ва бахшҳои фанҳои тахассусии зинаи магистратураи таҳсилоти олии касбӣ на камтар аз 120 кредитро ташкил медиҳад.

30. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ натиҷаи таълими ҳатмиро аз рӯйи барномаи таҳсилотӣ вобаста ба самт (ихтисос) бо назардошти салоҳиятҳои касбӣ, дониш, маҳорат ва малака муайян менамояд. Натиҷаи дарёфти таҳсилоти олии касбиро талаботи ҳадди ақалли ҳатмии мазмун ва мундариҷаи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) муайян менамояд.

31. Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) бояд дар баробари фанҳои ҳатмӣ фанҳои интихобиро низ дар бар гирад. Ҳаҷми кредитҳои фанҳои интихобӣ дар дараҷаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистратураи таҳсилоти олии касбӣ на камтар аз 25 фоизро (аз миқдори умумии кредитҳо) ташкил медиҳад.

32. Шахсоне, ки ҳуҷҷати намунаи давлати (диплом)-и дараҷаи бакалавриат ва мутахассиси таҳсилоти олии касбиро доранд, метавонанд таҳсили худро дар зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ-магистратура танҳо аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои мувофиқ идома диҳанд.

4. МЕЪЁРҲОИ УМУМИИ МУАЙЯН НАМУДАНИ САРБОРИИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШҶУИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ҲАҶМИ ОН

33. Сарбории таълимии донишҷӯ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо назардошти ҳамаи шаклҳои фаъолияти таълимии он - машғулиятҳои аудиторӣ (иштирок дар машғулиятҳои дарсӣ) ва ғайриаудиторӣ (корҳои мустақилонаи донишҷӯ, таҷрибаомӯзӣ, омода ва дифоъ намудани кори (лоиҳаҳои) курсӣ, кори тахассусии хатм, рисолаи магистрӣ, гузаштан аз аттестатсияи хатм аз фанҳои тахассусӣ) бо кредитҳо ифода карда мешавад.

34. Як кредит дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 24 соати академӣ баробар буда, як соати академӣ дар низоми кредитии таҳсилот ба 50 дақиқа баробар аст.

35. Ҳадди аксари хатмии кредитҳо бо назардошти таълими назариявӣ, фарогирӣ ба таҷрибаомӯзиҳо, иҷрои корҳо (лоиҳахо)-и курсӣ, ҳимояи кори тахассусии хатм, супоридани имтиҳони давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ барои дарёфти дараҷаи академии "бакалавр" аз рӯйи самт (ихтисос)-и алоҳида новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) барои муҳлати таҳсили 4-сола дар хаҷми 240 кредит, "мутахассис" ва "бакалавр" аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои хамгиро новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва барои муҳлати таҳсили 5-сола дар хаҷми 300 кредит пешбинӣ гардидааст.

Барои дарёфти дараҷаи академии "бакалавр" дар таҳсилоти олии дуюм аз рӯйи самт (ихтисос)-и алоҳида, новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) бо муҳлати таҳсили 3-сола дар ҳаҷми на камтар аз 180 кредит, "мутахассис" ва "бакалавр" аз рӯйи самт (ихтисос)-и ҳамгиро новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) бо муҳлати таҳсили 4-сола дар ҳаҷми на камтар аз 240 кредит, ба истиснои бахши фанҳои заминавӣ пешбинӣ гардидааст. Барои дарёфти дараҷаи академии "магистр" 120 кредит муқаррар карда шудааст.

36. Ҳадди аксари кредитҳо бо назардошти таълими назариявӣ, фарогирӣ ба таҷрибаомӯзиҳо, иҷрои корҳо (лоиҳаҳо)-и курсӣ, ҳимояи кори тахассусии хатм (дипломӣ), супоридани имтиҳони давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ барои дарёфти дараҷаи академии "мутахассис" барои ихтисосҳои соҳаи тиб муҳлати таҳсил 5/6 сол дар хаҷми 350/420 кредит муқаррар карда шудааст.

37. Сарбории таълимии солонаи донишҷӯ бо назардошти ҳамаи шаклҳои фаъолияти таълимии ӯ дар як соли таҳсил тибқи меъёрҳои муайянгардида (ба истиснои ихтисосҳои тиббӣ) барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар хаҷми 60 кредит муқаррар карда шудааст. Сарбории таълимии солонаи донишҷӯ барои ихтисосҳои соҳаи тиб дар як соли таҳсил дар ҳаҷми 70 кредит муқаррар карда шудааст.

38. Ҳадди аксари ҳатмии сарбории таълимии донишҷӯ дар як ҳафта бо назардошти ҳамаи шаклҳои корҳои таълимӣ - аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 1,875 кредит (45 соат) ва барои самт (ихтисос)-ҳои тиббӣ аз 2 кредит (48 соат) зиёд набошад.

39. Ҳадди ақалли ҳатмии ҳаҷми машғулиятҳои аудиторӣ дар шакли таҳсили рӯзонаи зинаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи талаботи давлатӣ бо ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунанда аз рӯйи барномаи таҳсилотии ҳар як самт (ихтисос) муайян карда мешавад.

40. Ҳаҷми кредити машғулиятҳои аудитории донишҷӯ дар шакли таҳсили рӯзона дар як ҳафта барои зинаи таҳсилоти бакалавриат ва мутахассис 1,25-1,5 кредит (30-36 соат), барои зинаи таҳсилоти магистратура то 0,75 кредит (18 соат) ва барои таҷрибаомӯзӣ ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар як ҳафта 1,5 кредит (36 соат)-ро ташкил медиҳад.

41. Дар шакли таҳсили ғоибона ба донишҷӯ имконияти бо омӯзгор дар ҳаҷми на камтар аз 12-14 кредит (288-336 соат) дар як соли таҳсил дар машғулиятҳои дарсӣ қарор доштан таъмин карда мешавад.

42. Ҳаҷми умумии вақти таътил дар як соли таҳсил на камтар аз 7 ҳафта, аз ҷумла 2 ҳафта дар давраи таҳсили зимистона ташкил медиҳад.

43. Татбиқи низоми фосилавии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар шакли пурра аз худ намудани талаботи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) иҷозат дода мешавад.

44. Ҳадди ақалли хатмии ҳаҷми машғулиятҳои аудиторӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои алоҳида на камтар аз 24 кредит (576 соат), аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои ҳамгиро 30 кредит (720 соат)-ро ташкил дода, донишчӯ дар як соли таҳсил (дар давоми чор ҳафта) дар хаҷми 6 кредит (144 соат) ба машғулиятҳои аудиторӣ бо иштироки омӯзгор ҷалб карда мешавад.

45. Тартиби қабули рейтингҳои фосилавӣ, имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ва аттестатсияи хатм дар шуъбаҳои рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муайян карда мешавад.

46. Даври муайяни таҳсил (даври академӣ) аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян мегардад. Миқдори ҳафтаҳои таълими назариявӣ дар як даври академӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот 16-17 ҳафтаро дар бар мегирад.

47. Триместр (семестри иловагии таълими назариявӣ) барои баланд намудани холи миёнаи умумӣ (GРА) ва супоридани имтиҳонхо ҷиҳати бартараф кардани қарзи академӣ дар муддати 8 ҳафта гузаронида мешавад.

5. ОЗОДИҲОИ АКАДЕМИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР МУАЙЯН НАМУДАНИ МУНДАРИҶАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

48. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барномаҳои таҳсилотиро аз рӯйи самт (ихтисос) дар асоси Стандарти мазкур таҳия намуда, вазифадор аст, ки мунтазам бо назардошти рушди соҳаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи бозори дохилӣ ва берунии меҳнат онҳоро таҷдиди назар карда, (агар муассисаи таълимӣ дар сохтори вазорату идораҳо қарор дошта бошад, пас баъд аз мувофиқа бо онҳо) барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод намояд.

49. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми таҳияи барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз рӯйи самт (ихтисос), муайян намудани номгӯйи фанҳои бахшҳои тахассусӣ ва интихобӣ, ба истиснои бахши фанҳои заминавӣ мустақил мебошад.

50. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаҳои тибқи Стандарти мазкур муайянгардида ҳуқуқҳои дигари пешбурди фаъолиятро, ки бо қонунгузории амалкунанда муқаррар карда шудаанд, низ доро мебошанд.

6. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ТАСНИФОТИ ДАВЛАТИИ РАВИЯ ВА ИХТИСОСҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

51. Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои мавҷуда ва дар оянда муҳими илму техника ва санъатро фаро мегирад. Ҳар як самт (ихтисос) бояд дорои аҳамияти иҷтимоӣ буда, ташаккули шахсиятро таъмин намояд.

52. Номгӯйи самт (ихтисос)-ҳои алоҳидаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи "Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян карда мешавад.

53. Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои соҳавӣ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

7. ТАРТИБИ ТАҲИЯ ВА ТАСДИҚ НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ ДАВЛАТӢ БА ҲАДДИ АҚАЛЛИ ҲАТМИИ МАЗМУНУ МУНДАРИҶА ВА ДАРАҶАИ ОМОДАГИИ ХАТМКУНАНДА

54. Талаботи давлатӣ ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои алоҳидаи таҳсилоти олии касбӣ як ҷузъи Стандарти мазкур маҳсуб ёфта, ба тариқи зайл номгузорӣ карда мешавад: "Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)".

55. Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ҳар як самт (ихтисос) таҳия карда шуда, ҳадди ақал ҷанбаҳои зеринро фаро мегирад:

- муқаррароти умумии барномаи таҳсилотӣ;

- ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи мундариҷа ва раванди татбиқи барномаи таҳсилотӣ;

- ҳадди ақалли хатмии мазмун ва мундариҷаи барномаи таҳсилотӣ;

- муҳлати азхудкунии барномаи таҳсилотӣ;

- шароити амалигардонии барномаи таҳсилотӣ;

- қоидаҳои қабул тибқи барномаи таҳсилотӣ;

- аттестатсияи хатм аз рӯйи ихтисос;

- низоми дохилии таъмини сифат тибқи барномаи таҳсилотӣ;

- идоракунии тағйирот ва ғайра.

56. Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ҳар як самт (ихтисос) дар асоси Стандарти мазкур аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (агар муассисаи таълимӣ дар сохтори вазорату идорахо қарор дошта бошад, пас баъд аз мувофиқа бо онҳо) бо иштироки кордиҳанда таҳия ва аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ карда мешавад.

57. Мазмуну мундариҷаи бахшҳо аз рӯйи ҳуҷҷати намунавии "Таснифоти фанҳои таълимӣ аз рӯйи бахшҳо ва модулҳо" барои зинаҳои мувофиқи таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад. Ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф бо дарназардошти ҳадди ақалли ҳатмии азхудкунии мазмуну мундариҷаи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ҳар як самт (ихтисос) дар асоси Стандарти мазкур таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

58. Мавзуъ ва мундариҷаи ҳар як фанни таълимӣ тавре муайян карда мешавад, ки дар баробари пурра аз худ намудани барномаи таълимии онҳо сатҳи салоҳиятнокӣ, қобилият, малакаю маҳорат ва донишҳои назариявии донишҷӯ ташаккул ёбад.

8. ТАЛАБОТИ ҲАДДИ АҚАЛ НИСБАТ БА МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ МАҶМУИ ҲУҶҶАТҲОИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИИ ОЛИИ КАСБӢ

59. Нақшаи таълимӣ як ҷузъи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, номгӯйи фанҳо, хароҷоти меҳнат, марҳилаҳои пай дар пай ва ҷудогонаи омӯзиши фанҳои таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ, машғулиятҳои факултативӣ, модулҳои таълимӣ ва дигар намудҳои фаъолияти амалишавии таҳсилотро муайян менамояд. Нақшаи таълимӣ аз рӯйи ихтисос бандҳои зеринро фаро мегирад:

- унвон ва рамзи ихтисос, дараҷа, тахассус, муҳлат ва шакли таҳсил;

- тақвими раванди таълим (ба ҳисоби ҳафта);

- тақсимоти буҷаи вақт (ба ҳисоби ҳафта);

- нақшаи раванди таълим бо нишон додани номгӯйи бахшҳо, модулҳо ва фанҳои ҳатмӣ, миқдори кредитҳо барои машғулиятҳои аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ, семестрҳо, таҷрибаомӯзӣ ва аттестатсияи хатм.

60. Нақшаи таълимӣ аз рӯйи ихтисос аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (агар муассисаи таълимӣ дар сохтори вазорату идораҳо қарор дошта бошад, пас баъд аз мувофиқа бо онҳо) мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботе, ки дар Стандарти мазкур нишон дода шудааст, таҳия карда мешавад. Нақшаи таълимӣ бо пешниҳоди вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

61. Нақшаи таълимии корӣ барои самт (ихтисос)-ҳои мухталифи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси нақшаи таълимӣ, нақшаи инфиродии донишҷӯ бо нишон додани талаботи ҷуъиёти ҷумҳуриявӣ ва муассисаи таълимӣ, фанҳои интихобӣ барои як соли таҳсил таҳия карда мешавад.

62. Барномаҳои таҷрибаомӯзӣ (таълимӣ, педагогӣ, истеҳсолӣ, саҳроӣ, пешаздипломӣ ва ғайра) дар асоси Стандарти мазкур бо дарназардошти талабот ба ҳадди ақалли мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунанда тибқи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) таҳия шуда, барои мустаҳкам кардани донишу малакаҳои амалӣ, такмили малака ва тарзу усулҳои кор, ҳосил намудани таҷрибаи амалӣ ва омодагӣ ба фаъолияти касбӣ равона мегардад.

63. Барномаи таълимии фан як ҷузъи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ буда, дар он мақсад ва вазифаҳои фан, маълумоти мухтасар дар бораи мавзуъҳо ва маводи таълимӣ, меъёрҳои баҳодиҳӣ ба дониш ва феҳристи адабиёт дарҷ меёбад.

64. Барномаи кории фан (силлабус) аз ҷониби омӯзгор таҳия шуда, дар он тавсифи мухтасари фан, мақсад ва вазифаҳои фан, пешталабот, талаботи баъдии фан, номгӯйи мавзуъҳо ва нақшаи тақвимӣ, усули омӯзиши онҳо, супоришҳо барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, намунаи супоришҳои тестӣ ва назоратӣ, вақти машварат, ҷадвали санҷиши дониши донишҷӯён, талаботи омӯзгор, меъёр ва шаклҳои баҳодиҳӣ, феҳристи адабиёти таълимӣ-методӣ ва илмӣ вобаста ба мазмуну мундариҷаи мавзуъҳо ҷой дода мешавад.

9. АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

65. Марҳилаи хотимавии таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аттестатсияи хатм мебошад.

66. Аттестатсияи хатм баъд аз пурра аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) ва нақшаи таълимии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқшуда, баргузор мегардад.

67. Раванди ташкил ва баргузории аттестатсияи хатм тибқи Низомномаи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ мегардад, татбиқ карда мешавад.

68. Комиссияи аттестатсионии хатм дар муҳлатҳое, ки дар нақшаи таълимии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқшуда муайян шудааст, фаъолият мекунад.

10. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ РИОЯИ ТАЛАБОТИ СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

69. Риояи талаботи Стандарти мазкур аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин карда мешавад.

70. Назорати давлатии риояи талаботи Стандарти мазкурро мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо иштироки муассисон, вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доранд, амалӣ мегардонанд.

11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

71. Барои риоя накардани талаботи Стандарти мазкур нисбат ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ карда мешавад.