бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2022, № 559
тасдиқ карда шудааст
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд, ба мақсади тақвияти ҳамкории байни ду давлат дар бахши тавлиди маҳсулоти саноатӣ барои фароҳам овардани заминаи устувор ҷиҳати истифодаи самаранок аз иқтидорҳои иқтисодӣ ва беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии шаҳрвандони ду кишвар ва бо таваҷҷуҳ ба таҳкими равобит
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Тарафҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технология байни ташкилотҳои саноатӣ, анҷуманҳо ва бахшҳои давлатии якдигар мутобиқ ба қонунгузории ду кишвар таъкид намуданд ва бо дар назар гирифтани иқтидори худ дар эҷод ва тавсеаи равобити мустақим миёни субъектҳои иқтисодӣ дар соҳаи саноат ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Моддаи 2
Тарафҳо ҷихати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ, саноатӣ ва молӣ, эҷоди қарзҳои бевосита, имзои санади савдои имтиёзноки афзалиятноки дуҷониба, бо истифода аз механизми бартер ба мақсади боло бардоштани фаъолияти соҳибкорӣ ва саноатии субъектҳои иқтисодии ду кишвар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахши саноат таъкид намуданд.
Моддаи 3
Тарафҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақл, хадамоти техникӣ ва муҳандисӣ, татбиқи лоиҳаҳои асосии саноатӣ ё инфрасохторӣ дар соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, ғизоӣ, химиявӣ, сохтмон, маъданӣ ва муҳандисӣ эълон намуданд.
Моддаи 4
Тарафи эронӣ омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ба мақсади таъмини бозори минтақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд.
Моддаи 5
Тарафи эронӣ омодагии худро барои содироти технологияҳои истеҳсолӣ дар шарҳи зерин эълон намуд:
- Лавозими хонагӣ (яхдон, телевизион, мошини ҷомашӯӣ, мошини зарфшӯӣ, обсардкун ва ғайра)
- Маҳсулоти таҷҳизоти гармидиҳанда ва сардкунанда (кондитсионер, обгармкун, пакеҷ (дастгоҳе барои тавлиди обгармкун), машъал, радиатор ва ғайра
- Таҷҳизоти пизишкӣ (дастгоҳи мониторинги аломатҳои ҳаётӣ, электрокардиограф, вентилятор, ниқоб ва филтерҳои диалез ва ғайра)
- Таҷҳизоти соҳаи барқ, электроника ва алоқ (лампаҳои LED, таблои барқ, навъҳои электроматор, навъҳои аккумуляторҳои мошинҳои сабукрав ва саноатӣ, навъҳои калид ва фюз (выключатели и предохранители), навъҳои модем ва симчӯбҳо ва антеннаҳои телекоммуникатсионӣ ва ғайра)
- Навъҳои маснуоти металӣ
Моддаи 6
Тарафҳо омодагии худро барои таъсиси ширкатҳои муштарак ва ҳимоят аз ширкатҳои навтаъсис ва ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳо барои таъмин намудани таҷҳизоту технологияҳо эълон намуданд.
Моддаи 7
Тарафҳо омодагии худро барои баргузории намоишгоҳҳо, форумҳои сармоягузорӣ ба таври (маҷозӣ ва ҳузурӣ) ва табодули ҳайатҳои тиҷоратӣ ба мақсади баррасии технологияи афзалиятҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ ва интиқоли маълумот ва таҷрибаи ду кишвар дар соҳаи дахлдор, аз ҷумла бо намояндагони соҳибкорӣ, саноатӣ ва соҳибкории ду кишвар эълон намуданд.
Моддаи 8
Тарафхо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо бо баҳрагирӣ аз технологияҳои нав дар тавлиди маҳсулоти саноатӣ аз тариқи тавсеаи лоиҳаҳои муштарак ва иҷрои онҳо мутобиқ бо муқаррароти ду кишвар эълон намуданд.
Моддаи 9
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки тариқи роҳҳои дипломатӣ ва номаи расмӣ дар бораи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои худ ба мақсади амалинамоии муқаррароти Ёддошт якдигарро огоҳ намоянд.
Моддаи 10
Тарафҳо тафоҳум намуданд, ки дар ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ояндаи миёни ду кишвар мавридҳое, ки аз ҷумла баррасии марбут ба иҷрои ин Ёддошт ва имкони тавсеаи як барномаи ҳамкории саноатиро мавриди баррасӣ ва музокира қарор диҳанд.
Моддаи 11
Тарафҳо баҳсҳо ва ихтилофҳое, ки дар рафти амалинамоии муқаррароти Ёддошт ба миён меоянд, тариқи машваратҳо ва гуфтушунидҳо ҳал менамоянд.
Моддаи 12
Ёддошти тафоҳуми мазкур ҳеҷ таъсире ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ду тараф, ки маншаъгирифта аз аҳдномаҳои байналмилалӣ аст ва дар он саҳме вуҷуд дорад, нахоҳад дошт.
Моддаи 13
Тарафҳо метавонанд тибқи моддаи 14 Ёддошти тафоҳум ба бахшҳои ёддошти мазкур мавридҳоеро изофа ё кам кунанд ва унвони бахши аслӣ ва мустанад дар протоколи ҷудогонае сабт намоянд.
Моддаи 14
Ёддошти тафоҳуми мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи хаттии ҷониби Тоҷикистон тариқи роҳҳои дипломатӣ дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур заруранд, амал менамояд. Ёддошти мазкур ба муҳлати 5 сол баста мешавад.
Ҳар як тараф метавонад амали Ёддошти мазкурро бо роҳи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ ба тарафи дигар тариқи роҳҳои дипломатӣ қатъ намояд. Дар чунин ҳолат эътибори Ёддошти мазкур пас аз шаш моҳ аз санаи гирифтани яке аз тарафҳо чунин огоҳиномаи хаттӣ қатъ карда мешавад.
Ёддошти тафоҳуми мазкур 30 майи соли 2022 дар шаҳри Теҳрон дар ду нусхаи асл, бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва англисӣ, ки ҳар кадом эътибори яксон дорад, ба имзо расонида шуд. Дар сурати пайдо шудани ихтилофот дар тафсир ё татбиқи ин Ёддошти тафоҳум ба матни забони англисии он афзалият дода мешавад.
|
Аз ҷониби Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз ҷониби Ҳукумати
Ҷумҳурии Исломии Эрон |