Қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 16 августи соли 1991, № 246 "Дар бораи дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ҷорӣ кардани пардохтҳо барои ба муҳити табиат партофтан (ҷойгир кардан)-и моддаҳои ифлоскунанда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 23.12.1993 № 619 аз беэътибор дониста шуд

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶШС ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ҷорӣ кардани пардохтҳо барои ба муҳити табиат партофтан (ҷойгир кардан)-и моддаҳои ифлоскунанда

Бо мақсади ҳавасманд намудани истифодабарии оқилона ва комплексии захираҳои табиии ҷумҳурият Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз соли 1991 дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон барои ба муҳити табиат партофтан (ҷойгир кардан)-и моддаҳои ифлоскунанда пардохтҳо ҷорӣ карда шаванд.

Ҷорӣ намудани пардохтҳои зикргардида корхонаву ташкилотҳо ва шахсони мансабдорро мувофиқи қонунгузории ҷорӣ аз додани ҷаримаҳо ва талофӣ намудани зараре, ки ба муҳити табиат расонидаанд, озод намекунад.

2. Муқаррар карда шавад, ки фондҳои аз ҳисоби пардохтҳои дар банди I қарори мазкур зикргардида таъсисёбанда дар фондҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллии ҳифзи табиати Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон ғун карда мешаванд.

Истифодаи маблағҳои зикргардидаи фонди ҷумҳурии ҳифзи табиат мувофиқи сметаи хароҷоте, ки Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон барои давраи банақшагирифташаванда таҳия менамояд ва аз тарафи Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон тасдиқ мегардад сурат мегирад.

Харҷи маблағҳои фондҳои маҳаллии ҳифзи табиат мувофиқи сметаҳои ҳарсолаи истифодаи маблағҳои мазкур, ки мақомоти маҳаллии Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон таҳия менамоянд ва аз тарафи кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халку вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ тасдиқ карда мешаванд сурат мегирад.

Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон дар бобати иҷрои сметаҳои хароҷоте, ки дар банди мазкур зикр гардидаанд, ҳар сол дар назди Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.

3. Тартиби замимагардидаи пардохтситонӣ аз корхонаю ташкилот барои ба муҳити табиат партофтан (ҷойгир кардан)-и моддаҳои ифлоскунанда дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон, тасдиқ карда шавад.

4. Рӯйхати корхонаву ташкилоти пардохткунандаро барои ба муҳити табиат партофтан (ҷойгир кардан)-и моддаҳои ифлоскунанда Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон муайян мекунад.

5. Ба Кумитаи давлатии ҳифзи табиати ҶШС Тоҷикистон ҳуқуқҳои зерин дода шаванд:

дар сурати ошкор намудани бе иҷозати махсус партофтани моддаҳои ифлоскунанда аз табиатистифодабарандагон ба андозаи зарари иқтисодии ба хоҷагии халқ бо роҳи ифлос намудани муҳити табиат расонидашуда, пардохт ситонад. Дар айни ҳол партофтани оби ганда ба муҳити табиат бо партов ба объектҳои об баробар карда мешавад ва зарари расонидашуда аз рӯи ҳаҷми партов ҳисоб карда мешавад;

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 23.12.1993г. №619

Кабинет Министров Таджикской ССР

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О введении платежей за выбросы (сбросы, размещение) загрязняющих веществ в природную среду на территории Таджикской ССР

В целях стимулирования рационального и комплексного использования природных ресурсов республики Кабинет Министров Таджикской ССР постановляет:

1. Ввести с 1991 года на территории Таджикской ССР платежи за выбросы (сбросы, размещение) загрязняющих веществ в природную среду.

Введение указанных платежей не освобождает предприятия, организации и должностных лиц от уплаты штрафов и возмещения ущерба, наносимого окружающей среде, установленных действущим законодательством.

2. Установить, что средства, образующиеся за счет платежей, указанных в пункте 1 настоящего постановления, концентрируются в республиканском и местных фондах охраны природы Государственного комитета Таджикской ССР по охране природы.

Использование указанных средств республиканского фонда охраны природы осуществляется в соответствии со сметой расходов, разрабатываемой Государственным комитетом Таджикской ССР по охране природы на планируемый период и утверждаемой Кабинетом Министров Таджикской ССР.

Расходование средств местных фондов охраны природы осуществляется в соответствии с ежегодными сметами использования указанных средств, разрабатываемыми местными органами Государственного Комитета Таджикской ССР по охране природы и утверждаемыми исполкомами областных, городских и районных Советов народных депутатов.

Об исполнении смет расходов, указанных в настоящем пункте, Государственный комитет Таджикской ССР по охране природны ежегодно отчитывается перед Кабинетом Министров Таджикской ССР.

3. Утвердить прилагаемый Порядок взимания платежей с предприятий и организаций за выбросы (сбросы, размещение) загрязняющих веществ в природную среду на территории Таджикской ССР.

4. Перечень предприятий, организаций, осуществляющих платежи за выбросы (сбросы, размещение) загрязняющих веществ в природную среду, определяется Государственным комитетом Таджикской ССР по охране природы.

5. Предоставить Государственному комитету Таджикской ССР по охране природы право:

при выявлении выбросов загрязняющих веществ без соответствующего разрешения взыскивать с природопользователей плату в размере экономического ущерба, причиняемого народному хозяйству загрязнением окружающей природной среды. При этом сброс загрязняющих сточных вод в окружающую природную среду приравнивается к сбросу в водные объекты и исчисляется как ущерб за объем сброса;

...