Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусӣ аз 2 ноябри соли 2022, № 471

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2022, № 471

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусӣ

1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусӣ (минбаъд - Низомнома) тартиби ба кормандони (хизматчиёни давлатӣ) мақомоти андоз додан, мавқуф гузоштан, нигоҳ доштан ва масъалаҳои дигари марбут ба рутбаҳои тахассусиро муайян мекунад.

2. Рутбаҳои тахассусӣ ба кормандони мақомоти андоз бо дарназардошти ишғоли мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ дода мешаванд.

3. Ба кормандони мақомоти андоз, ки соҳиби рутбаҳои тахассусӣ мебошанд, либоси расмӣ ва аломатҳои тафриқа дода мешаванд, ки намуна ва меъёри додани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

4. Рутбаҳои тахассусии кормандони мақомоти андоз якумрӣ дода мешаванд.

5. Кормандони мақомоти андоз дар асоси пешниҳоди ҳукми сафедкунандаи суд бо қарори шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи додани рутбаи тахассусиро дорад, ба рутбаи тахассусии пештарааш барқарор карда мешаванд.

6. Ба мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатии пасттар гузаронидани корманди мақомоти андоз барои паст кардани рутбаи тахассусии ба ӯ пештар додашуда асос намегардад.

7. Рутбаҳои тахассусии ба корманди мақомоти андоз додашуда дар шаҳодатномаи хизматӣ ва дафтарчаи меҳнатии хизматчии давлатӣ қайд карда мешаванд. Қайди дахлдор дар фасли "Маълумот дар бораи кор"-и дафтарчаи меҳнатии корманд гузошта мешавад.

2. ТАРТИБИ БА КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ ДОДАН, МАВҚУФ ГУЗОШТАН, НИГОҲ ДОШТАН ВА МАҲРУМ КАРДАН АЗ РУТБАҲОИ ТАХАССУСӢ

8. Барои кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои тахассусии зерин муқаррар намудааст:

- Мушовири ҳақиқии давлатии мақомоти андоз;

- Мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 1;

- Мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 2;

- Мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 3;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 1;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 2;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 3;

- Мушовири мақомоти андози дараҷаи 1;

- Мушовири мақомоти андози дараҷаи 2;

- Мушовири мақомоти андози дараҷаи 3;

- Мушовири мақомоти андоз.

9. Рутбаҳои тахассусии Мушовири ҳақиқии давлатии мақомоти андоз ва Мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаҳои 1, 2, 3 дар асоси пешниҳоди раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

10. Рутбаҳои тахассусии Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 1, 2, 3, Мушовири мақомоти андози дараҷаи 1, 2, 3 ва Мушовири мақомоти андоз бо пешниҳоди роҳбари бевоситаи хизматчии давлатӣ аз тарафи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

11. Рутбаҳои тахассусии пешбининамудаи банди 9 Низомномаи мазкур барои ишғолкунандагони мансабҳои хизмати давлатии мақомоти андоз бо тартиби зерин дода мешаванд:

- Мушовири ҳақиқии давлатии мақомоти андоз - барои мансаби сиёсии хизмати давлатӣ;

- Мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаҳои 1 ва 2 - барои мансабҳои давлатии маъмурии категорияи олӣ;

- Мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 3 - барои мансабҳои давлатии маъмурии категорияи якум;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 1 - барои мансабҳои давлатии маъмурии категорияи дуюм;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 2 - барои мансабҳои давлатии маъмурии категорияи сеюм;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 3 - барои мансабҳои давлатии маъмурии категорияи чорум;

- Мушовири мақомоти андози дараҷаи 1 - барои мансабҳои давлатии маъмурии категорияи панҷум;

- Мушовири мақомоти андози дараҷаи 2 - барои мансабҳои давлатии маъмурии категорияи шашум;

- Мушовири мақомоти андози дараҷаи 3 ва Мушовири мақомоти андоз - барои мансабҳои давлатии маъмурии категорияи ҳафтум.

12. Ба шаҳрванде, ки бори аввал ба мансабҳои хизмати давлатии мақомоти андоз таъин шудааст, рутбаи тахассусӣ баъди шаш моҳи ба мансаб таъин шудан дода мешавад. Ҳангоми зиёда аз як сол доштани собиқаи хизмати давлатӣ дар дигар мақоми давлатӣ ва надоштани рутбаи тахассусӣ, рутбаи тахассусии аввалин ба кормандон дар давоми ду моҳи корӣ дода мешавад.

13. Рутбаи тахассусии навбатӣ ба кормандони мақомоти андоз дар доираи категорияи мансаби ишғолкардааш пай дар пай ва бо риояи муҳлати сипаришуда дар рутбаи охирин дода мешавад.

14. Барои дар рутбаҳои тахассусии корманди мақомоти андоз будан муҳлатҳои зерин муқаррар карда мешавад:

- Мушовири мақомоти андоз - 1 сол;

- Мушовири мақомоти андози дараҷаи 3 - 2 сол;

- Мушовири мақомоти андози дараҷаи 2 - 2 сол;

- Мушовири мақомоти андози дараҷаи 1 - 2 сол;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 3 - 2 сол;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 2 - 3 сол;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 1 - 3 сол.

15. Барои дар рутбаҳои тахассусии Мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаҳои 1, 2, 3 будан муҳлат муқаррар карда намешавад.

16. Дар сурати ба мансабҳои хизмати давлатии мақомоти андоз таъин шудан ё гузаронидани хизматчии давлатӣ, ки рутбаи тахассусии дигар мақомоти давлатиро дорад, ба ӯ рутбаи тахассусии мақомоти андоз баробар ба рутбаи доштааш дар давоми ду моҳи корӣ дода мешавад.

17. Рутбаҳои махсуси амалкунандаи кормандони мақомоти андоз, ки то мавриди амал қарор гирифтани Низомномаи мазкур дода шудааст, ба рутбаҳои тахассусии тибқи Низомномаи мазкур муқарраршуда чунин баробар дониста мешаванд:

- Мушовири генералии мақомоти андоз ба Мушовири ҳақиқии давлатии мақомоти андоз;

- Сармушовири мақомоти андоз ба Мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 1;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 1 ба Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 1;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 2 ба Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 2;

- Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 3 ба Сармушовири мақомоти андози дараҷаи 3;

- Мушовири калони мақомоти андоз ва Мушовири калони мақомоти андози дараҷаи 1 ба Мушовири мақомоти андози дараҷаи 1;

- Мушовири калони мақомоти андози дараҷаи 2, ба Мушовири мақомоти андози дараҷаи 2;

- Мушовири калони мақомоти андози дараҷаи 3, ба Мушовири мақомоти андози дараҷаи 3;

- Мушовири мақомоти андоз, Мушовири мақомоти андози дараҷаҳои 1, 2 ва 3 ба Мушовири мақомоти андоз.

18. Ба корманди мақомоти андоз, ки ба мансаби ғайрихизматии давлатӣ гузаштааст, дар ҳолати аз нав ба мансаби сиёсӣ ё маъмурии хизмати давлатии мақомоти андоз таъин шудан рутбаи тахассусии қаблан гирифтааш барқароршуда эътироф мегардад.

19. Ба корманди мақомоти андоз барои иҷрои супоришҳои махсус, ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди фаъолияти касбӣ, гузоштани саҳми арзанда дар ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ, таҳкими мақомоти андоз ва хизмати давлатӣ мумкин аст рутбаи тахассусии навбатӣ пеш аз муҳлат ё аз доираи категорияи мансаби ишғолкарда як дараҷа баланд дода шавад.

20. Барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ (содир намудани кирдори интизомӣ) нисбати кормандони мақомоти андоз ба сифати ҷазои интизомӣ ба муҳлати то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ татбиқ кардан мумкин аст.

21. Аз рутбаи тахассусӣ маҳрум намудан бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд мумкин аст.

3. ВАЗИФАҲОИ ХАДАМОТИ КАДРИИ МАҚОМОТИ АНДОЗ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА РУТБАҲОИ ТАХАССУСИИ КОРМАНДОН

22. Вазифаҳои хадамоти кадрии мақомоти андоз оид ба масъалаҳои вобаста ба рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатӣ аз инҳо иборат аст:

- якҷо бо роҳбари бевоситаи корманди мақомоти андоз таҳия намудани пешниҳод ба раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба рутбаҳои тахассусии корманд (додан, мавқуф гузоштан, нигоҳ доштан ва дигар масъалаҳои вобаста ба рутбаҳои тахассусӣ);

- санҷиши дурустии маълумотҳо оид ба додани рутбаи тахассусӣ;

- пешбурд ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба рутбаҳои тахассусӣ;

- таҳияи лоиҳаи фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рутбаи тахассусӣ;

- қайди фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рутбаҳои тахассусӣ дар шаҳодатномаи хизматӣ ва дафтарчаи меҳнатии хизматчии давлатӣ;

- омода намудани пешниҳоди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба хизматчии давлатии мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусии аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додашаванда;

- дар фазои ботантана ба хизматчии давлатӣ эълон намудани фармоиш дар бораи додани рутбаи тахассусӣ;

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки ба рутбаҳои тахассусии хизматчии давлатӣ вобастагӣ доранд.

4. ҚАБУЛИ ФАРМОИШ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ РУТБАИ ТАХАССУСӢ

23. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди роҳбари бевоситаи корманди мақомоти андоз ва хадамоти кадрӣ дар хусуси ба хизматчии давлатӣ додан, мавқуф гузоштан, нигоҳ доштан ва доир ба дигар масъалаҳои вобаста ба рутбаи тахассусӣ дар муддати 15 рӯзи тақвимӣ фармоиш қабул менамояд.

24. Нусхаи фармоиши додани рутбаи тахассусӣ дар парвандаи шахсии корманд нигоҳ дошта мешавад.

25. Корманди мақомоти андоз бо фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додан, мавқуф гузоштан, нигоҳ доштан ва дигар масъалаҳои вобаста ба рутбаи тахассусӣ шинос карда мешавад.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

26. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти кадрии мақомоти андоз барои амалигардонии Низомномаи мазкур ва ҳалли масъалаҳои марбут ба рутбаҳои тахассусии кормандони мақомоти андоз масъул мебошанд.

27. Баҳсҳо вобаста ба масъалаҳои рутбаи тахассусии кормандони мақомоти андоз аз тарафи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва суд баррасӣ карда мешаванд.