Тартиби таъмини сифати тахассусҳо ва тасдиқкунии тахассусҳо аз 25 октябри соли 2022, № 510

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима ба қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 октябри соли 2022, № 510

Тартиби таъмини сифати тахассусҳо ва тасдиқкунии тахассусҳо

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби таъмини сифати тахассусҳо ва тасдиқкунии тахассусҳо (минбаъд - Тартиб) бо мақсади тайёр намудани мутахассисон бо дар назар доштани принсипҳои таъмини шаффофият ҷиҳати гирифтани тахассусҳо ва мустақилияти баҳодиҳии салоҳиятҳо таҳия шудааст.

2. Механизми таъмини сифати тахассусҳо созмон додани воситаҳои баҳодиҳӣ ва тасдиқи салоҳиятҳое, ки ҳам барои дастрас намудани тахассуси мазкур ва ҳам барои муайян намудани сатҳи аввалияи таҳсилот заруранд, пешбинӣ менамояд.

3. Соҳиб шудан ба тахассуси сатҳи муайян маънои эътирофи расмии арзиши салоҳиятҳои азхуднамударо барои бозори меҳнат ва таҳсилоту омӯзиши минбаъда дорад.

4. Вазифаҳои асосии низоми таъмини сифат ва тасдиқкунии тахассусҳо аз инҳо иборатанд:

- баҳодиҳии объективӣ ва аз ҷониби корфармо эътирофшавандаи мутобиқати тахассуси корманд ба талаботи истеҳсолот ва соҳибкорӣ, ки бо стандартҳои дахлдори салоҳиятҳо муқаррар кардаанд;

- тасдиқи ҳуқуқи корманд барои иҷрои намудҳои мушаххаси фаъолияти меҳнатӣ, новобаста аз ҷой, вақт ва усули ба даст овардани тахассус.

5. Мафҳумҳои асосии дар Тартиб истифодашаванда:

- баҳодиҳии салоҳиятнокӣ - маҷмуи равандҳое, ки тавассути воситаҳои баҳодиҳӣ барои арзёбии сифати азхудкунии маҷмуи дахлдори воҳидҳои салоҳияти дар стандарти салоҳияти ҳар як касби мушаххас муайянгардида, истифода мешаванд;

- сертификатсияи тахассусҳо - раванде, ки тавассути он аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори мустақил мутобиқати тахассуси бадастовардаи аризадиҳанда ба талаботи тахассусии стандарти салоҳияти касби муносиб дар доираи талаботи тахассусии Таснифоти миллии тахассусҳо тасдиқ карда мешавад.

2. ТАЪМИНИ СИФАТИ ТАХАССУСҲО

6. Сифати тахассусҳо бо роҳи ҷорӣ намудани низоми баҳодиҳии салоҳиятнокӣ таъмин карда мешавад.

7. Баҳодиҳии салоҳиятнокии шахс дар асоси стандарти салоҳияти касби мушаххас гузаронида шуда, аз баҳодиҳии муқаддимавӣ, миёнамуҳлат ва ҷамъбастӣ иборат аст.

8. Баҳодиҳии муқаддимавӣ ва миёнамуҳлат аз ҷониби муассисаи таълимӣ дар раванди тайёр намудани мутахассисон амалӣ карда мешавад.

9. Баҳодиҳии ҷамъбастии салоҳиятнокӣ тибқи воситаҳои баҳодиҳӣ аз тарафи корфармоён, иттиҳодияҳои соҳавии онҳо ва коршиносони мустақил, дар муассисаи тайёр намудани мутахассисон, амалӣ карда мешавад.

10. Меъёрҳо ва воситаҳои баҳодиҳии салоҳиятнокӣ бо стандарти салоҳият ва барномаи таълимии касби дахлдор муайян карда мешаванд.

11. Ба шахсоне, ки аз баҳодиҳии ҷамъбастии салоҳиятнокӣ гузаштаанд, дар хусуси сатҳи дахлдори таҳсил вобаста ба сатҳи Таснифоти миллии тахассусҳо ва рамзгузории Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти марбута, бо замимаи маълумотнома оид ба воҳидҳои салоҳиятҳои азхудшуда, дода мешавад.

3. ТАСДИҚКУНИИ ТАХАССУСҲО

12. Барои додан ё тасдиқкунии тахассусҳо метавонанд марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо бо мақоми маркази соҳавӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ таъсис дода шаванд. Корфармоёни алоҳида ҳуқуқ надоранд, ки дар дохили як корхона маркази сертификатсияи тахассусҳоро таъсис диҳанд.

13. Марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо аз ҷониби якчанд корфармоёни як соҳа ё иттиҳодияҳои соҳавии онҳо таъсис дода мешаванд.

14. Додан ва тасдиқкунии тахассусҳо оид ба мутобиқат ба талаботи стандартҳои салоҳият дар намудҳои мушаххаси фаъолияти касбӣ дар асоси шартҳои шартнома байни гирандаи хизмат ва марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо амалӣ карда мешаванд.

15. Марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо расмиёти зерини баҳодиҳӣ ва тасдиқкунии тахассусҳоро амалӣ менамоянд:

- тафтиши ҳуҷҷатҳои аризавии довталаб ва бастани шартнома бо гирандаи хизмат;

- таъмини довталаб бо маводи иттилоотӣ;

- муайян кардани ҷадвали сертификатсия;

- ташкил ва гузаронидани расмияти баҳогузорӣ;

- қабули қарор дар бораи додани (рад кардани) сертификати тахассусӣ;

- додани сертификати тахассусӣ;

- баррасӣ ва қабули қарор оид ба масъалаҳои шикоятӣ.

16. Ҳуҷҷатҳои аризавие, ки бояд барои гузаштани баҳодиҳӣ ва тасдиқкунии тахассусҳо пешниҳод шаванд, аз инҳо иборатанд:

- аризаи хаттӣ бо зикри насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд, ҷойи кор (ё ҷои кори охирин), вазифа ва суроғаи макони зисти довталаб, шакли азхудкунии тахассуси баҳогузоришаванда, инчунин намуди фаъолияти касбӣ ва сатҳи тахассусе, ки довталаб барои он талабот дорад;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои таҳсилот, варақаи шахсӣ, тавсифнома аз корфармоён, ташкилотҳои таълимӣ ва ташкилотҳои дигари манфиатдор, ду адад акс (3x4), маълумотномаи тиббӣ (барои намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ), шаҳодатномаи тахассусии қаблан додашуда (агар дароз кардани муҳлат зарур бошад), инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хизматҳо.

17. Марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо барои муайян намудани ҳолатҳои зерин ҳуҷҷатҳои аризавии довталабро месанҷанд:

- ҳуҷҷатҳо дар ҳаҷми пурра ва дар сатҳи зарурӣ пешниҳод шудаанд;

- довталаб дорои таҳсилот ва (ё) таҷрибаи корие мебошад, ки барои роҳхат ба сертификатсия зарур аст;

- довталаб бо талаботи стандарти салоҳияти дахлдор, тартиби баҳогузорӣ ва сертификатсия шинос аст;

- довталаб ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ аст.

18. Дар мавриди муайян намудани номувофиқатии ҳуҷҷатҳои аризавии довталаб ба талаботи муайяншуда дар давоми 7 рӯз қарор дар бораи рад кардани ариза қабул мешавад. Марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо довталабро дар бораи рад кардани дархост барои баҳодиҳӣ ва сертификатсия бо нишон додани сабабҳо ба таври хаттӣ огоҳ мекунад. Ҳамзамон, довталаб ҳуқуқ дорад бо шикоят ба марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо муроҷиат кунад, ки онҳо уҳдадоранд аризаи ӯро баррасӣ кунанд ва дар бораи асоснок будани радкунӣ қарор қабул намоянд.

19. Агар ҳуҷҷатҳои аризавии довталаб ба ҳамаи талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ бошанд, сипас дар давоми 7 рӯз марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо бо тартиби муқарраршуда дархост тартиб дода, довталабро дар бораи вақти мусоҳиба барои муайян кардани ҷадвали баҳодиҳӣ ва сертификатсияи тахассус хабардор мекунанд.

20. Марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо довталабро бо маводи зарурии иттилоотӣ, аз ҷумла бо инҳо таъмин мекунанд:

- стандарти салоҳият (иқтибосҳо аз стандарти салоҳият);

- ҳуҷҷатҳое, ки тартиби баҳодиҳӣ ва сертификатсияро тавсиф мекунанд;

- иттилоот дар бораи арзиши расмиёти баҳодиҳӣ ва сертификатсияи тахассус.

21. Дар рафти мусоҳиба довталаб ҷадвали гузаронидани расмиёти баҳодиҳӣ ва сертификатсияи тахассусҳоро мувофиқа мекунад ва дар бораи муҳлат ва тартиби қабули қарор оид ба додан (рад кардан) сертификати тахассусӣ дар асоси натиҷаҳои баҳодиҳии тахассус маълумот мегирад. Ҳамчун тавсия ба довталаб мувофиқи мақсад будани таълими иловагӣ пешниҳод мешавад, ки он бо мақсади расидан ба мутобиқати тахассуси ӯ ба талаботи стандарти салоҳият дар намуди дахлдори фаъолияти касбӣ мебошад. Дар охири мусоҳиба марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо бо довталаб шартнома мебанданд.

22. Баҳодиҳии тахассус яккарата ва ё марҳила ба марҳила аз рӯйи вазифаҳои меҳнатии алоҳида (воҳидҳои салоҳият) ташкил мешавад, ки дар ниҳояти кор барои ба даст овардани сертификати тахассусӣ имконият медиҳад. Баҳодиҳии тахассус тавассути экспертизаи тахассусӣ гузаронида мешавад, ки аз арзёбии дониш ва маҳорати касбии довталаб иборат аст. Баҳодиҳии тахассусро комиссияҳои имтиҳонӣ (ё коршиносӣ)-и марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо мутобиқи тартиб ва талаботи муайяннамудаи ҳуҷҷатҳои ташкилию методии аз ҷониби марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо дар намуди дахлдори фаъолияти касбӣ таҳияшуда анҷом медиҳанд.

23. Ба ҳайати комиссия дар мавриди баҳодиҳии тахассус намояндагони корфармоён, иттифоқҳои касаба ва ҷонибҳои дигари манфиатдор, баҳодиҳандагон дохил мешаванд. Натиҷаҳои баҳодиҳии тахассусро комиссияи имтиҳонӣ (ё коршиносӣ) дар ҳуҷҷатҳое, ки ба комиссияи сертификатсионии марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо барои қабули қарор дар бораи сертификатсия пешниҳод кардаанд, сабт мекунад.

24. Комиссияи сертификатсионии марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо дар асоси таҳлили ҳуҷҷатҳои довталаб дар давоми 10 рӯз қарор дар бораи додан (рад кардан)-и сертификати тахассусӣ қабул мекунад.

25. Марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо дар асоси қарори комиссияи сертификатсионӣ сертификати тахассусиро ба расмият медароранд, ба қайд мегиранд ва бо имзои шахсӣ ба довталаб медиҳанд ё дар шакли хаттӣ додани сертификати тахассусиро бо зикри сабаб рад мекунанд. Агар гирандаи хизматрасонӣ шахси ҳуқуқӣ бошад, комиссияи сертификатсионии марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо ба гирандаи хизматрасонӣ дар шакли хаттӣ рақам ва санаи додани сертификати тахассусӣ ё сабабҳои надодани сертификати тахассусиро хабар медиҳад. Шахсоне, ки аз баҳодиҳӣ ва сертификатсияи тахассус гузаштаанд, ба Феҳристи мутахассисони сертификатдори марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо дохил карда мешаванд, ки он аз рӯйи намудҳои фаъолияти касбӣ ба низом дароварда шудааст, инчунин тибқи усули ҳисобкунӣ ҳар моҳ ба феҳристи умумиҷумҳуриявии баҳодиҳии мустақили тахассус дохил карда мешаванд. Марказҳои мустақили сертификатсияи тахассусҳо парвандаи шахсии довталабонро 2 сол дар шакли коғазӣ ва 10 сол дар шакли электронӣ нигоҳ медоранд. Парвандаи шахсии довталаб бояд инҳоро дар бар гирад:

- ариза барои баҳодиҳӣ ва сертификатсияи тахассус, аз ҷумла номгчйи ҳамаи ҳуҷҷатҳои замимашуда;

- ҳуҷҷатҳо оид ба баҳодиҳии тахассус;

- нусхаи сертификати тахассусӣ.

26. Муҳлати эътибори сертификати тахассусӣ 5 сол аст. Сертификати тахассусии додашуда аз ҷониби ҳамаи корфармоёни соҳа эътироф карда мешавад. Пас аз 5 сол зарурати тасдиқи тахассус талаб карда мешавад.

27. Барои таъмини мутобиқатии сертификатсияи тахассусҳо ба сатҳҳои Таснифоти миллии тахассусҳо ташкилотҳои соҳавии корфармоён бо дастгирии маркази дахлдори соҳавии сертификатсияи тахассусҳо сохтори соҳавии тахассусҳоро дар мувофиқа бо вазорат ё идораи соҳавӣ таҳия менамоянд. Сохтори тахассусӣ барои ҳар як соҳаи иқтисодиёт дар алоҳидагӣ таҳия мешавад.

28. Сохтори соҳавии тахассусҳо бо қарори якҷояи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти соҳавии корфармоён, иттифоқи касабаи соҳавӣ тасдиқ карда мешавад. Ҳар 5 сол сохтори соҳавии тахассусҳо таҷдиди назар карда мешавад.

29. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми иттилоотии бозори меҳнат низоми маҷозии пешбурди феҳристи умумиҷумҳуриявии баҳодиҳии мустақили тахассусҳоро дар заминаи низоми иттилоотии бозори меҳнат таъсис медиҳад.

30. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо Низомнома дар бораи сертификатсияи тахассусро тасдиқ менамояд, ки тартиби таҳияи сохтори соҳавии тахассусҳоро пешбинӣ мекунад. Низомномаи мазкур дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар низоми иттилоотии бозори меҳнат ҷойгир карда мешавад.