Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 № 73 "Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 795 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020

Дар асоси  моддаи  13  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"  бо  мақсади  таъмини  рушди устувори  иқтисодӣ,  ноил  шудан  ба  истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ҳамасола ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, маблағҳои дохилӣ ва имкониятҳои Буҷети давлатӣ барои татбиқ намудани Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи мазкур тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006 № 449 "Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020" аз эътибор соқит дониста шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 феврали соли 2009 № 73

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 30 декабря 2015 года, № 795

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О долгосрочной Программе строительства малых электростанций на период 2009-2020

На основании статьи 13 Конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", с целью обеспечения устойчивого экономического развития и обретения энергетической независимости Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить долгосрочную Программу о строительстве малых электростанций на период на период 2009-2020 годов (прилагается).

2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан, Государственному Комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик" ежегодно при разработке прогноза экономического и социального развития с привлечением иностранных инвестиций, собственных средств и возможностей государственного бюджета Республики Таджикистан принять меры, обеспечивающие выполнение данной Программы.

3. Министерство энергетики и промышленности Республики Таджикистан, Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик", соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов принять необходимые меры для выполнения предложенной Программы.

4. Считать утратившим силу постановление Правительства от 3 октября 2006 года № 449 "О долгосрочной Программе строительства малых электростанций на период 2007-2020 годов".

5. Контроль за исполнением данного постановления возложить на первого заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан- куратора отрасли.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

от 2 февраля 2009 года №73

 г. Душанбе