Тартиби истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2022, № 456

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 сентябри соли 2022, № 456

Тартиби истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) бо мақсади танзими истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, шартҳои ҳифз, нигоҳдорӣ ва истифодабарии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

2. Захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - захираҳои сайёҳӣ) маҷмуи захираҳо ва падидаҳои табиии иқлимӣ, истироҳатӣ, маърифатӣ, маишӣ, техногенӣ, объектҳои табиию солимгардонӣ, мероси фарҳангию таърихӣ ва зиёратии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб менамоянд, дар бар мегирад.

3. Захираҳои сайёҳӣ ба Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ САЙЁҲӢ

4. Захираҳои сайёҳӣ барои муаррифӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, чорабиниҳои сайёҳӣ ва ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.

5. Вазифаҳои асосии истифодаи захираҳои сайёҳӣ инҳо мебошанд:

- назорати истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои сайёҳӣ;

- таҳкими иқтидори захираҳои сайёҳӣ ва ташкили дурусти тарғибу ташвиқ;

- муаррифӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба захираҳои сайёҳӣ;

- ташаккули инфрасохтори захираҳои сайёҳӣ;

- мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон зимни истифодаи захираҳои сайёҳӣ;

- ташаккул додани ҳисси ифтихор ва масъулият дар байни аҳолӣ вобаста ба захираҳои сайёҳӣ;

- таҳияи барномаҳои мақсаднок оид ба истифода, ҳифз ва нигоҳдории захираҳои сайёҳӣ.

3. ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ САЙЁҲӢ

6. Захираҳои сайёҳӣ танҳо мувофиқи таъиноти мустақим истифода мешаванд.

7. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки моликони захираҳои сайёҳӣ мебошанд, бо дархости мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар хусуси таъиноти онҳо, арзиши таърихӣ, фароғатӣ, илмӣ, тартиби истифодабарӣ, хусусияти кор, ҳолат, шартҳои қабул ва хизматрасонии сайёҳон низомномаҳои дахлдор таҳия менамоянд.

8. Арзиш ва тартиби пардохти истифодаи захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби моликони захираҳои сайёҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муайян карда мешаванд.

4 . ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ САЙЁҲӢ

9. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳие, ки дар тобеияташон захираҳои сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳолати захираҳои сайёҳӣ ва истифодаи мақсадноки онҳо масъулият доранд.

10. Истифодаи захираҳои сайёҳӣ дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, бо мақсади ҳифзи захираҳои сайёҳӣ, ҳамчун дастовардҳои умумимиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

11. Назорати риояи Тартиби мазкур аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад.

12. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Тартиби мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Приложение к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "22"сентября 2022 года, №456

Порядок использования туристических ресурсов Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

]. Порядок использования туристских ресурсов Республики Таджикистан (далее - Порядок) разработан в целях регулирования эффективного использования и охраны туристических ресурсов Республики Таджикистан и определяет условия охраны, сохранения и использования туристических ресурсов Республики Таджикистан.

2. Туристические ресурсы Республики Таджикистан (далее туристические ресурсы) включает в совокупность природно- климатических, рекреационных, познавательных, бытовых и техногенных ресурсов и явлений, природно-оздоровительные объекты, культурно- историческое и паломническое наследие на территории Республики Таджикистан, привлекающих внимание туристов.

3. Туристические ресурсы вносятся в Государственный кадастр туристических ресурсов Республики Таджикистан.

2. ЦЕЛЬ И ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ТУРИСТИЧЕСКИХ РЕСУРСОВ

4. Туристические ресурсы используются для представления иностранным гражданам и гражданам Республики Таджикистан, проведения научных исследований, туристических мероприятий и организации туристических маршрутов в Республике Таджикистан.

5. Основными задачами использования туристических ресурсов являются:

- контроль за эффективным использованием и охраной туристических ресурсов;

- укрепление потенциала туристических ресурсов и правильная организация агитации и пропаганды;

- представление и привлечение большего количества туристов к туристическим ресурсам;

- формирование инфраструктуры туристических ресурсов;

- приведение в соответствие с международными стандартами и обеспечение безопасности туристов при использовании туристских ресурсов;

- формирование у населения чувства гордости и ответственности за туристические ресурсы;

- разработка целевых программ по использованию, охране и сохранению туристических ресурсов.

3. ПОРЯДОК ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ТУРИСТИЧЕСКИХ РЕСУРСОВ

6. Туристические ресурсы используются только по их прямому назначению.

7. Министерства и ведомства, местные исполнительные органы государственной власти, субъекты туристических услуг, Федерация независимых профсоюзов Таджикистана, являющиеся владельцами туристических ресурсов, по запросу уполномоченного государственного органа в сфере туризма разрабатывают соответствующие положения об их назначении, исторической, культурной, научной ценности, порядке использования, особенностях функционирования, состоянии, условиях приема и обслуживания туристов.

8. Стоимость и порядок уплаты за использование туристических ресурсов Республики Таджикистан устанавливается собственниками туристических ресурсов в порядке, установленном законодательством.

4. ЗАЩИТА И ХРАНЕНИЕ ТУРИСТИЧЕСКИХ РЕСУРСОВ

9. Уполномоченный государственный орган в сфере туризма, министерства и ведомства, местные исполнительные органы государственной власти, Федерация независимых профсоюзов Таджикистана, а также субъекты туристических услуг, в ведении которых находятся туристические ресурсы, несут ответственность за их состояние и целевое использование в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

10. Использование туристических ресурсов по предложению уполномоченного государственного органа в сфере туризма может быть ограничено постановлением Правительства Республики Таджикистан в целях защиты туристических ресурсов как объектов общенационального достояния Республики Таджикистан.

5. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

11. Контроль над соблюдением настоящего Порядка обеспечивается соответствующими министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти.

12. Физические и юридические лица за нарушение настоящего Порядка привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан