Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 27.12.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

(бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2014 № 145 аз эътибор соқит дониста шуд)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007 № 418, аз 30.11.2007 № 603, аз 05.10.2012 № 562, аз 27.12.2012 № 738)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 83 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603, аз 05.10.2012 № 562).

3. Муассисаҳои таълимии ибтидоии касбии собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳ доштани теъдод, бастҳои корӣ ва маблағгузорӣ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.

4. Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла, як муовини аввал ва ҳайати мушовараи Вазорат иборат аз 7 нафар дошта бошад. Барои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.12.2012 № 738).

5. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

6. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯхлати ду моҳ:

- низомномаҳои мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорат нишондодашударо ба истиснои раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳо ва ноҳияҳо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007 № 418);

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Э. Раҳмонов

ш. Душанбе,

аз 28 декабри соли 2006 № 594

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007 № 418)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 92 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

3. Муассисаҳои таълимии ибтидоии касбии собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳ доштани теъдод, бастҳои корӣ ва маблағгузорӣ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.

4. Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Вазир, аз ҷумла, як муовини аввал ва ҳайати мушовараи Вазорат иборат аз 7 нафар дошта бошад. Барои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.