Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 августи соли 2022, №418
тасдиқ шудааст
Тартиби пардохти музди миёнаи меҳнат ба шаҳрванд дар ҷойи кор (таҳсил) дар давраи муоинаи тиббӣ, ташхис ё табобат вобаста ба қайди ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ, даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ, дар давраи иҷрои уҳдадориҳои дигар вобаста ба бақайдгирии ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ, инчунин хароҷоти вобаста ба сафар дар давраи дар роҳ будан
1. Тартиби пардохти музди миёнаи меҳнат ба шаҳрванд дар ҷойи кор (таҳсил) дар давраи муоинаи тиббӣ, ташхис ё табобат вобаста ба қайди ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ, даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ, дар давраи иҷрои уҳдадориҳои дигар вобаста ба бақайдгирии ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ, инчунин хароҷоти вобаста ба сафар дар давраи дар роҳ будан, қоидаҳоро оид ба музди миёнаи меҳнат дар ҷойи кор (таҳсил) дар давраи муоинаи тиббӣ, ташхис ё табобат вобаста ба қайди ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ, даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ, дар давраи иҷрои уҳдадориҳои дигар вобаста ба бақайдгирии ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ, инчунин хароҷоти вобаста ба сафар дар давраи дар роҳ буданро муайян менамояд.
2. Музди миёнаи меҳнат дар ҷои кор (таҳсил) ба шаҳрванд дар давраи муоинаи тиббӣ, ташхис ё табобат вобаста ба қайди ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ, даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ, дар давраи иҷрои уҳдадориҳои дигар вобаста ба бақайдгирии ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ дар давраи аз фаъолияти меҳнатӣ дур шудани шаҳрванд, аз ҷониби ташкилотҳое, ки ӯ дар он ҷо кор (таҳсил) мекунанд, дар асоси шаҳодатномаҳои комиссариатҳои ҳарбӣ дар бораи вақти воқеии сарфкардаи шаҳрванд бо дар назар доштани вақти дар роҳ сарфшуда пардохт карда мешавад.
3. Барои уҳдадорони ҳарбие, ки онҳо дар давраи иҷрои уҳдадории ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбӣ намебошанд, бе расмиятдарории даъват (муоинаи тиббӣ, омӯзиш ва ҷудо намудани номзадон барои гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, машғулиятҳои машқӣ дар ҳайати дастаҳо оид ба иҷрои корҳои аввалиндараҷа) ҷойи кор (таҳсил) бо нигоҳ доштани пардохти музди миёнаи меҳнат (стипендия), хароҷоти сафар ҳангоми дар роҳ будан ва арзиши сафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ нигоҳ дошта мешавад.
4. Ба шаҳрвандоне, ки кор намекунанд ва ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват мешаванд, дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо музди меҳнати ҳадди ақал пардохт карда мешавад.
5. Банақшагирии молиявӣ, тақсимоти маблағҷудокунӣ, назорати фаврӣ оид ба истифодаи захираҳои молиявиро тибқи моддаҳои сметаи хароҷоти Вазорати мудофиа, дигар кӯшунҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ мақомоти ташкилӣ-сафарбарии навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо иштироки бевоситаи мақомоти молиявӣ дар асоси методикаи асосноккунии молиявӣ-иқтисодӣ, банақшагирии воситаҳои молиявӣ, ки аз ҷониби раёсати молия ва буҷети Вазорати мудофиа, дигар қӯшунҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ барои гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ таҳия шудааст, амалӣ менамоянд.
6. Назорати таъминоти пулии муқарраршуда, инчунин оид ба эътимодбахшии аз ҷониби ташкилотҳо додани маълумотнома доир ба музди миёнаи меҳнат ё суратҳисобҳо, ки ташкилотҳо барои пардохти маблағи музди миёнаи меҳнат пешниҳод менамоянд, ҳангоми гузаронидани санҷиш ва санҷиши фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ амалӣ карда мешавад.
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от "26" августа 2022 года, №418
Порядок выплаты средней заработной платы гражданину по месту работы (учебы) в период медицинского освидетельствования, диагностики или лечения в связи с воинским учётом, обязательной подготовкой к военной службе и призывом (поступлением) на военную службу, в период выполнения других обязанностей, связанных с принятием на воинский учет, обязательной подготовкой к военной службе и призывом (поступлением) на военную службу, а также расходов, связанных с поездками за период нахождения в пути
I. Порядок выплаты средней заработной платы гражданину по месту работы (учебы) в период медицинского освидетельствования, диагностики или лечения в связи с воинским учётом, обязательной подготовкой к военной службе и призывом (поступлением) на военную службу, в период выполнения других обязанностей, связанных с принятием на воинский учет, обязательной подготовкой к военной службе и призывом (поступлением) на военную службу, а также расходов, связанных с поездками за период нахождения в пути устанавливает правила по выплате средней заработной платы по месту работы (учебы) в период медицинского освидетельствования, диагностики или лечения в связи с воинским учетом, обязательной подготовкой к военной службе, призывом (поступлением) на военную службу, в период выполнения других обязательств, связанных с постановкой на воинский учет, обязательной военной подготовкой и призывом (поступлением) на военную службу, а также расходов, связанных с поездками за период нахождения в пути.
2. Оплата средней заработной платы гражданину по месту работы (учёбы) в период медицинского освидетельствования, диагностики или лечения в связи с воинским учетом, обязательной подготовкой к военной службе, призывом (поступлением) на военную службу, в период выполнения других обязательств, связанных с постановкой на воинский учет, обязательной военной подготовкой и призывом (поступлением) на военную службу гражданам в период перерыва в трудовой деятельности осуществляется предприятиями, на которых они работают, на основании удостоверений военных комиссариатов о реальном расходе времени гражданина с учётом расходуемого времени на дороге.
3. Для военнообязанных, не являющихся во время выполнения военных обязательств военнослужащими без оформления призыва (медицинского освидетельствования, изучения и подбора кандидатов для прохождения военных сборов, тренировочных занятий в составе групп для выполнения преимущественных работ), сохраняется место работы (учёбы) с сохранением выплаты средней заработной платы (стипендии), расходов на поездку в период нахождения в пути и стоимости поездок за счет средств государственного бюджета.
4. Гражданам, неработающим и призывающим на военные сборы, в период прохождения военных сборов оплачивается минимальная заработная плата местными исполнительными органами государственной власти городов и районов.
5. Финансовое планирование, распределение средств, оперативный контроль за использованием денежных средств согласно статьям расходов сметы Министерства обороны, других войск и воинских формирований осуществляется организационно-мобилизационными органами видов Вооруженных Сил, других войск и воинских формирований при непосредственном участии финансовых органов на основе разработанной финансово-бюджетным управлением Министерства обороны, других войск и воинских формирований методики финансово-экономического обоснования планирования денежных средств на проведение военных сборов.
6. Контроль за установленным денежным обеспечением, а также достоверности выдачи справок организациями о средней заработной плате или расчётных счетов, представляемых организациями для выплаты средней заработной платы, осуществляется при проведении проверок и ревизии финансово-хозяйственной деятельности.