Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 апрели соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 729 "б"
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақалли қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Мутобиқи моддаҳои 8, 9 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 26 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо дар назар доштани пешниҳоди комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Меъёри ҳадди ақалли қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 0,03 гектар муайян карда шавад.
2. Қарори мазкур тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 29 декабри соли 2016, №194 "Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2017, №729 "а" ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ вогузор карда шавад.
Раиси
Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло
аз 30 марти соли 2022,
№ 164 шаҳраки Балх
Зарегистрировано Министерством
юстиции Республики Таджикистан
29 апреля 2022 года,
регистрационный номер 729 "б"
РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН ХАТЛОНСКАЯ ОБЛАСТЬ МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ РАЙОНА
ДЖАЛОЛИДДИНИ БАЛХИ
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об определении минимальной нормы приусадебных земельных участков
гражданам в районе Джалолиддини Балхи
200.010.000
В соответствии со статьями 8, 9 и 20 конституционного Закона
Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статьёй 71
Земельного кодекса Республики Таджикистан, статьями 26 и 57 Закона Республики
Таджикистан "О нормативных правовых актов" и учитывая предложения постоянной
комиссии Маджлиса народных депутатов района Джалолиддини Балхи по вопросам
аграрии, мелиорации, ирригаций, охраны окружающей среды и использования
природных ресурсов, Маджлис народных депутатов района Джалолиддини Балхи,
ПОСТАНОВЛЯЕТ:
1. Минимальную норму приусадебных земельных участков гражданам в районе
Джалолиддини Балхи определить в 0,03 гектаров.
2. Настоящее постановление в установленном порядке представить в Министерство
юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации.
3. Настоящее постановление ввести в действие после государственной
регистрации и официального опубликования.
4. Признать утратившим силу постановление Маджлиса народных депутатов района
Джалолиддини Балхи от 29 декабря 2016 года, №194 "Об определении минимальной
нормы приусадебных земельных участков гражданам в районе Джалолиддини Балхи",
зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 26 января
2017 года, №729 "а".
5. Контроль над выполнением настоящего постановления возлагается на
постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов района Джалолиддини Балхи по
вопросам аграрии, мелиорации, ирригаций, охраны окружающей среды и использования
природных ресурсов.
Председатель Маджлиса
народных депутатов района
Джалолиддини Балхи Убайдулло Файзулло
посёлок Балх,
от 30 марта 2022 года, №164