ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 июни соли 2022, № 783
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2022, № 310
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" аз 26 марти соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 82; с. 2011, №6, мод. 450; с. 2018, №1, мод. 27) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд
Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба таъмин ва амалӣ намудани ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро танзим намуда, вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро муайян менамояд.".
2. Ба қисми 4 моддаи 5 баъд аз калимаҳои "даъват менамоянд" аломат ва калимаҳои ", инчунин таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта," илова карда шаванд.
3. Дар қисми 2 моддаи 8, қисми 8 моддаи 10, ном ва матни моддаи 12 калимаҳои "муассисаҳои таълимии динӣ", "муассисаи таълими динӣ", "Муассисаҳои таълими динӣ" ва "муассисаҳои таълими динӣ" мувофиқан ба калимаҳои "муассисаҳои таълимии таҳсилоти динӣ", "муассисаи таълимии таҳсилоти динӣ", "Муассисаҳои таълимии таҳсилоти динӣ" ва "муассисаҳои таълимии таҳсилоти динӣ" иваз карда шаванд.
4. Ба қисми 3 моддаи 9 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд.".
5. Дар қисми 3 моддаи 23 калимаҳои "муассисаҳои давлатии томактабию мактабӣ" ба калимаҳои "муассисаҳои таълимӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 19 июли соли 2022, № 1913