ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2022, № 740
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2022, № 306
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия" аз 12 январи соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 11; с. 2015, №11, мод. 975) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии сарфаҷӯии энергия, кам кардани таъсири номатлуби энергия ба ҳифзи муҳити зист ва иқлим, истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ваколатҳои мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия муайян менамояд.".
2. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- манбаъҳои барқароршавандаи энергия - манбаъҳои ҳамеша мавҷудбуда ё давра ба давра дар муҳити зист бо таъсири шуъои офтоб, бод, об (обанборҳои табиӣ ва сунъӣ), обҳои гарми зеризаминӣ, чӯб ва биомасса ҳосилшаванда, ки ба намудҳои сӯзишвории истихроҷӣ дохил намешаванд;";
- дар сархати сеюм калимаҳои "захираҳои барқароршаванда" ба калимаҳои "манбаъҳои барқароршаванда" иваз карда шаванд;
- ба сархати панҷум пас аз калимаҳои "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки" калимаи "энергияро" илова карда шавад;
- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- операторони шабакаи энергетикӣ - шахсони ҳуқуқие, ки ба хизматрасонӣ оид ба истеҳсол, интиқол ва тақсими энергия машғул мебошанд;".
3. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
4. Дар қисми 1 моддаи 9 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
5. Дар сархати ҳафтуми қисми 2 моддаи 14 калимаҳои "бо захираҳои манбаъҳои энергия" ба калимаҳои "ба захираҳои ин манбаъҳои энергия" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 19 июли соли 2022, № 1910