Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2022, № 1909 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июни соли 2022, № 738

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 2022, № 305

ҷонибдорӣ гардидааст

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" аз 29 ноябри соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 504; с. 2005, №12, мод. 633; с. 2007, №6, мод. 436, №7, мод. 672; с. 2009, №9-10, мод. 549; с. 2011, №6, мод. 440; с. 2013, №7, мод. 526, №12, мод. 898) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 2 сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика - мақомоти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи энергетика амалӣ менамоянд;".

2. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Моддаи 5(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 5(1). Самтҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи энергетика

Дастгирии давлатӣ дар соҳаи энергетика дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ;

- мусоидат ба тарҳрезӣ ва истифодаи технологияҳои муосир;

- маблағгузории барномаҳои мақсадноки давлатӣ;

- мусоидат ба таъмини фаъолияти иттилоотӣ;

- мусоидат барои ташкил ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию технологӣ;

- самтҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.".

4. Ба ном ва матни моддаи 6 пас аз калимаи "дар" калимаи "соҳаи" илова карда шавад.

5. Дар қисми сеюми моддаи 15 калимаҳои "мақоми ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ" иваз карда шаванд.

6. Моддаҳои 18(1) ва 18(2) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Моддаи 18(1). Барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар соҳаи энергетика

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои мақсадноки давлатиро дар соҳаи энергетика тасдиқ менамояд.

Барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар соҳаи энергетика мутобиқ ба афзалиятҳои дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика таҳия ва татбиқ карда мешаванд.

Моддаи 18(2). Таъминоти илмию техникӣ дар соҳаи энергетика

Таъминоти илмию техникӣ дар соҳаи энергетика дар доираи барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва амалии илмию таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳо оид ба иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию технологӣ, ки маблағгузории онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад, ба амал бароварда мешавад.".

7. Моддаи 19(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 19(1). Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи энергетиқа

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи энергетика тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳ монда мешавад.

Самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи энергетика аз инҳо иборатанд:

- мубодилаи тарафайн бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ оид ба дастовардҳои илмию технологӣ;

- иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии энергетикӣ;

- мубодилаи таҷриба оид ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- таълим ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи энергетика дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ;

- ташкил ва иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо ва семинарҳо.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 19 июли соли 2022, № 1909