Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2022, № 1906 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июни соли 2022, № 754

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 2022, № 302

ҷонибдорӣ гардидааст

 

Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2004, №12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, №3, мод. 159; с. 2007, №7, мод. 681; с. 2008, №6, мод. 459, №10, мод. 818; с. 2011, №3, мод. 160, №6, мод. 458; с. 2012, №4, мод. 250, №7, мод. 695, мод. 724, №8, мод. 818, №12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, №12, мод. 879; с. 2015, №3, мод. 211; с. 2016, №3, мод. 151, №7, мод. 625, №11, мод. 882; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 278, мод. 279; с. 2018, №2, мод. 68, №7-8, мод. 528; с. 2019, №4, мод. 228, №6, мод. 323; с. 2020, №1, мод. 24, №12, мод. 920; с. 2021, №1-2, мод. 18; с. 2022, №1-3, мод. 19), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар матни Кодекс калимаҳои "Реестри", "реестрҳо", "Реестрҳои", "реестри", "реестр", "реестрҳои", "Реестр" ва "реестрро" мувофиқан ба калимаҳои "Феҳристи", "феҳристҳо", "Феҳристҳои", "феҳристи", "феҳрист", "феҳристҳои" "Феҳрист" ва "феҳристро" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 2:

- дар қисми 2 калимаҳои "минтақаи гумрукии" ба калимаҳои "ҳудуди гумрукии" иваз карда шаванд;

- аз қисми 4 калимаи "ҳудуди" хориҷ карда шавад.

3. Қисми 1 моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нисбати муносибатҳое, ки то ҷорӣ намудани онҳо ба миён омадаанд, татбиқ намегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дар худи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар оид ба мавриди амал қарор додани онҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.".

4. Ба матни моддаи 7 баъд аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон" илова карда шаванд.

5. Дар моддаи 9:

- дар қисми 2 калимаҳои "тартиби бо" ба калимаҳои "тартиби байни" иваз карда шаванд;

- ба қисми 5 баъд аз калимаи "мақомоти" калимаҳои "таҳқиқ ва" илова карда шаванд.

6. Дар матни моддаи 23 калимаҳои "санади ҳуқуқии", "санадҳои ҳуқуқӣ" ва "санадҳои ҳуқуқиеро" мувофиқан ба калимаҳои "санади меъёрии ҳуқуқии", "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва "санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро" иваз карда шаванд.

7. Қисми 2 моддаи 37 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Нисбати моли дар банди 1) қисми 1 моддаи мазкур зикршуда низоми имтиёзнок ё низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллӣ ба шарте татбиқ (барқарор) карда мешавад, ки агар кишвари истеҳсолкардаи моли мазкур дар муддати то як сол аз рӯзи аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани декларатсияи гумрукӣ тасдиқ шавад. Дар ин ҳолат маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои пардохтшуда мувофиқи моддаи 397 ҳамин Кодекс баргардонида мешаванд.".

8. Дар қисми 2 моддаи 42, қисми 2 моддаи 44, қисми 1 моддаи 50, матни моддаи 55 ва қисми 1 моддаи 56 калимаҳои "аризадиҳанда" ва "аризадиҳандаро" мувофиқан ба калимаҳои "муроҷиаткунанда" ва "муроҷиаткунандаро" иваз карда шаванд.

9. Дар моддаи 48:

- муқаддимаи қисми модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Шикоят нисбати қарор, амали (беамалии) мақоми гумрук ё шахси мансабдори он метавонад дар муҳлати як моҳ дар ҳолатҳои зерин пешниҳод карда шавад:";

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Шикоят нисбати қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонад дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи супорида шудани нусхаи қарор ё гирифтани он пешниҳод карда шавад ва бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.".

10. Дар қисмҳои 1 ва 4 моддаи 131, қисми 2 моддаи 366 калимаҳои "Декларатсияи бори гумрукӣ", "декларатсияи бори гумрукиро", "декларатсияи бори гумрукӣ" ва "декларатсияҳои бори гумрукӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Декларатсияи гумрукии бор", "декларатсияи гумрукии борро", "декларатсияи гумрукии бор" ва "декларатсияҳои гумрукии бор" иваз карда шаванд.

11. Дар моддаи 462:

- банди 13) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"13) чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон меандешанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили хавфҳои коррупсиониро дар мақомоти гумрук мегузаронанд.";

- банди 20) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"20) муқовимат ба экстремизмро ба воситаи пешгирии ҳолатҳои аз сарҳади гумрукӣ интиқол додани маводи экстремистии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд;";

- банди 20) банди 21) ҳисобида шавад.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 19 июли соли 2022, № 1906

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ТАМОЖЕННЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят постановлением

Маджлиси намояндагон МОРТ

от 15 июня 2022 №754

Одобрен постановлением

Маджлиси милли МОРТ

от 15 июля 2022 года №302

Статья 1. Внести в Таможенный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №12, ч. 2, ст. 703, ст. 704; 2006 г., №3, ст. 159; 2007 г., №7, ст. 681; 2008 г., №6, ст. 459, №10, ст. 818; 2011 г., №3, ст. 160, №6, ст. 458; 2012 г., №4, ст. 250, №7, ст. 695, ст. 724, №8, ст. 818, №12, ч. 1, ст. 1000; 2013 г., №12, ст. 879; 2015 г., №3, ст. 211; 2016 г., №3, ст. 151, №7, ст. 625, №11, ст. 882; 2017 г., №5, ч. 1, ст. 278, ст. 279; 2018 г., №2, ст. 68, №7-8, ст. 528; 2019 г., №4, ст. 228, №6, ст. 323; 2020 г., №1, ст. 24, №12, ст. 920; 2021 г., №1-2, ст. 18; 2022 г., № 1-3, ст. 19), следующие изменения и дополнения:

1. В части 4 статьи 2 слова "территорий, указанных" заменить словами "зон, указанных".

2. Часть 1 статьи 5 изложить в следующей редакции:

"1. Действия нормативных правовых актов Республики Таджикистан в области таможенного дела не распространяются на отношения, возникшие до их вступления в силу, за исключением случаев, если иной порядок не указан в самих нормативных правовых актах или в других нормативных правовых актах о введении их в действие.".

3. Текст статьи 7 после слов "нормативными правовыми актами Республики Таджикистан" дополнить словами "и или международными правовыми актами, признанными Таджикистаном".

4. В части 5 статьи 9 слова "и органам" заменить словами ", органам дознания и".

5. В тексте статьи 23 слова "правовых актах", "правовые акты" и "правовых актов" соответственно заменить словами "нормативных правовых актах", "нормативные правовые акты" и "нормативных правовых актов".

6. В статье 48:

- преамбулу статьи изложить в следующей редакции:

"1. Жалоба на решение, действие (бездействие) таможенного органа или его должностного лица может быть подана в течение одного месяца в следующих случаях:";

- дополнить частью 2 следующего содержания:

"2. Жалоба на решение по делу об административных правонарушениях может быть подана в течение десяти суток с момента вручения экземпляра решения или получения, и она рассматривается в порядке, определенном Процессуальным кодексом об административных правонарушениях Республики Таджикистан.".

7. В статье 462:

- пункт 13) изложить в следующей редакции:

"13) принимают необходимые меры по предотвращению и выявлению правонарушений, связанных с коррупцией, при перемещении товаров и транспортных средств через таможенную границу Республики Таджикистан и в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан, проводят анализ коррупционных рисков в таможенных органах;";

- дополнить пунктом 20) следующего содержания:

"20) осуществляют противодействие экстремизму посредством пресечения случаев незаконной перевозки через таможенную границу экстремистских материалов, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан;";

- пункт 20) считать пунктом 21).

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                               Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 19 июля 2022 года, №1906