Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2022, № 1901 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 июни соли 2022, № 775

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 2022, № 293

ҷонибдорӣ гардидааст

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 330 қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"3. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуӣ ва шишаи қафо, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо ё шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо,

ба андозаи ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

4. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо,

ба андозаи ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";

- қисми 3 қисми 5 ҳисобида шавад.

2. Ба моддаи 336 қисмҳои 4, 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"4. Барои аз тарафи ронанда бе категорияи мувофиқ идора кардани воситаи нақлиёт,

ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

5. Барои ба шахсе, ки ҳуқуқи идоракунии категорияи мувофиқ ба воситаи нақлиётро надорад, вогузоштани идоракунии он,

ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

6. Барои содир намудани кирдори бо қисми чоруми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ва дигар иншоот ё дигар молу мулк гаштааст,

ба андозаи яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 19 июли соли 2022, № 1901