Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2022, № 1900 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июни соли 2022, №761

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 2022, № 292

ҷонибдорӣ гардидааст

 

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №1, мод. 3, №7-9, мод. 602, мод. 608; с. 2021, №1-2, мод. 5, № 4, мод. 197, №12, қ. 2, мод. 684, мод. 685; с. 2022, №1-3, мод. 4), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати ёздаҳуми қисми 1 моддаи 35 калимаҳои "ташкилотҳои кредитӣ" ба калимаҳои "дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ" иваз карда шаванд.

2. Ба қисми 1 моддаи 168 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- ба таҳқиқбаранда ва муфаттиш барои ба суд пешниҳод намудани дархост оид ба ҳабси маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ қарор доранд, розигӣ диҳад;".

3. Дар моддаи 197:

- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Дар ҳолати берун аз ҷумҳурӣ будани шоҳид ё ҷабрдида пурсиш мумкин аст ба таври фосилавӣ бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ ва почтаи электронӣ бо тартиб додани протоколи пурсиш ба роҳ монда шуда, бо имзои рақамӣ тасдиқ карда шавад. Муфаттиш метавонад пурсиши фосилавиро бо иштироки шахсони холис гузаронад. Пурсиш бо риояи талаботи моддаҳои 199-203 Кодекси мазкур ва бе тартиб додани протоколи пурсиш анҷом дода мешавад.".

4. Ба ҷумлаи сеюми қисми 5 моддаи 408 пас аз калимаи "Эътирози" калимаҳои "Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" илова карда шаванд.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 19 июли соли 2022, № 1900

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНО - ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят постановлением

 Маджлиси намояндагон МОРТ

от 15 июня 2022 №761

Одобрен постановлением 

Маджлиси милли МОРТ 

от 15 июля 2022 года №292

Статья 1. Внести в Уголовно - процессуальный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2009 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №12, ст. 815, ст. 816; 2010 г., №7, ст. 551; 2011 г., №3, ст. 159, №7-8, ст. 609; 2012 г., №4, ст. 259, №7, ст. 714, №8, ст. 815, №12, ч. 1, ст. 1020, 1025; 2013 г., №7, ст. 510, ст. 511; 2014 г., №3, ст. 142, №11, ст. 643; 2015 г., №11, ст. 950; 2016 г., №3, ст. 128, №5, ст. 357, №7, ст. 610, ст. 611; 2017 г., №2, ст. 4; 2018 г., №5, ст. 267; 2019 г., №1, ст.З; 2020 г., №1, ст. 3, №7-9, ст. 602, ст. 608; 2021 г., №1-2, ст.5, №4, ст.197, №12, ч. 2, ст. 684, ст. 685; 2022 г., №1-3, ст. 4), следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце одиннадцатом части 1 статьи 35 слова "кредитных организациях" заменить словами "кредитных финансовых организациях".

2. Часть 1 статьи 168 дополнить абзацем пятым следующего содержания:

"- даёт согласие дознавателю, следователю на представление ходатайства в суд о разрешении наложения ареста на денежные средства физических и юридических лиц, находящихся на счетах и во вкладах или на хранении в банках и кредитных финансовых организациях;".

3. В статье 197:

- текст статьи считать частью 1 и пронумеровать;

- дополнить частью 2 следующего содержания:

"2. В случае нахождения свидетеля или потерпевшего за пределы республики допрос может быть осуществлен дистанционно с использованием телекоммуникационных систем и электронной почты с составлением протокола, подтвержденного цифровой подписью. Следователь может производить дистанционный допрос в присутствии понятых. Допрос производится с соблюдением требований статьей 199-203 настоящего Кодекса без составления протокола.".

4. В части 6 статьи 235 слова "абзацем вторым" исключить.

5. В третьем предложении части 5 статьи 408 после слово "Протест" дополнить словами "Генерального прокурора Республики Таджикистан и".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                                   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 19 июля 2022 года №1900