Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2022, № 1897 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июни соли 2022, № 759

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 2022, № 289

ҷонибдорӣ гардидааст

Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 604) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар сархати ҳаждаҳум калимаи "моликияти" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад;

- дар сархати бисту ҳафтум калимаи "медиҳанд" ба калимаҳои "таъмин менамоянд" иваз карда шавад;

- ба сархати ҳафтоду якум пас аз калимаҳои "ташкилот ё" калимаҳои "дар назди" илова карда шаванд.

2. Дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 моддаи 9 ва моддаи 295 калимаи "соҳибони" ба калимаи "моликони" иваз карда шавад.

3. Дар қисми 4 моддаи 12 калимаҳои "розигии тарафҳо" ба калимаҳои "созишномаи тарафҳо, шартномаҳои коллективӣ" иваз карда шаванд.

4. Ба моддаи 17 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Бе асос рад намудани корфармо аз бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахсе, ки аз ҳисоби квота барои бо ҷойи кор таъмин шудан фиристода шудааст, манъ аст.".

5. Дар сархати панҷуми қисми 2 моддаи 18 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 179 калимаҳои "моликияти" ва "моликият" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулки" ва "молу мулк" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаҳои 26, 27, ном ва матни моддаи 38, моддаҳои 42, 196, номи боби 27, моддаҳои 281-284, ном ва матни моддаи 285, моддаҳои 301, 303, 307, 310, 312 ва 326 калимаҳои "соҳибмулки", "соҳибмулк", "Соҳибмулки", "соҳибмулкро", "СОҲИБМУЛКИ", "соҳибмулкон", "соҳибмулконе" ва "соҳибмулкии" мувофиқан ба калимаҳои "молики", "молик", "Молики", "моликро", "МОЛИКИ", "моликон", "моликоне" ва "моликии" иваз карда шаванд.

7. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 51 калимаҳои "сархати сеюми" ва "сархати чоруми" мувофиқан ба калимаҳои "сархати чоруми" ва "сархати панҷуми" иваз карда шаванд.

8. Дар қисми 1 моддаи 127 калимаҳои "таҳсилоти олӣ" ба калимаҳои "таҳсилоти олии касбӣ" иваз карда шаванд.

9. Моддаи 288(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 288(1). Маҳдудиятҳо оид ба машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ дар самти кор бо ноболиғон

Барои амалӣй намудани фаъолияти меҳнатӣ дар самти кор бо ноболиғон қабули шахсони зерин манъ аст, агар:

- ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҷиноят содир карда бошанд;

- барои содир кардани ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин доғи судӣ дошта бошанд;

- гирифтори бемориҳое бошанд, ки номгӯи онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шудаанд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 19 июли соли 2022, № 1897