ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июни соли 2022, № 757
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2022, № 288
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, 12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод.750; с.2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586; с. 2018, №1, мод. 4, мод. 5, №5, мод. 266, №7-8, мод. 522; с. 2019, №1, мод. 1, мод. 2, №6, мод. 311; с. 2020, №1, мод. 8, мод. 9, №7-9, мод. 607, мод. 623, №12, мод. 904; с. 2021, №4, мод. 196, №12, қ. 2, мод. 683), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 47:
- банди в) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"в) якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;";
- бандҳои в), г), д), е), ж), з), и), к), л) ва м) мувофиқан бандҳои г), д), е), ж), з), и), к), л), м) ва н) ҳисобида шаванд.
2. Ба қисми 2) моддаи 48 пас аз калимаҳои "фаъолияти муайян" аломат ва калимаҳои ", якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян," илова карда шаванд.
3. Моддаи 50(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 50(1). Якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян
Якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қисми махсуси Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.".
4. Ба қисми 2) моддаи 71 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати шахсе, ки барои ҷинояти бо қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур пешбинишуда ба ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, татбиқ карда намешавад.".
5. Қисми 6) моддаи 75 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"6) Нисбати шахсоне, ки ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият ҷиноят содир кардаанд, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан татбиқ карда намешавад.".
6. Банди г) қисми 7) моддаи 76 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"г) шахсе, ки барои ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият маҳкум карда шудааст.".
7. Қисми 5) моддаи 81 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"5) Нисбати шахсоне, ки барои ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият маҳкум карда шудаанд, мӯҳлати иҷрои ҳукм татбиқ карда намешавад.".
8. Дар моддаи 138:
- ба санксияи қисми 2) пас аз калимаҳои "дувоздаҳ сол" калимаҳои "бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян" илова карда шаванд;
- ба санксияи қисми 3) пас аз калимаҳои "бисту панҷ сол" калимаҳои "бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян" илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 139:
- санксияи қисми 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад.";
- санксияи қисми 3) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад.";
- санксияи қисми 4) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз бист то бисту панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ва ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.".
10. Дар моддаи 141:
- ба санксияи қисми 1) пас аз калимаҳои "панҷ сол" калимаҳои "бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян" илова карда шаванд;
- ба диспозитсияи банди в) қисми 2) пас аз калимаҳои "шахси вазифаҳои" калимаҳои "таълимӣ ва" илова ва дар санксияи он калимаҳои "маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он" ба калимаҳои "якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3) калимаҳои "маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он" ба калимаҳои "якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 142:
- ба санксияи қисми 1) пас аз калимаи "мӯҳлат" калимаҳои "бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян" илова карда шаванд;
- ба диспозитсияи банди в) қисми 2) пас аз калимаҳои "шахси вазифаҳои" калимаҳои "таълимӣ ва" илова ва дар санксияи он калимаҳои "маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он" ба калимаҳои "якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян" иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 142(1):
- дар санксияи қисмҳои 2) ва 3) калимаҳои "маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он" ба калимаҳои "якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян" иваз карда шаванд;
- ба модда эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Эзоҳ: Ҷазои якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба шахсе татбиқ карда мешавад, ки ҷиноятро нисбат ба ноболиғ содир кардааст ва он дар санксияи моддаҳои боби мазкур пешбинӣ шудааст - аз манъ кардани ишғоли мансаб ва ё фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии соҳаҳои маориф, тарбия, инкишофи ноболиғон, ташкил намудани истироҳат ва солимгардонӣ, таъминоти тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, дар соҳаи варзиши кӯдакону наврасон, фарҳанг ва санъат бо иштироки ноболиғон, инчунин машғул шудан ба чунин фаъолият дар асоси инфиродӣ ё фаъолияти дигаре, ки кор бо ноболиғонро дар бар гирифтааст, иборат аст.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 19 июли соли 2022, № 1896