ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 майи соли 2022, № 728
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2022, № 309
ҷонибдорӣ гардидааст
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба моддаи 3(1) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 6 августи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 517; с. 2003, №12, мод. 689; с. 2004, №12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, №7, мод. 397; с. 2006, №3, мод. 145; с. 2007, №7, мод. 654; с. 2011, №12, мод. 831, мод. 832; с. 2012, №8, мод. 812; с. 2016, №7, мод. 601; с. 2017, № 7-9, мод. 564; с. 2020, № 12, мод. 899; с. 2021, № 6, мод. 381) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар матни модда калимаи "Ҳамчун" ба калимаҳои "Ман (насаб, ном ва номи падар), ҳамчун" иваз карда шавад;
- қисмҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Ҳангоми савгандёдкунии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар толори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз минбар рост истода, дасти рости худро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунанд.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон пас аз савгандёдкунӣ ба зери матни савганд имзо гузошта, онро ба раисикунандаи иҷлосия месупоранд.
Матни савганди имзонамудаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар парвандаи шахсии онҳо нигоҳ дошта мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 19 июли соли 2022, № 1889