Низомномаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009, № 93 дар таҳрири нав қабул карда шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 феврали соли 2009, №93
тасдик шудааст
НИЗОМНОМАИ Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2010 № 587, аз 11.10.2012 № 573, аз 26.06.2021 № 254)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи захираи давлатӣ амалӣ мекунад.
2. Фаъолияти Агентӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин муқаррароти Низомномаи мазкур амалӣ мегардад ().
3. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар амалӣ менамояд.
2. Функсияҳо ва вазифаҳои Агентӣ
4. Агентӣ функсияҳои зеринро дорад:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ;
- ҳифзи амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи таъминоти методологии ҷараёни ташаккули сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
- татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини идораи самараноки сарватҳои моддии захираи давлатӣ.
5. Бо мақсади татбиқи функсияҳо доир ба идораи сарватҳои моддии захираи давлатӣ Агентӣ вазифаҳои зеринро дар доира ва тартиби муайянамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд:
- доир ба масъалаҳои идораи сарватҳои моддии захираи давлатӣ санадҳои меьёрӣ ва ҳуҷҷатҳои методиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- барои хариди сарватҳои моддӣ баҳри ташаккули захираи давлатӣ чораҳо меандешад;
- ташаккул, ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии сарватҳои моддии захираи давлатиро ташкил менамояд;
- шароити нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатиро бо дарназардошти талаботи стандартҳои давлатӣ ва шароитҳои техникӣ муайян менамояд;
- назоратро аз болои миқдор, сифат, ҳолат ва ҳаракати сарватҳои моддии захираи давлатӣ таъмин менамояд;
- баровардани сарватҳои моддии захираи давлатиро бо мақсади навкунӣ, ивазкунӣ, қарзгирӣ ва аз ҳолати ҳифозат таъмин менамояд.
- доир намудани озмунҳо, бастани қарордодҳои давлатӣ барои тақсими фармоишот ҷиҳати интиқоли мол, иҷрои кор ва хизматрасониро барои эҳтиёҷоти захираҳои давлатӣ таъмин менамояд;
- идоракунии сарватҳои моддии захираи давлатиро амалӣ менамояд;
- фаъолияти иқтисодии ташкилотҳои зертобеъро таҳлил ва нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд, дар ташкилотҳои зертобеъ санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагиро анҷом медиҳад ();
- вазифаи фармоишгари давлатии барнома ва лоиҳаҳои мақсаднок, илмию техникӣ ва инноватсиониро дар соҳаи фаъолияти Агентӣ иҷро менамояд;
- вазифаҳои қабулкунанда ва тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетиро, ки барои нигоҳдории Агентӣ ва татбиқи вазифаҳои ба Агентӣ вогузоршуда пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд;
- ташкилотҳои давлатиро таъсис дода оинномаи онҳоро тасдиқ менамояд ();
- ваколати соҳибмулкиро нисбат ба моликияте, ки барои амалӣ намудани фаъолияти худ ҳамчун мақоми ҳокимияти иҷроия дар идораи сарватҳои моддии захираи давлатӣ заруранд, аз ҷумла моликияти барои идораи таъҷилӣ ба ташкилотҳои зертобеъи худ супоридаашро татбиқ менамояд ();
- дар доираи салоҳияти худ таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ доштаро таъмин менамояд;
- омодасозии касбӣ, бозомӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва таҷрибаомӯзии кормандони Агентиро ташкил мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Агентӣ дохиланд, хамкорӣ менамояд;
- корҳои пурракунӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар ҷараёни фаъолияти Агентӣ пайдо мешаванд, амалӣ месозад;
- қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиати шифоҳию хаттии шаҳрвандон, инчунин вобаста ба онҳо қабул кардани қарор ва ба муроҷиаткунандагон фиристодани ҷавобҳоро таъмин менамояд;
6. Дигар функсияҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, иҷро менамояд.
3. Ҳуқуқҳои Агентӣ
7. Агентӣ бо мақсади татбиқи функсияҳояш ҳуқуқ дорад:
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Агентӣ дахл доранд, тавзеот диҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои кор карда баромадани масъалаҳо мутахассисони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳоро ҷалб намояд;
- дар доираи салоҳияти худ мақомоти машваратӣ ва ташхисиро (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) ташкил намояд.
- аз дигар мақомоти давлатӣ маълумоти заруриро, ки барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳояш лозиманд, дархост намояд ();
- барои андӯхту хизматрасонии захираи давлатӣ маблағҳоро аз ҳисоби ташкилотҳои молиявии милливу байналмилалӣ ҷалб намояд ().
4. Ташкили фаъолият
8. Ба Агентӣ Директор сарварӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
9. Директори Агентӣ муовинҳо дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Директори Агентӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
Шумораи муовинони Директори Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
10. Директори Агентӣ:
- ҷиҳати иҷрои функсия ва вазифаҳои ба Агентӣ вогузоршуда оид ба идораи самараноки сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла харид, ташаккул, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии онҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ҷавобгар мебошад.
- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим менамояд;
- оид ба ҳадди ниҳоии шумора ва фонди пардохти музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ таклифҳо пешниҳод мекунад;
- лоиҳаи нақшаи солона ва нишондодҳои дурнамои фаъолияти Агентӣ ва ҳамчунин ҳисоботро оид ба иҷрои онҳо таҳия ва пешниҳод менамояд:
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентиро тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраршуда кормандони дастгоҳи марказии Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- оинномаи ташкилотҳои зертобеъи худро тасдиқ менамояд, роҳбарони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад ();
- назорати фаъолияти ташкилотҳои зертобеъи Агентиро таъмин менамояд ();
- оид ба доир намудани санҷишҳои ҳолати нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ, ки дар нуқтаҳои нигоҳдорӣ маҳфузанд, қарор қабул намуда, барои доир намудани чунин санҷишҳо метавонад мутахассисони мақомоти давлатии дахлдорро ҷалб намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Агентӣ ҳал менамояд;
- сохтор ва ҷадвали воҳидҳои кории дастгоҳи марказии Агентӣ ва муассисаҳои зертобеъро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандони Агентӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, тартиб медиҳад, инчунин сметаи хароҷотро барои нигоҳдории системаҳои захираҳои моддии давлатӣ дар доираи маблағгузории тасдиқшуда барои давраи дахлдоре, ки буҷети давлатӣ пешбинӣ намудааст, тасдиқ мекунад;
- оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Агентӣ фармоишҳо мебарорад ().
11. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ муайяншуда, таъмин карда мешавад.
12. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, дигар мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳои шакли муқарраршуда ва суратҳисобҳо дар Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
13. Маҳалли ҷойгиршавии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, 14 ().
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 феврали соли 2009, №93
тасдик шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати таҳлил ва банақшагирии захираи давлатӣ
Раёсати ташкил ва идораи захираи давлатӣ
Раёсати молия ва муҳосибот
Раёсати кадрҳо, хоҷагидорӣ ва корҳои махсус
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ
Бахши идораи захираи сафарбарӣ
Бахши коргузорӣ ва назорат ().
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 феврали соли 2009, №93
тасдиқ шудааст
НОМГӯИ корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии системаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташкилотҳои "Захираи нафтӣ" ()
Ташкилотҳои "Захираи моддӣ" ()
Ташкилотҳои "Захираи моддии Суғд" ()
Ташкилотҳои "Захираи ғалла" ()
Ташкилотҳои "Захираи газ" ()
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Суғдиён" ()
Низомномаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009, № 93 дар таҳрири нав қабул карда шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 феврали соли 2009, №93
тасдик шудааст
НИЗОМНОМАИ Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи захираи давлатӣ амалӣ мекунад.
2. Фаъолияти Агентӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин муқаррароти Низомномаи мазкур амалӣ мегардад.
3. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар амалӣ менамояд.
2. Функсияҳо ва вазифаҳои Агентӣ
4. Агентӣ функсияҳои зеринро дорад:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ;
- ҳифзи амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи таъминоти методологии ҷараёни ташаккули сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
- татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини идораи самараноки сарватҳои моддии захираи давлатӣ.
5. Бо мақсади татбиқи функсияҳо доир ба идораи сарватҳои моддии захираи давлатӣ Агентӣ вазифаҳои зеринро дар доира ва тартиби муайянамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд:
- доир ба масъалаҳои идораи сарватҳои моддии захираи давлатӣ санадҳои меьёрӣ ва ҳуҷҷатҳои методиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- барои хариди сарватҳои моддӣ баҳри ташаккули захираи давлатӣ чораҳо меандешад;
- ташаккул, ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии сарватҳои моддии захираи давлатиро ташкил менамояд;
- шароити нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатиро бо дарназардошти талаботи стандартҳои давлатӣ ва шароитҳои техникӣ муайян менамояд;
- назоратро аз болои миқдор, сифат, ҳолат ва ҳаракати сарватҳои моддии захираи давлатӣ таъмин менамояд;
- баровардани сарватҳои моддии захираи давлатиро бо мақсади навкунӣ, ивазкунӣ, қарзгирӣ ва аз ҳолати ҳифозат таъмин менамояд.
- доир намудани озмунҳо, бастани қарордодҳои давлатӣ барои тақсими фармоишот ҷиҳати интиқоли мол, иҷрои кор ва хизматрасониро барои эҳтиёҷоти захираҳои давлатӣ таъмин менамояд;
- идоракунии сарватҳои моддии захираи давлатиро амалӣ менамояд;
- фаъолияти иқтисодии корхонаҳои зертобеъро таҳлил ва нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд, дар корхонаҳои зертобеъ санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагиро анҷом медиҳад;
- вазифаи фармоишгари давлатии барнома ва лоиҳаҳои мақсаднок, илмию техникӣ ва инноватсиониро дар соҳаи фаъолияти Агентӣ иҷро менамояд;
- вазифаҳои қабулкунанда ва тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетиро, ки барои нигоҳдории Агентӣ ва татбиқи вазифаҳои ба Агентӣ вогузоршуда пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд;
- корхонаҳои давлатиро таъсис дода оинномаи онҳоро тасдиқ менамояд;
- ваколати соҳибмулкиро нисбат ба моликияте, ки барои амалӣ намудани фаъолияти худ ҳамчун мақоми ҳокимияти иҷроия дар идораи сарватҳои моддии захираи давлатӣ заруранд, аз ҷумла моликияти барои идораи таъҷилӣ ба корхонаҳои зертобеъи худ супоридаашро татбиқ менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ доштаро таъмин менамояд;
- омодасозии касбӣ, бозомӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва таҷрибаомӯзии кормандони Агентиро ташкил мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Агентӣ дохиланд, хамкорӣ менамояд;
- корҳои пурракунӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар ҷараёни фаъолияти Агентӣ пайдо мешаванд, амалӣ месозад;
- қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиати шифоҳию хаттии шаҳрвандон, инчунин вобаста ба онҳо қабул кардани қарор ва ба муроҷиаткунандагон фиристодани ҷавобҳоро таъмин менамояд;
6. Дигар функсияҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, иҷро менамояд.
3. Ҳуқуқҳои Агентӣ
7. Агентӣ бо мақсади татбиқи функсияҳояш ҳуқуқ дорад:
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Агентӣ дахл доранд, тавзеот диҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои кор карда баромадани масъалаҳо мутахассисони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳоро ҷалб намояд;
- дар доираи салоҳияти худ мақомоти машваратӣ ва ташхисиро (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) ташкил намояд.
- аз дигар мақомоти давлатӣ маълумоти заруриро, ки барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳояш лозиманд, дархост намояд.
4. Ташкили фаъолият
8. Ба Агентӣ Директор сарварӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
9. Директори Агентӣ муовинҳо дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Директори Агентӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
Шумораи муовинони Директори Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
10. Директори Агентӣ:
- ҷиҳати иҷрои функсия ва вазифаҳои ба Агентӣ вогузоршуда оид ба идораи самараноки сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла харид, ташаккул, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии онҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ҷавобгар мебошад.
- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим менамояд;
- оид ба ҳадди ниҳоии шумора ва фонди пардохти музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ таклифҳо пешниҳод мекунад;
- лоиҳаи нақшаи солона ва нишондодҳои дурнамои фаъолияти Агентӣ ва ҳамчунин ҳисоботро оид ба иҷрои онҳо таҳия ва пешниҳод менамояд:
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентиро тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраршуда кормандони дастгоҳи марказии Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- оинномаи корхонаҳои воҳиди давлатиии ҷумҳуриявии зертобеъи худро тасдиқ менамояд, роҳбарони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- назорати фаъолияти корхонаҳои зертобеъи Агентиро таъмин менамояд:
- оид ба доир намудани санҷишҳои ҳолати нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ, ки дар нуқтаҳои нигоҳдорӣ маҳфузанд, қарор қабул намуда, барои доир намудани чунин санҷишҳо метавонад мутахассисони мақомоти давлатии дахлдорро ҷалб намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Агентӣ ҳал менамояд;
- сохтор ва ҷадвали воҳидҳои кории дастгоҳи марказии Агентӣ ва муассисаҳои зертобеъро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандони Агентӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, тартиб медиҳад, инчунин сметаи хароҷотро барои нигоҳдории системаҳои захираҳои моддии давлатӣ дар доираи маблағгузории тасдиқшуда барои давраи дахлдоре, ки буҷети давлатӣ пешбинӣ намудааст, тасдиқ мекунад;
- оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Агентӣ амру фармонҳо мебарорад.
11. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ муайяншуда, таъмин карда мешавад.
12. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, дигар мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳои шакли муқарраршуда ва суратҳисобҳо дар Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
13. Маҳалли ҷойгиршавии Агентӣ - шаҳри Душанбе.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 феврали соли 2009, №93
тасдиқ шудааст
СОХТОРИ дастгоҳи марказии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Раёсати татбиқи сиёсати давлатӣ, банақшагирии стратегӣ ва идораи захираи давлатӣ
3. Раёсати ташкил ва ташаккули сарватҳои моддии захираи давлатӣ
4. Раёсати муҳосибот, баҳисобгирӣ ва аудит
5. Раёсати корҳои махсус, сиёсати кадрҳо ва хоҷагидорӣ
6. Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 феврали соли 2009, №93
тасдиқ шудааст
НОМГӯИ корхонаҳои воҳиди давлатии ҷумҳуриявии системаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Захираи нафтӣ"
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Захираи моддӣ"
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Захираи моддии Суғд"
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Захираи ғалла"
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Захираи газ"