Низомномаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, №652

Санаи амалкуни: 26.06.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Низомномаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶТ     аз 02.02.2009, № 93 дар таҳрири нав қабул карда шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 феврали соли 2009, №93

тасдик шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 феврали соли 2009, №93

тасдик шудааст

НИЗОМНОМАИ Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2010 № 587, аз 11.10.2012 № 573, аз 26.06.2021 № 254)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2010 № 587, аз 11.10.2012 № 573, аз 26.06.2021 № 254)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи захираи давлатӣ амалӣ мекунад.

2. Фаъолияти Агентӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин муқаррароти Низомномаи мазкур амалӣ мегардад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2021 № 254).

3. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар амалӣ менамояд.

2. Функсияҳо ва вазифаҳои Агентӣ

4. Агентӣ функсияҳои зеринро дорад:

...

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2007, №652

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии (минбаъд - Агентӣ) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи захираҳои моддии давлатӣ амалӣ мекунад.

2. Фаъолияти Агентӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва инчунин Низомномаи мазкур амалӣ мегардад.

3. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар амалӣ менамояд.

II. Салоҳият

4. Агентӣ салоҳияти зеринро дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда амалӣ менамояд:

- аз захираи давлатӣ бо мақсади навкунӣ ва ивазкунӣ баровардани сарватҳои моддии дар ташкилотҳои низоми захираи давлатӣ нигоҳдошташаванда дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Навкунии сарватҳои моддии захираҳои давлатӣ, ки дар ташкилотҳо барои нигоҳдорӣ ҷойгир карда шудаанд, ҳамчунин ивазкунии онҳо дар асоси шартнома ба маҳсулоти навъ ва сифати мушобеҳ аз ҷониби ташкилотҳои номбурда мустақилона гузаронида мешавад. Барои навъҳои алоҳидаи сарватҳои моддии захираи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии тартиби дигари навкунӣ ва ивазкуниро муқаррар карда метавонад:

- баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ бо тартиби қарзгирӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қоидаҳои баровардан бо тартиби қарзгирӣ ва баргардонидани сарватҳои моддии захираҳои давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

- баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ бо тартиби аз ҳолати ҳифозат баровардан аз тарафи мақоми ваколатдор дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо тартиби муқарраршуда гузаронидани озмунҳо, бастани қарордодҳои давлатӣ барои тақсими фармоишот ҷиҳати интиқоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти захираҳои давлатӣ;

- бо тартиби муқаррашуда ташаккул, ҷойгиркунӣ, нигаҳдорӣ ва хизматрасонии захираҳои арзиши моддии захираҳои моддии давлатӣ ва ҳифзи идоравии онҳо;

- бо тартиби муқарраршуда назорати мавҷудияти арзишҳои моддии захираи моддии давлатӣ, ҳаракат ва ҳолати онҳоро ташкил менамояд;

- идоракунии низоми захираи моддии давлатиро амалӣ менамояд;

- бо тартиби муқарраршуда саривақт навкунии арзишҳои моддии захираи моддии давлатиро амалӣ менамояд;

- муайян кардани шартҳои дар захираи моддии давлатӣ нигаҳдорӣ кардани арзишҳои моддӣ бо дар назардошти талаботи стандартҳои давлатӣ ва шароитҳои техникӣ;

- иҷрои вазифаи фармоишгари давлатии барнома ва лоиҳаҳои мақсаднок, илмию техникӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи фаъолияти Агентӣ;

- амалӣ намудани вазифаи тақсимкунанда ва қабулкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ, ки барои нигаҳдории Агентӣ ва татбиқи вазифаҳои ба Агентӣ вогузоршуда пешбинӣ шудааст;

- қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон ва вобаста ба он қабул кардани қарор ва ба муроҷиаткунандагон дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодани ҷавоб;

- дар доираи салоҳияти худ таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;

- ташкили омодасозии касбӣ, бозомӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва таҷрибаомӯзии кормандони Агентӣ;

- бо тартиби муқарраршуда ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи муқаррарнамудаи соҳаи фаъолият;

- мутобиқи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани корҳои пурракунӣ, нигаҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Агентӣ пайдо шудааст;

- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар дар доираи муқаррарнамудаи соҳаи фаъолият, агар чунин салоҳият дар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошад.

5. Агентӣ бо мақсади татбиқи салоҳияташ дар доираи муқаррарнамудаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Агентӣ дахл доранд, тавзеҳ диҳад;

- бо тартиби муқарраршуда барои коркарди масъалаҳо дар доираи муқаррарнамудаи соҳаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилот, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- дар доираи муқаррарнамудаи соҳаи фаъолият мақомоти машваратӣ ва коршиносиро (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳоро) ташкил намояд.

6. Агентӣ ҳуқуқ надорад, ки танзими меъёрӣ-ҳуқуқиро дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият ва вазифаҳоро оид ба санҷиш ва назорат амалӣ намояд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.

III. Ташкили фаъолият

7. Ба Агентӣ Директор сарварӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Директори Агентӣ ҷиҳати иҷрои салоҳиятҳои ба Агентӣ вогузоршуда масъулияти шахсӣ дорад.

Директори Агентӣ муовинҳо дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Миқдори муовинони Директори Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

8. Директори Агентӣ:

- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим менамояд;

- оид ба ҳадди ниҳоии шумора ва фонди пардохти музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказӣ пешниҳод манзур менамояд;

- оид ба таъин намудан ба вазифа ва аз вазифа озод намудани муовинони роҳбари Агентӣ пешниҳод манзур менамояд;

- лоиҳаи нақшаи солона ва нишондодҳои дурнамои фаъолияти Агентӣ ва ҳамчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро пешниҳод менамояд;

- бо тартиби муқарраршуда кормандони дастгоҳи марказии Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Агентӣ ҳал менамояд;

- сохтор ва ҷадвали штатии дастгоҳи марказии Агентиро дар ҳудуди фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи хароҷотро барои нигаҳдории дастгоҳи марказии Агентӣ дар ҳудуди маблағи тасдиқшуда ба давраи марбута, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ менамояд;

- оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти Агентӣ фармонҳо мебарорад.

9. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

10. Маҳалли ҷойгиршавии Агентӣ шаҳри Душанбе мебошад.

 

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2007, №652

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Роҳбарият                                                 3 нафар

Сектори харид ва муҳосибот                                3 нафар

Шӯъбаи захираҳои давлатӣ ва сафарбарӣ                     4 нафар

Шӯъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва ҳифзи иттилоот            4 нафар

Шӯъбаи ҳуқуқ                                              2 нафар