Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 670 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят"

Мутобиқи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" барои ятимдухтарон таъсис дода шавад.

2. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии "Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" бо теъдоди 18 воҳиди корӣ муқаррар гардида, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории нигоҳдории онро аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ намояд.

3. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят"-ро ҳал намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

5. Бинои хобгоҳи ятимдухтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/8 ба тавозуни Муассисаи давлатии "Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" гузаронида шавад.

6. Банди 1 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 608 "Дар бораи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Номгӯи ташкилот ва муассисаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3)".

7. Қарори мазкур аз 1 марти соли 2009 амалӣ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 декабри соли 2008 № 670

ш. Душанбе

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2008 № 670

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилот ва муассисаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят"

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного учреждения "Учебного центра "Чароги хидоят"

В соответствии со статьей 132 гражданского Кодекса Республики Таджикистан и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение "Учебный центр "Чароги хидоят" для девушек сирот.

2. Министерству финансов Республики Таджикистан установить предельную численность работников Государственного учреждения "Учебного центра "Чароги хидоят" в количестве 18 штатных единиц и осуществлять его финансирование и содержание из средств республиканского бюджета.

3. Комитету по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан в установленном порядке решить правовые вопросы Государственного учреждения "Учебного центра "Чароги хидоят".

4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан внести соответствующие изменения в учетные данные.

5. Передать здание общежития девушек сирот Таджикского национального университета расположенное в городе Душанбе по улице Нахимова 64/8 на баланс Государственного учреждения "Учебного, центра "Чароги хидоят".

6. Пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №608 "О Комитете по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан" изложить в следующей редакции:

"1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Перечень организаций и учреждений Комитета по делам "женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1,2 и 3)".

7. Данное постановление ввести в действие с 1 марта 2009 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

от 31 декабря 2008 года № 670

г. Душанбе

Приложение 3

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 31 декабря 2008 года №670

Перечень организаций и учреждений Комитета по делам женщин и семьи, при Правительстве Республики Таджикистан

1. Государственное учреждение Учебный центр "Чароги хидоят"