Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2022, № 1883 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2022, № 721

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2022, № 270

ҷонибдорӣ гардидааст

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ" аз 15 июли соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №7, мод.463; с.2007, №7, мод.689; с.2014, №7 қ.2, мод.416; с.2016, №7, мод.622) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати якуми моддаи 1 калимаи "истифодааашон" ба калимаи "истифодаашон" иваз карда шавад.

2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Дар номи БОБИ 2 калимаҳои "САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ" ба калимаи "ТАНЗИМИ" иваз карда шавад.

4. Сархати дуюми моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- тасдиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;".

5. Ба моддаи 4 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- омода намудани тавсия ва дастурҳои илмӣ барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои манфии пастшавии ҳосилхезии замин;".

6. Ба моддаи 4(1) сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- пешниҳоди тавсияҳо ба заминистифодабарандагон ҷиҳати беҳтаргардонии ҳолат ва ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;".

7. Ба моддаи 5 сархатҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- барои беҳтаргардонии ҳолат ва ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ҳамкориҳои илмию тадқиқотиро ба роҳ монанд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии озмоишгоҳҳои ташхиси хок ва обро истифода баранд;".

8. Ба моддаи 6 сархатҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- ба пастшавии ҳосилхезии қитъаи замин ва бадшавии ҳолати экологию мелиоративии он роҳ надиҳанд;

- фаъолиятро оид ба беҳтаргардонии ҳолати заминҳои таъиноти кишоварзӣ тавассути ҷорӣ намудани киштгардон ва истифодаи нуриҳои органикӣ, минералӣ ва биологӣ амалӣ намоянд;".

9. Ба Моддаи 7 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- амалӣ намудани стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;".

10. Қисми якуми моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.".

11. Дар моддаи 13 калимаи "салоҳияташон" ба калимаи "ваколаташон" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 8 июни соли 2022, № 1883