Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2022, № 1882 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХУРОКВОРӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 апрели соли 2022, № 709

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2022, № 269

ҷонибдорӣ гардидааст

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" аз 1 августи соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 8, мод. 827) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 2:

- дар сархати чорум аломат ва ҷумлаи ". Ғизои функсионалӣ дар баъзе мавридҳо усули имконпазири муолиҷаи тиббӣ буда, ҳамчун маҳсулоти барои шахсони дорои вазъи саломатии ба худ хос муқаррар карда мешавад" ба калимаҳои "ва дар баъзе мавридҳо метавонанд ҳамчун усули имконпазири табобат барои шахсони дорои вазъи саломатии ба худ хос муқаррар карда шаванд." иваз карда шаванд;

- сархати ҳаждаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- маҳсулоти хӯроквории қалбакӣ - маҳсулот ва ашёи хоми озуқавории тағйирдодашуда ё барқасдона (сохтакорона) ба маҳсулоту ашёи хоми истеҳсолкунандаи муайян ҳаммонанд истеҳсолшуда, ки хусусият ва сифати номаълум доранд ва маълумот дар бораи онҳо ошкоро нопурра ё шубҳаовар мебошад;";

- сархати бисту сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- пеститсидҳо - моддаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, пайвастагиҳо ва омехтаҳое, ки бар зидди организмҳои зараррасон, касалиҳои растанӣ, алафҳои бегона, микроорганизмҳо ва паразитҳо истифода мешаванд;";

- дар сархати бисту шашум калимаи "борбандӣ" ба калимаи "борҷомакунӣ" иваз карда шавад;

- сархати бисту ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- коркарди аввалия - ҷараёни технологии коркарди маҳсулоти хоми озуқаворӣ (ҷамъоварӣ, тоза кардан, хушконидан ва резакунии маҳсулоти растанӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани ҳайвоноти кишоварзии забҳшуда, яхкунонӣ, дуддиҳии гӯшту моҳӣ, консервкунӣ, ҳосил кардани равған ва полоиши он, коркард ва пастеризатсияи шир), ки дар натиҷаи он маҳсулот барои коркарди минбаъда ва ё истеъмолкунии бевосита омода карда мешавад;";

- дар сархати бисту ҳаштум калимаҳои "хуроки чорво" ба калимаҳои "хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми 2 моддаи 11:

- дар сархати шашум калимаи "борбандҳо" ба калимаи "борҷома" иваз карда шавад;

- дар сархати сенздаҳум калимаи "борбандӣ" ба калимаи "борҷомакунӣ" иваз карда шавад;

- дар сархати чордаҳум калимаи "тамғазанӣ" ба калимаи "тамғагузорӣ" иваз карда шавад.

3. Дар қисми 2 моддаи 13:

- аз сархати дуюм калимаи "назорати" хориҷ карда шавад;

- дар сархати ҳафтум калимаҳои "тамға зада" ба калимаи "тамғагузорӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми 2 моддаи 15 калимаҳои "байторӣ ва назорати фитосанитарӣ ва карантинии растаниҳо" ба калимаҳои "бехатарии озуқаворӣ" иваз карда шаванд.

5. Дар сархати даҳуми қисми 1 моддаи 17 калимаҳои "нуқтаҳои назорати таҳдидомез" ба калимаҳои "нуқтаҳои таҳдидомез" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 18:

- дар номи модда калимаи "кишоварзӣ" ба калимаҳои "бехатарии озуқаворӣ" иваз карда шавад;

- дар қисми 1:

- дар қисми муқаддимавӣ калимаҳои "кишоварзӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ба калимаҳои "бехатарии озуқаворӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати якум калимаҳои "чорводорӣ" ва "кишоварзӣ" мувофиқан ба калимаҳои "парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ" ва "хӯрокворӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати сеюм калимаҳои "дар нуқтаҳои назорати" ба калимаҳои "ва назорат дар нуқтаҳои" иваз карда шаванд;

- дар сархати чорум калимаҳои "назорати хадамоти объектҳои байторӣ ва фитосанитарӣ" ба калимаи "назораташ" иваз карда шаванд;

- дар сархати панҷум калимаҳои "назорати хадамоти байторӣ" ва "сертификатҳои байторӣ" мувофиқан ба калимаҳои "назораташ" ва "санадҳо, шаҳодатномаҳо ва хулосаҳои санҷиши озмоишгоҳии байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ" иваз карда шаванд;

- сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи регламентҳои техникӣ, мувофиқасозии стандартҳо ва шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории аз ашёи хоми ҳайвоноту растанӣ ҳосилшаванда, тасдиқи усулҳои санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва номгӯи онҳоро дар объектҳои таҳти назораташ қарор дошта амалӣ менамояд;

- номгӯи референс-озмоишгоҳҳое, ки мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо барои гузарондани тадқиқоти арбитражии маҳсулоти хӯроквории таҳти назораташ қарордоштаро аккредитатсия намудааст, тасдиқ менамояд;";

- дар сархатҳои нуҳум, даҳум ва ёздаҳум калимаҳои "назорати хадамоти байторию фитосанитарӣ" ва "назорати хадамоти байторӣ ва фитосанитарӣ" ба калимаи "назораташ" иваз карда шаванд;

- дар қисми 2:

- дар қисми муқаддимавӣ калимаи "кишоварзӣ" ба калимаҳои "бехатарии озуқаворӣ" иваз карда шавад;

- дар сархати сеюм калимаҳои "бунгоҳҳои гузариши" ба калимаҳои "нуқтаҳои гузаргоҳи" иваз карда шаванд;

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар доираи ваколатҳои худ ва бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ назорати давлатии риояи ҳатмии талаботи регламентҳои техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқатро дар корхонаҳое, ки маҳсулоти хӯроквории аз ҳайвоноту растаниҳо ҳосилшавандаро барои коркарди аввалия ҳамчун ашёи хом истифода мебаранд, инчунин ташкилотҳои хӯроки умумӣ, савдо ва нигоҳдории яклухти маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи аз ҳайвоноту растаниҳо ҳосилшударо амалӣ менамоянд.".

7. Дар қисми 4 моддаи 23 калимаҳои "бунгоҳҳои иҷозатдиҳии", "бунгоҳҳои", "назорати байторӣ, назорати фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо" мувофиқан ба калимаҳои "нуқтаҳои гузаргоҳии", "маҳалҳои" ва "байторӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ" иваз карда шаванд.

8. Дар моддаи 27:

- дар қисми 1 калимаҳои "борбандӣ" ва "тамғазанӣ" мувофиқан ба калимаҳои "борҷомакунӣ" ва "тамғагузорӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми 3 калимаи "борбандӣ" ба калимаи "борҷомакунӣ" иваз карда шавад.

9. Дар моддаи 28:

- дар қисми 1 калимаҳои "тамға зада" ба калимаи "тамғагузорӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми 4 калимаҳои "мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ оид ба назорати байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ" иваз карда шаванд.

10. Дар моддаи 29:

- дар номи модда калимаҳои "борбандӣ" ва "тамғазании" мувофиқан ба калимаҳои "борҷомакунӣ" ва "тамғагузории" иваз карда шаванд;

- дар қисмҳои 1 ва 2 калимаҳои "борбандӣ", "борбандии" ва "тамғазании" мувофиқан ба калимаҳои "борҷомакунӣ", "борҷомакунии" ва "тамғагузории" иваз карда шаванд.

11. Дар қисми 4 моддаи 30 калимаҳои "шиносномаи санитарӣ доранд, ки" ва "дода мешавад" мувофиқан ба калимаҳои "дорои шиносномаи санитарии" ва "додашуда бошанд" иваз карда шаванд.

12. Дар моддаи 31:

- дар қисми 1 калимаҳои "борбандинашуда", "мақомоти" ва "байторӣ" мувофиқан ба калимаҳои "борҷоманашуда", "мақоми" ва "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми 2 калимаҳои "мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ оид ба назорати байторӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ" иваз карда шаванд.

13. Дар моддаи 32:

- дар қисми 2 калимаи "тамғазанӣ" ба калимаи "тамғагузорӣ" иваз карда шавад;

- дар қисми 6 калимаҳои "бунгоҳҳои гузариши" ба калимаҳои "нуқтаҳои гузаргоҳи" иваз карда шаванд;

- дар қисми 7 калимаҳои "байторӣ ва назорати давлатии фитосанитарӣ дар" ба калимаҳои "бехатарии озуқавории" иваз карда шаванд;

- дар қисми 8 калимаҳои "байторӣ ва назорати давлатии фитосанитариро" ба калимаҳои "бехатарии озуқавориро" иваз карда шаванд.

14. Дар қисми 8 моддаи 36 калимаҳои "хадамоти давлатии байторӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ" иваз карда шаванд.

15. Моддаи 38 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 38. Маблағгузории назорати давлатӣ оид ба бехатарии хӯрокворӣ

Маблағгузории назорати давлатӣ оид ба бехатарии хӯрокворӣ дар объектҳои таҳти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо қарордошта аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Эмомолӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 8 июни соли 2022, № 1882