ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАЙТОРӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 апрели соли 2022, № 683
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2022, № 268
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" аз 29 декабри соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ.1, мод.833; с. 2012, №7, мод.704; с. 2016, №11, мод.880) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати панҷоҳу дуюм калимаи "хоҷагӣ" ба калимаи "кишоварзӣ" иваз карда шавад;
- сархати панҷоҳу сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ - ҳайвоноти ба истеҳсолоти кишоварзӣ муносибатнадошта (ба истиснои ҳайвоноти нигоҳдориашон манъкардашуда), ки барои гирифтани маҳсулот, насл, қонеъгардонии талаботи фароғатӣ ва зебоипарастӣ нигоҳ дошта мешаванд; "
- сархатҳои панҷоҳу чорум, панҷоҳу панҷум, панҷоҳу шашум ва панҷоҳу ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- ҳайвоноти бемаҳсул - ҳайвоноте, ки нигоҳубин ва парвариши онҳо барои истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои кишоварзӣ, озуқаворӣ, дорусозӣ ва соҳаҳои дигари саноат равона карда нашудаанд;
- ҳайвоноти беназоратмонда - ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ ё ваҳшӣ, ки берун аз ҷойи нигоҳдориашон қарор дошта, аз доираи назорати соҳибони худ берун мондаанд, соҳибонашон номаълуманд ё аз ҳуқуқи моликият ба онҳо даст кашидаанд;
- муносибати бераҳмона бо ҳайвонот - амалҳои барқасдона, ки боиси ҳалок ё маъюб шудани ҳайвонот гардидаанд ё метавонанд боис гарданд: азият додани ҳайвонот бо гуруснагӣ, ташнагӣ, латукӯб, амалҳои дигари зӯроварӣ, инчунин риоя накардани қоидаю шартҳои нигоҳубин ё бе назорат мондани ҳайвонот аз ҷониби шахси масъул, ки боиси ҳалок ё маъюб шудани ҳайвонот мегарданд;
- паноҳгоҳи ҳайвонот - маҷмӯи бино ва иншооте, ки барои наҷотдиҳӣ ва нигоҳдории минбаъдаи ҳайвоноти дар ҳолати барои ҳаёт ва саломатии онҳо хатарнок қарордошта, инчунин ҳайвоноти беназоратмонда, маҷбуран гирифташуда, аз ҷумла мусодирашуда, истифода мегарданд;".
2. Дар сархатҳои даҳум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми моддаи 3, сархатҳои якум, чорум, понздаҳум ва сиву ҳаштуми моддаи 4, қисми 1 моддаи 10, қисмҳои 1 ва 5 моддаи 15, ном ва қисми 1 моддаи 16, қисми 2 моддаи 17, қисми 2 моддаи 30 ва моддаи 41 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 3:
- дар қисми модда калимаҳои "дохил мешаванд" ба калимаи "мансубанд" иваз карда шаванд;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- тасдиқ намудани қоидаҳои нигоҳдории саг, гурба ва ҳайвоноти дигари бемаҳсул аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, ё рӯйхати ҳайвоноте, ки нигоҳдории онҳо дар шароити хона манъ аст;".
4. Дар моддаи 4:
- сархати бисту ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- тасдиқ намудани қоидаҳои умумии муносибат бо ҳайвоноти беназоратмонда;";
- дар сархати сиюм калимаҳои "ҳайвонҳои хоҷагӣ ва хонагӣ" ба калимаҳои "ҳайвоноти кишоварзӣ, хонагии ғайрикишоварзӣ ва бемаҳсул" иваз карда шаванд;
- сархати сию сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- муқаррар намудани тартиб ва усулҳои забҳ (куштан) ва тасдиқи қоидаҳои гӯрондани ҷасади ҳайвонот;";
- дар сархати сию панҷум калимаҳои "нашр кардани дастуру амрномаҳо ва қабул намудани қарорҳои дахлдор" ба калимаҳои "ва дар доираи ваколатҳои пешбинигардида қабул намудани қарорҳои дахлдор, додани дастуру амрномаҳо, супоришу хулосаҳо" иваз карда шаванд.
5. Сархати ҳафтуми қисми 2 моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- таъмини муносибати дилсӯзона ба ҳайвонот, ҳимояи ҳайвонот аз муомилаи бераҳмона, муносибати масъулона нисбат ба ҳаёт ва саломатии онҳо;".
6. Дар қисми 3 моддаи 16 калимаи "хоҷагӣ" ба калимаи "кишоварзӣ" иваз карда шавад.
7. Моддаҳои 28(1), 28(2) ва 28(3) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 28(1). Талаботи умумии беҳдошти байторӣ нисбат ба парвариши ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ ва бемаҳсул
Парвариши ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ ва бемаҳсул бояд бо назардошти таъмини қонеъгардонии талаботи физиологӣ ва рафтори ҳайвонот, инчунин талаботи дахлдори байторӣ ва беҳдоштию эпидемиологӣ бо риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар амалӣ карда шавад.
Модцаи 28(2). Хусусиятҳои муносибат бо ҳайвоноти беназоратмонда
1. Дошта гирифтани ҳайвоноти беназоратмонда тибқи нақша ё муроҷиати шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо мақсади пешгирӣ намудани эпизоотия, инчунин бемориҳои ба одамон ва ҳайвонот сирояткунанда, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии аҳолӣ, танзими шумораи чунин ҳайвонот сурат мегирад.
2. Танзими шумораи ҳайвоноти беназоратмонда бо роҳи барои нигоҳдорӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани онҳо, инчунин ҷойгир намудан дар паноҳгоҳи ҳайвонот ё ба тариқи ахтакунӣ (сагу гурбаҳои беназоратмонда) ва баргардондан ба ҷойи аввалаи зисти ин ҳайвонот амалӣ карда мешавад.
3. Забҳи (куштани) ҳайвоноти беназоратмонда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мустақилона танзим намудани шумораи ҳайвоноти беназоратмонда манъ аст.
Моддаи 28(3). Паноҳгоҳи ҳайвонот
1. Паноҳгоҳи ҳайвонот бо мақсади нигоҳдории ҳайвонот, аз ҷумла ҳайвоноти беназоратмонда, ташкил карда мешавад.
2. Ҳайвонот дар бино ва иншооти махсуси бо ин мақсад пешбинишуда ҷойгир карда мешаванд.
3. Паноҳгоҳи ҳайвонот метавонад давлатӣ ва хусусӣ бошад.
4. Дар паноҳгоҳи ҳайвонот хизматрасонии байторӣ ва дигар намуди хизматрасонӣ, аз ҷумла нигоҳдории (ҷойгиронии) муваққатии чунин ҳайвонот дар мувофиқа бо соҳибони ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ анҷом дода мешаванд.
5. Нисбати ҳайвоноти дар паноҳгоҳи ҳайвонот мавҷудбуда соҳибони онҳо ва шахсони аз тарафи онҳо ваколатдоргардида соҳибони воқеии ҳайвоноти мазкур эътироф карда мешаванд.
6. Меъёрҳои нигоҳдории ҳайвонот дар паноҳгоҳи ҳайвонот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи байторӣ муқаррар карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 8 июни соли 2022, № 1881