Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2022, № 1877 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2022, №717

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2022, №264

ҷонибдорӣ гардидааст

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ" аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 260; с. 2013, №6, мод. 408; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 295; с. 2019, №6, мод. 317; с. 2021, №6, мод. 388) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 1 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ - низоми иттилоотие, ки барои худкоркунии равандҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот дар бораи фаъолияти нотариалӣ ва таъмини мубодилаи иттилоот пешбинӣ шудааст;".

2. Дар моддаи 4:

- қисмҳои 2 ва 5 хориҷ карда шаванд;

- қисмҳои 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 2 ва 3 ҳисобида шаванд.

3. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаҳои ", аз ҷониби" ба калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 10:

- аз қисми 2 калимаҳои "(ҳуҷҷатҳо)" ва "асл ё нусхаи дуюми (дубликати)" хориҷ карда шаванд;

- қисми муқаддимавии қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Маълумот дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ маҳфузанд, инчунин дода мешаванд:";

- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"4. Гирифтани нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳо ва феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ, ба истиснои ҳолатҳои ба вуҷуд омадани зарурати таъини экспертизаи ҳуҷҷатҳо, манъ аст. Ин ҳуҷҷатҳо танҳо дар асоси санади дахлдор, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, гирифта мешаванд.".

5. Дар қисми 4 моддаи 12 калимаҳои "ҳар як" хориҷ карда шуда, калимаҳои "ҳудуди дахлдор ё шахсони ваколатдор" ба калимаҳои "интихобнамудаи худ" иваз карда шаванд.

6. Қисмҳои 2, 3 ва 5 моддаи 13 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"2. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе саридораи нотариалии давлатӣ таъсис дода мешавад. Саридораи нотариалии давлатӣ, дар баробари ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, роҳбарии методӣ ва назорати фаъолияти нотариалиро дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор анҷом медиҳад. Ба саридораи нотариалии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор ба ҷо овардани амалиёти нотариалии мураккаб вогузор карда мешавад.

3. Идораҳои нотариалии давлатӣ воҳидҳои сохтории мақоми ваколатдор буда, ҳуқуқ доранд дар суд бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор иштирок кунанд.

5. Талабот нисбат ба кормандони техникии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби фаъолияти онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор муайян мекунад.".

7. Моддаи 14 хориҷ карда шавад.

8. Қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"1. Дар назди саридораи нотариалии давлатӣ ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳрҳои маркази вилоятҳо аз тарафи мақоми ваколатдор бойгониҳои мутамарказонидашудаи идораҳои нотариалии давлатӣ таъсис дода мешаванд.

2. Муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои нотариалӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол мебошад.

3. Тартиби фаъолияти бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои нотариалиро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор муайян менамояд.".

9. Моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 16. Роҳбарии идораҳои нотариалии давлатӣ

Роҳбарии саридораи нотариалии давлатиро сарнотариуси давлатӣ ва дигар идораҳои нотариалии давлатиро мувофиқан нотариусони калони давлатӣ ва нотариусони давлатӣ дар асоси Қонуни мазкур, низомномаи саридораи нотариалии давлатӣ ва дастурамали мансабӣ анҷом медиҳанд.".

10. Дар қисми 2 моддаи 19 калимаҳои "муқарраргардида ба" ба калимаи "муқаррарнамудаи" иваз карда шаванд.

11. Боби 1(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"БОБИ 1(1) НИЗОМИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТИ НОТАРИАЛӢ

Моддаи 20(1). Муқаррароти умумии низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ

1. Низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ маълумот дар бораи амалиёти баҷоовардашуда ва маълумоти дигареро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, дар бар мегирад.

2. Дастрасӣ ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ, ба ғайр аз нотариусони давлатӣ, ба шахсони ваколатдори пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

3. Нотариусони давлатӣ ва шахсони дигаре, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ дастрасӣ доранд, инчунин шахсоне, ки ба зиммаи онҳо таъмин ва нигоҳдории низоми мазкур вогузор карда шудааст, уҳдадоранд махфӣ будани амалиёти нотариалиро, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя намоянд.

4. Ҳифзи маълумоти дар низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ мавҷудбуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

5. Қоидаҳои истифодаи низоми ягонаи иттилооти нотариалиро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи таъмини ҳифзи иттилоот мақоми ваколатдор муайян мекунад.

6. Низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ ба мақоми ваколатдор тааллуқ дорад. Мақоми ваколатдор метавонад низоми ягонаи иттилооти нотариалиро барои ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот истифода барад.

Моддаи 20(2). Мундариҷаи низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ

1. Низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ иборат аст аз:

- феҳристи электронии сабти амалиёти нотариалӣ;

- феҳристи баҳисобгирии парвандаҳои меросӣ;

- феҳристи баҳисобгирии васиятномаҳо, тағйир ва бекоркунии онҳо.

2. Низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ дорои маълумоти дигар, аз ҷумла маълумоти дорои хусусияти иттилоотӣ, ёрирасон, таҳлилӣ, ки ба фаъолияти нотариалӣ алоқаманданд, мебошад.

3. Тартиби пешбурди феҳристҳои низоми ягонаи иттилооти нотариалиро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи таъмини ҳифзи иттилоот мақоми ваколатдор муайян мекунад.

4. Шакли ҳисобот дар бораи фаъолияти низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор муқаррар карда мешавад.

5. Номутобиқатии байни маълумоти дар низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ мавҷудбуда ва маълумоти дар ҳуҷҷати тасдиқгардидаи нотариалӣ ҷойдошта бо тартиби пешбининамудаи моддаи 44 Қонуни мазкур бартараф карда мешаванд.

Моддаи 20(3). Ворид намудани маълумот ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ

1. Нотариусони давлатӣ ва шахсони дигаре, ки дар моддаи 2 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, уҳдадоранд ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ маълумоти зеринро ворид кунанд:

- дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда ҳангоми сабти онҳо дар феҳристи электронии сабти амалиёти нотариалии низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ;

- дар бораи кушодани мерос ҳангоми ворид гардидани аризаҳое, ки барои кушодани парвандаи меросӣ асос мебошанд;

- дар бораи баҳисобгирии васиятномаҳо, тағйир ва бекоркунии онҳо;

- маълумоти дигарро мутобиқи қисми 2 моддаи 202 Қонуни мазкур.

2. Маълумот дар бораи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ба феҳристи электронии сабти амалиёти нотариалии низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ бетаъхир ворид карда мешаванд.

3. Маълумот дар бораи кушодани мерос ба феҳристи баҳисобгирии парвандаҳои меросии низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ на дертар аз рӯзи дигари кории пас аз гирифтани аризаҳои дахлдор ворид карда мешаванд.".

12. Дар моддаи 24:

- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Таъин намудан ба мансаби нотариуси давлатӣ тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", "Дар бораи муқовимат ба коррупсия", "Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.";

- қисмҳои 3 ва 4 хориҷ карда шаванд.

13. Қисмҳои 3 ва 4 моддаи 26 хориҷ карда шаванд.

14. Дар моддаи 28:

- ба қисми 1 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- тахассуси касбии худро мунтазам такмил диҳад;";

"2. Зараре, ки дар натиҷаи амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии нотариуси давлатӣ расонида шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.".

15. Ба қисми 1 моддаи 29 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Гирифтани мӯҳри нотариуси давлатӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 4 ва 5 моддаи мазкур ё ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.".

16. Дар қисми 4 моддаи 30 калимаҳои "Қонуни мазкур" ба калимаҳои "мақоми ваколатдор" иваз карда шаванд.

17. Дар қисми 1 моддаи 32:

- ба сархати якум пас аз калимаи "ӯҳдадориҳо" калимаҳои ", розигиҳоеро, ки мазмуни онҳо аҳди яктарафаро ифода мекунанд ва розигиҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи нотариалии онҳоро ҳатмӣ кардааст" илова карда шаванд;

- сархатҳои ҳаштум ва бисту дуюм хориҷ карда шаванд.

18. Дар қисми 1 моддаи 34:

- дар сархати дувоздаҳум аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;

- сархати сенздаҳум хориҷ карда шавад.

19. Дар моддаи 37 калимаҳои "Дастурамали тартиби" ба калимаи "қоидаҳои" иваз карда шаванд.

20. Дар моддаи 39:

"2. Муқарраркунии шахсият бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, анҷом дода мешавад.";

- қисми 3 хориҷ карда шавад.

21. Дар моддаи 41:

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 41. Имзогузорӣ ба ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда";

- қисми 1 хориҷ карда шавад;

- қисмҳои 2, 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳисобида шаванд.

22. Дар қисми 2 моддаи 42 калимаҳои "муқарраркардаи Қонуни мазкур" ба калимаҳои "на дертар аз даҳ рӯз аз санаи ворид шудани дархост" иваз карда шаванд.

23. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 43 хориҷ карда шавад.

24. Дар моддаи 44:

- дар қисми 2 калимаи "хатои" ба калимаҳои "хатоҳои имлоӣ, грамматикӣ ё" иваз карда шавад;

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Ислоҳот ба ҳуҷҷати ба таври нотариалӣ тасдиқшуда бо роҳи ислоҳи бевоситаи матни ҳуҷҷат ё бо қабули қарори дахлдор ворид карда мешаванд. Тартиби ворид намудани ислоҳот ба ҳуҷҷати ба таври нотариалӣ тасдиқшуда тибқи қоидаҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.".

25. Дар моддаи 45:

- дар қисми 1 калимаҳои "ва супурдани аризаҳо" ба калимаҳои ", супоридани аризаҳо, таъини сардори ваколатдор, таъини муҳофизи молу мулки меросӣ" иваз карда шаванд;

- аз қисми 2 калимаҳои "манъи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул," хориҷ карда шаванд;

- аз қисми 3 калимаҳои "эътирози баҳрӣ," хориҷ карда шаванд;

- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Ҳангоми ворид намудани тағйирот ба амалиёти нотариалӣ ва рад намудани амалиёти нотариалӣ қарор қабул карда мешавад.".

26. Ба моддаи 46 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари феҳристҳо барои сабти амалиёти нотариалӣ, феҳристи низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ амал мекунад, ки шакл ва тартиби сабти амалиёти нотариалиро дар ин феҳристҳо мақоми ваколатдор муқаррар мекунад.".

27. Сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 1 моддаи 47 хориҷ карда шаванд.

28. Дар моддаи 50:

- дар ном ва матни модда калимаҳои "аз соҳибӣ соқит кардани" ва "аз соҳибӣ соқиткунии" ба калимаи "бегонакунии" иваз карда шаванд;

- ба қисми 2 пас аз калимаи "мешавад" калимаҳои ", агар дар Қонуни мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад" илова карда шаванд;

- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"6. Шартномаҳо дар бораи бегонакунии молу мулки ғайриманкули таҳти ҳабс қарордошта танҳо пас аз бардоштани ҳабс тасдиқ карда мешаванд. Шартномаҳо дар бораи бегонакунии молу мулки ғайриманқул, ки нисбат ба онҳо манъкунӣ гузошта шудааст, танҳо бо розигии кредитор ва бадасторанда барои гузаронидани қарз ба бадасторанда тасдиқ карда мешаванд.";

- қисми 7 хориҷ карда шавад.

29. Қисми 4 моддаи 53 хориҷ карда шавад.

30. Моддаи 53(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 53(1). Тасдиқи уҳдадориҳо ва розигиҳо

Нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор уҳдадориҳо ва розигиҳоеро, ки мазмуни онҳо аҳди яктарафаро ифода мекунанд ва розигиҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи нотариалии онҳоро ҳатмӣ кардааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.".

31. Моддаҳои 59 ва 60 хориҷ карда шаванд.

32. Дар моддаи 68:

- ба сархати чоруми қисми 1 пас аз калимаҳои "ё идораи он" калимаҳои ", талаботи кредиторони он" илова карда шаванд;

- дар ҷумлаи сеюми қисми 2 калимаҳои "Дастурамали коргузорӣ дар" ба калимаҳои "қоидаҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии" иваз карда шаванд.

33. Қисми 3 моддаи 69 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Нотариуси давлатӣ дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун ба номи ноболиғи таҳти васоят ё парасторӣ қарордошта ва ё вориси ғайри қобили амал ба мақомоти васояту парастории маҳалли истиқомати ворис барои ҳифзи манфиатҳои молумулкии ворис хабар медиҳад.".

34. Дар қисми 1 моддаи 72 калимаҳои ", маълумотномаи барӯйхатгирии техникӣ, инчунин маълумотномаи мақоми бақайдгирандаи давлатии молу мулки ғайриманқулро оид ба дар ҳабс ва манъ қарор надоштани он" ба калимаҳои "ва иқтибос аз варақаи бақайдгирии бақайдгирандаи ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро" иваз карда шаванд.

35. Боби 11 хориҷ карда шавад.

36. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 79 хориҷ карда шавад.

37. Моддаҳои 98 ва 99 хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 8 июни соли 2022, № 1877