ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 апрели соли 2022, № 691
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2022, № 277
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Ба қисми якуми моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 339; с. 2006, №11, мод. 472; с. 2009, № 12, мод. 814; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 800; с. 2013, № 3, мод. 179, № 7, мод. 500; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 268; с. 2019, № 7, мод. 462; с. 2020, № 1, мод. 1, № 12, мод. 898; с. 2021, № 6, мод. 382) сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба коррупсия, танзими анъана ва ҷашну маросим;
- дидаю дониста қабул намудани қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба додан, гирифтан ва вобаста кардани қитъаи замин;".
Моддаи 2. Қонуни конститутсиоиии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 8 июни соли 2022, № 1872