Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 майи соли 2022, №385
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқӣ доранд
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқӣ доранд, тартиби ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи иҷроияи Президент) додани рутбаҳои дараҷавӣ ва масъалаҳои дигари вобаста ба рутбаҳои дараҷавиро муайян мекунад.
2. Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2011, №385 "Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент рутбаҳои дараҷавии зерин муқаррар карда шудааст:
- Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1;
- Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2;
- Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3;
- Мушовири адлияи дараҷаи 1;
- Мушовири адлияи дараҷаи 2;
- Мушовири адлияи дараҷаи 3;
- Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1;
- Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2;
- Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3.
3. Рутбаҳои дараҷавӣ бо тартиби пай дар пай дар сурати мавҷуд будани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ тибқи ихтисоси корманд, мансаб ва собиқаи кор, инчунин бо дар назар доштани рутбаи дараҷавӣ, дараҷаи тахассусӣ, унвонҳои дахлдор, ки ӯ ба онҳо дар ҷои кор ва ё хизмати пешинааш соҳиб шудааст, дода мешаванд.
4. Рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент якумрӣ дода мешаванд.
5. Ба мансабҳои пасттар гузаронидан ё гузаштани корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент барои паст кардани рутбаи дараҷавии ба ӯ пештар додашуда асос намегардад.
6. Дар бораи рутбаҳои дараҷавии ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент додашуда дар шаҳодатномаи хизматӣ ва дафтарчаи меҳнатии хизматчии давлатӣ қайд карда мешаванд. Қайди дахлдор дар фасли "Маълумот дар бораи кор"-и дафтарчаи меҳнатии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент гузошта мешавад.
2. ТАРТИБИ БА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТ ДОДАНИ РУТБАҲОИ ДАРАҶАВӢ
7. Рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент вобаста ба ишғоли мансабҳои хизмати давлатии зерин дода мешаванд:
1) ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ - Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) ба хизматчиёни давлатии маъмурӣ, аз ҷумла:
- категорияи олӣ - Мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои 1 ва 2;
- категорияи якум - Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Мушовири адлияи дараҷаи 1;
- категорияи дуюм - Мушовири адлияи дараҷаҳои 1 ва 2;
- категорияи сеюм - Мушовири адлияи дараҷаи 3, Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1;
- категорияи чорум - Ҳуқуқшиноси дараҷаҳои 2 ва 3.
8. Рутбаи дараҷавии Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаҳои дараҷавии Мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои 3, 2, 1 бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. Рутбаҳои дараҷавии Мушовири адлияи дараҷаҳои 3, 2, 1, ҳуқуқшиноси дараҷаҳои 3, 2, 1 аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент бо пешниҳоди роҳбари воҳиди сохтории дахлдор дода мешаванд.
9. Ба корманде, ки бори аввал ба мансаб дар Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин шудааст, рутбаи дараҷавӣ баъди шаш моҳи таъин шудан мутобиқ ба мансаби ишғолнамуда дода мешавад.
10. Ҳангоми додани рутбаи дараҷавӣ риояи интизоми меҳнат ва иҷро аз ҷониби корманд, дастовардҳои кории ӯ ба инобат гирифта мешаванд.
11. Ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент дар муҳлатҳои зерин рутбаи дараҷавии навбатӣ дода мешавад:
- Мушовири адлияи дараҷаи 1 - баъди чор соли додани рутбаи дараҷавии Мушовири адлияи дараҷаи 2;
- Мушовири адлияи дараҷаи 2 - баъди се соли додани рутбаи дараҷавии Мушовири адлияи дараҷаи 3;
- Мушовири адлияи дараҷаи 3 баъди се соли додани рутбаи дараҷавии Ҳукуқшиноси дараҷаи 1;
- Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 баъди ду соли додани рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2;
- Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 баъди ду соли додани рутбаи дараҷавии Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3.
12. Мухдати додани рутбаҳои мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, 2,1 муқаррар карда намешавад.
13. Ба корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент барои иҷрои супоришҳои махсусан масъулиятнок, натиҷаҳои баланди касбию хизматӣ, саҳми ӯ дар таҳкими мақомоти давлатӣ ва хизмати давлатӣ мумкин аст рутбаи дараҷавии навбатӣ пеш аз муҳлат ё як дараҷа баланд дода шавад.
14. Барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ (содир намудани кирдори интизомӣ) нисбати корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент ба сифати ҷазои интизомӣ ба муҳлати то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи дараҷавии навбатӣ татбиқ кардан мумкин аст.
3. ҚАБУЛИ ФАРМОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ РУТБАИ ДАРАҶАВӢ
15. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дар асоси пешниҳоди роҳбари воҳиди сохторӣ дар хусуси ба корманд додани рутбаи дараҷавӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба рутбаи дараҷавӣ фармон қабул менамоянд.
16. Нусхаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дар бораи додани рутбаи дараҷавӣ дар парвандаи шахсии корманд нигоҳ дошта мешавад.
17. Корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дар бораи додани рутбаи дараҷавӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба рутбаи дараҷавӣ таҳти имзо шинос карда мешавад.
Утверждено
указом Президента
Республики Таджикистан
от "14" мая 2022 года, №385
Положение о порядке присвоения классных чинов работникам Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, имеющим высшее юридическое образование
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Положение о порядке присвоения классных чинов работникам Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, имеющим высшее юридическое образование (далее - Положение) определяет порядок присвоения классных чинов и другие вопросы, касающиеся классных чинов работников Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан (далее - Исполнительный аппарат Президента).
2. Постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 13 апреля 2011 года, №385 "Об установлении классных чинов работникам органов юстиции Республики Таджикистан" установлены следующие классные чины работникам Исполнительного аппарата Президента:
- Государсгвенный советник юстиции Республики Таджикистан;
- Государственный советник юстиции 1 класса;
- Государственный советник юстиции 2 класса;
- Государственный советник юстиции 3 класса;
- Советник юстиции 1 класса;
- Советник юстиции 2 класса;
- Советник юстиции 3 класса;
- Юрист 1 класса;
- Юрист 2 класса;
- Юрист 3 класса.
3. Присвоение классного чина производится в последовательном порядке при наличии высшего юридического образования в соответствии с квалификацией работника, должностью и стажем работы, а также с учетом классного чина, квалификационного класса, соответствующих званий, присвоенных ему по прежнему месту работы или службы.
4. Класеные чины присваиваются работникам Исполнительного аппарата Президента пожизненно.
5. Перевод или переход работника Исполнительного аппарата Президента на низшую должность не является основанием для понижения ранее присвоенного ему классного чина.
6. О присвоенных работникам Исполнительного аппарата Презвдента классные чины вносятся в служебное удостоверение и трудовую книжку государственного служащего. Соответствующая запись производится в разделе "Сведения о работе" трудовой книжки работников Исполнительного аппарата Президента.
2. ПОРЯДОК ПРИСВОЕНИЯ КЛАССНЫХ ЧИНОВ РАБОТНИКАМ ИСПОЛНИТЕЛЬНОГО АППАРАТА ПРЕЗИДЕНТА
7. Классные чины присваиваются работникам Исполнительного аппарата Президента согласно следующим занимаемым должностям государственной службы:
1) государственным политическим служащим - Государственный советник юстиции Республики Таджикистан;
2) государственным админисгративным служащим, в том числе:
- высшая категория - Государственный советник юсгиции 1 и 2 классов;
- первая категория - Государственный советник юстиции 3 класса, Советник юстиции 1 класса;
- вторая категория - Советник юсгиции 1 и 2 классов;
- третья категория - Советник юстиции 3 класса, Юрист 1 класса;
- четвертая категория - Юрисг 2 и 3 классов.
8. Классный чин Государственный советник юстиции Республики Таджикистан, классные чины Государсгвенный советник юстиции 3, 2, 1 классов присваиваются Президентом Республики Таджикистан по представлению Руководителя Исполнительного аппарата Президента. Югассные чины Советник юстиции 3, 2, 1, Юрист 3, 2 и 1 классов присваиваются Руководителем Исполнительного аппарата Президента по представлению руководителя соответствующего структурного подразделения.
9. Работнику, впервые назначенному на должность в Исполнительном аппарате Президента, классный чин присваивается по истечении шести месяцев со дня назначения на должность соответсгвенно занимаемый должности.
10. При присвоении класеного чина, учитываются соблюдение работником трудовой и исполнительной дисциплины и его достижения.
11. Работникам Исполнительного аппарата Президента присваиваются очередные классные чины в следующие сроки:
- Советник юстиции 1 класса - по истечении четырех лет после присвоения классного чина Советник юстиции 2 класса;
- Советник юстиции 2 класса - по истечении трех лет после присвоения классного чина Советник юстиции 3 класса;
- Советник юстиции 3 класса - по истечении трех лет после присвоения классного чина Юрист 1 класса;
- Юрист 1 класса - по истечении двух лет после присвоения классного чина Юрист 2 класса;
- Юрисг 2 класса - по истечении двух лет после присвоения классного чина Юрист 3 класса.
12. Сроки пребывания в чинах государственного советника юстиции 3,2, 1, классов не устанавливаются.
13. Работнику Исполнительного аппарата Президента за выполнение особо ответственных поручений, высоких профессиональных и служебных результатов, за его вклад в развитие государственного органа и государственной службы может быть досрочно присвоен очередной или на одну степень выше классный чин.
14. За неисполнение или ненадлежащее исполнение должностных обязанностей (совершение дисциплинарного проступка) по отношению к работнику Исполнительного аппарата Президента в качестве дисциплинарного взыскания может быть применено приостановление присваивания очередного классного чина на срок до одного года.
3. ПРИНЯТИЕ УКАЗА (ПРИКАЗА) ПО ВОПРОСАМ КЛАССНЫХ ЧИНОВ
15. Президент Республики Таджикистан на основании представления Руководителя Исполнительного аппарата Президента и Руководитель Исполнительного аппарата Президента на основании представления руководителя структурного подразделения принимают указ (приказ) по присвоению классного чина и другим вопросам, связанным с классным чином.
16. Копия указа Президента Республики Таджикистан и приказа Руководителя Исполнительного аппарата Президента о присвоении классного чина хранится в личном деле работника.
17. Работник Исполнительного аппарата Президента под роспись ознакамливается с указом Президента Республики Таджикистан и приказом Руководителя Исполнительного аппарата Президента о присвоении классного чина и по другим вопросам, связанным с классным чином.