Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2022, № 240 "Дар бораи Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ

 

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ таъсис дода шавад.

2. Низомнома, ҳайати Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ ва рӯйхати вазорату идораҳои масъул барои беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3. Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ тадбирҳои заруриро андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ ҳар нимсола ҳисобот пешниҳод намоянд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 21 майи соли 2022, № 240

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Постоянно действующей комиссии по рассмотрению и оценке позиций Республики Таджикистан в международных рейтингах

В соответствии со статьей 28 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство РеспубликиТаджикистан постано вляет:

1. Создать Постоянно действующую комиссию по рассмотрению и оценке позиций Республики Таджикистан в международных рейтингах.

2. Утвердить Положение, состав Постоянно действующей комиссии по рассмотрению и оценке позиций Республики Таджикистан в международных рейтингах и список министерств и ведомств, ответственных за улучшение позиций Республики Таджикистан в международных рейтингах (приложения1, 2 и 3).

3. Соответствующим министерствам и ведомствам принять необходимые меры по улучшению позиций Республики Таджикистан в международных рейтингах и по результатам выполненных работ каждое полугодие представлять отчет Постоянно действующей комиссии по рассмотрению и оценке позиций Республики Таджикистан в международных рейтингах.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 21 мая 2022 года, №240