Тартиби сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳӣ

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 майи соли 2022, №239

тасдиқ шудааст

Тартиби сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳӣ (минбаъд - Тартиб) мақсад, сохтори ташкилӣ ва тартиби сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаяйн мекунад.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ташкилоти сайёҳӣ - ташкилоте, ки хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла ҷойгиркунӣ, хӯрок ва фароғат, инчунин дигар хизматрасониҳои ба соҳаи сайёҳӣ алоқамандбударо пешниҳод менамояд;

- сертификат - ҳуҷҷате, ки ба ташкилотҳои хизматрасонии сайёҳӣ дода шуда, мутобиқати он бо таснифот тасдиқ гардидааст;

- мақомоти сертификатсия - мақоми давлатӣ ва ташкилоте, ки барои иҷрои корҳои сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонӣ аккредитатсия шудаанд;

- дорандаи сертификат - ташкилоти сайёҳӣ, ки расмиёти сертификатсияро гузашта, дорои ҳуқуқ ва имтиёзҳо мебошад;

- кемпинг - макони истиқоматӣ барои сайёҳон дар фазои кушод мебошад, ки онҳо метавонанд нақлиёти худро нигоҳ дошта, хаймаҳо гузоранд. Субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ҳудуди кемпингро посбонӣ карда, таъмини қувваи барқ, об, ҳоҷатхона ва шароити дигари будубошро барои истироҳаткунандагон фароҳам меорад;

- глэмпинг - як намуди кемпинг мебошад, ки дар табиат ҳуҷраҳои бароҳати меҳмонхонаҳоро фароҳам меорад;

- роҳбалад - намуди хизматрасоние, ки аз ҷониби шахси дорои малакаи касбӣ ва ё тахассуси дахлдор дар шакли роҳнамоӣ, иттилоотонӣ ва фаҳмондадиҳии сайёҳон нисбат ба объекти муайян ба амал бароварда мешавад;

- меҳмонхонаҳои сатҳи одӣ - ин гуна меҳмонхонаҳо арзон ва хизматгузорӣ дар онҳо маҳдуд буда, ҳадди ақалли хизматгузориро пешниҳод менамоянд. Дар ин гуна меҳмонхонаҳо имкони бо хӯрок таъмин кардан вуҷуд дорад;

- меҳмонхонаи люкс - меҳмонхонаи дорои ороиши боҳашамат, ки бо мебели баландсифат ҷиҳозонида шуда, хизматгузорӣ дар ҳуҷраҳои он бо шумораи зиёди хизматгузорон таъмин карда мешавад. Меҳмонхонаи люкс аз 100 то 400 ҳуҷра дошта, дорои шароити зисти олӣ мебошад. Дар он ҳуҷраҳо дорои якчанд хона, аз қабили хонаи хоб ва меҳмонхона буда, дорои ошхона бо яхдон мебошад;

- меҳмонхонаи дараҷаи олӣ - меҳмонхона аз 400 то 2000 ҳуҷра дошта, он бо доираи васеи хизмат, ки аз ҷониби шахсони таълимгирифта ба ҷо оварда мешавад, ба соҳибкорон, иштироккунандагони конференсияҳо, сайёҳони алоҳида пешниҳод мегардад;

- меҳмонхонаи сатҳи миёна - меҳмонхона барои доираи васеи истеъмолкунандагон пешбинӣ гардида, шумораи ҳуҷраҳояш гуногун мешавад ва баробари паст кардани хароҷоти истифодабарӣ аз технологияи муосир ҳам истифода мебарад ва сатҳи миёнаи нархро нигоҳ медорад;

- апарт-отел - меҳмонхонаи маъмулан аз 100 то 400 ҳуҷра дорад, бо мебел ҷиҳозонида шуда, нархаш вобаста ба мавсим ва шароити зист дар он тағйир ёфта меистад;

- мотел - меҳмонхона дар канори роҳ барои мусофироне, ки бо воситаи нақлиёти шахсӣ масофаи тӯлониро тай мекунанд, чунин меҳмонхонаҳо одатан дур аз шаҳр дар назди шоҳроҳҳо ва дар муҳити муносибе бунёд гардида, ғунҷоишашон аз 150 то 400 ҳуҷра мебошад;

- меҳмонхонаи курортӣ - меҳмонхонаи осоишгоҳӣ, ки дорои аз 100 то 500 ҳуҷра буда, маъмулан аз шаҳр ҷудо дар назди ягон мавзеи истироҳатӣ, соҳили кӯлу дарё ва дар кӯҳсору ҷангалҳо ҷойгир гардида, дар он хизматрасониҳои гуногун, аз қабили хизматрасонии махсуси тиббӣ бо хӯрокҳои парҳезӣ бо нархи он аз миёна баландтар барои категорияҳои гуногуни сайёҳон пешниҳод мегардад;

- таймшер - меҳмонхонаи дорои 50 то 250 ҳуҷра буда, метавонад бинои алоҳида ва ҳуҷраҳояш ба хонаи истиқоматӣ монанд бошад. Дар он шароит низ ҳамчунин шабеҳи меҳмонхонаҳои курортӣ аст;

- меҳмонхонаҳои статсионарӣ - меҳмонхонаҳо барои истироҳати оилавӣ дорои иморат барои бозии кӯдакон, ки зери назорати кормандони меҳмонхона барои машғулиятҳои варзишию беҳдоштӣ ва барои фароғат пешбинӣ мегардад;

- ротел - меҳмонхонаи автомобилӣ (чархдор) аз вагонҳои махсус аз якчанд бахш иборат буда, дорои яхдон, ҳоҷатхона, ҳаммом, ҷои хоб ва ошхона мебошад. Ротел меҳмонхонаи сайёр мебошад, ки аз вагони як ё дуҷоя иборат буда, сайёҳон рӯзона дар он сафар карда, бо шаҳрҳои гуногун ва ҷойҳои диданбоби онҳо шинос мешаванд;

- ботел - меҳмонхонаи хурде дар болои об (аммо шино намекунад) ҷойгир буда, барои истифодабарии он аз қаиқи таҷҳизонидашуда истифода бурда мешавад;

- ҳостел (хонаист) - манзиле, ки барои муддати кутоҳ ё дарозмуддат меҳмононро бо хобгоҳ бидуни хизматрасониҳои сатҳи баланди иловагӣ таъмин мекунад;

- спа-ҳотел - як навъ маркази саломатӣ буда, дар он меҳмонон дар вақти таътили худ тавассути табобатҳои гуногуни санаторию курортӣ, ки ба организм таъсири судманд мерасонанд, истироҳат намуда, саломатии худро беҳтар менамоянд;

- тарабхона дар меҳмонхона - тарабхонаҳо барои хизматрасонии меҳмонони меҳмонхона нигаронида шуда, аз онҳо дигарон низ истифода бурда метавонанд. Дар меҳмонхонаҳои бузург, ки ба шабакаи меҳмонхонавӣ дохиланд, одатан ду тарабхона мавҷуд аст. Тарабхонаи калон ва тарабхонаи хурд, мисли қаҳвахона, ки онҳо ҳам ба истиқоматкунандагони меҳмонхона ва ҳам ба дигар мизоҷон хизмат мерасонанд;

- меҳмонхонаҳои буҷетӣ (1 ситора) - меҳмонхонаи дар маркази шаҳрҳо ҷойгирбуда, бо роҳатнокии ақалл;

- меҳмонхонаҳои дараҷаи сайёҳӣ (2 ситора) - меҳмонхонаи дорои тарабхона;

- меҳмонхонаи дараҷаи миёна (3 ситора) - меҳмонхонаи дорои сатҳи хизматрасонии олӣ;

- меҳмонхонаи дараҷаи 1 (4 ситора) - меҳмонхонаи дорои сифати баланди истиқомат ва дараҷаи олии хизматрасонӣ;

- меҳмонхонаи дараҷаи олӣ (5 ситора) - меҳмонхонаи дорои сатҳи олии хизматрасонӣ ва истиқомат.

2. МАҚСАДИ СЕРТИФИКАТСИЯИ МАҲСУЛОТИ САЙЁҲӢ, МОЛ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТОНИ САЙЁҲӢ

3. Сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин роҳандозӣ мегардад:

- муқаррар намудани меъёрҳои объективӣ ва дараҷаи дастрасӣ ба сертификатсияи ташкилотҳои сайёҳӣ;

- таъмини стандартҳои мувофиқ ва мувофиқашуда дар соҳаи сайёҳӣ бодарназардошти сиёсати миллӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ;

- баланд бардоштани рақобатпазирии ташкилотҳои сайёҳӣ;

- огоҳонидани сайёҳони воридотӣ ва дохилӣ дар бораи сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва мутобиқати онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ва ба ин васила беҳтар намудани иқтидори сайёҳӣ ҳамчун манбаи даромади миллӣ.

3. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ

4. Мақоми ваколатдори давлатиӣ дар соҳаи сайёҳӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар самти сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили бойгонии сертификатсия, таъмини дастрасӣ барои тарафҳои дар ин раванд иштирокдошта, нашри формати рақамӣ ё маълумоти дахлдор дар портали миллӣ;

- иттилоотонии ташкилотҳои сайёҳии сертификатсияшуда аз имтиёзҳо ё нақшаҳои дастгирии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳамовардашуда;

- муқаррар кардани стандартҳои сайёҳӣ, навсозӣ ё бекор кардани стандартҳои мавҷуда;

- амалӣ кардани дигар ваколатҳо вобаста ба сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. СЕРТИФИКАТСИЯИ МАҲСУЛОТИ САЙЁҲӢ, МОЛ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТОНИ САЙЁҲӢ

5. Сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳӣ дар асоси ариза амалӣ карда мешавад. Аризадиҳанда дархост, аз ҷумла маълумот дар бораи ташкилоти хизматрасонии сайёҳиро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамояд. Мақоми ваколатдор аризаро барои баррасӣ ба мақоми сертификатсия ирсол менамояд.

6. Ба ҳуҷҷатҳои дархост дохил мешаванд:

- ҳуҷҷатҳо дар бораи баҳисобгузорӣ дар низоми андози миллӣ ва намояндагии ҳуқуқии аризадиҳанда;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи мутобиқати иншоот ба меъёрҳои сохтмонӣ (саломатӣ, бехатарӣ, мутобиқат ба нақшаҳо);

- ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳуқуқи моликият ба молу мулк ва ҳуқуқи аризадиҳанда.

7. Мақоми сертификатсия барои огоҳ кардани мақоми ваколатдор дар бораи ҳама гуна ҳуҷҷатҳои шубҳанок ё қалбакӣ, ки дар ҷараёни ин раванд пайдо шудаанд, таъмини амнияти ҳама гуна маълумоти махфӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ масъул мебошад.

8. Риоя накардани талаботи қонунгузорӣ ё дидаю дониста аз ҷониби ташкилоти аккредитатсияшуда поймол намудани шартҳои муқарраргардида боиси аз ҷониби мақоми ваколатдор бекор кардани аккредитатсия мешавад.

9. Мақоми сертификатсия ҳуҷҷатҳои дархостро на бештар аз 15 рӯзи корӣ баррасӣ менамояд.

10. Агар ҳуҷҷатҳо ба талабот ҷавобгӯ набошанд, мақоми сертификатсия ба аризадиҳанда мактуби асосноки рад менависад ва нусхаи онро ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамояд.

11. Мақоми сертификатсия шартномаро бо дарназардошти ҳаққи хизматрасонии худ тартиб дода, нусхаи онро ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамояд.

12. Ҳама ҳуҷҷатҳо ба довталабон фиристода мешаванд, ки ҳамчун маълумоти алоқаи ҳуқуқии аризадиҳанда ҳисобида мешаванд.

13. Аризадиҳанда шартномаро дар давоми 3 моҳ имзо намуда ва дубора ба мақоми сертификатсия пешниҳод менамояд. Мақоми сертификатсия дар навбати худ бо дархосткунанда барои боздид аз иншоот ва мавҷудияти намояндаи ваколатдорро барои кафолат додан таъмин менамояд.

14. Мақоми сертификатсия аз ҳисоби намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва коршиносони худ комиссияи тахассусиро таъсис медиҳад, ки онҳо ба макони иншоот ташриф оварда, ба талабот мувофиқат кардани онро санҷида, барои арзёбии ниҳоӣ ба мақоми ваколатдор гузориш медиҳад.

15. Мақоми сертификатсия ба аризадиҳанда аз 30 то 90 рӯз барои бартараф кардани номутобиқатӣ бо роҳи огоҳ кардан метавонад тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ муҳлат диҳад.

16. Мақоми сертификатсия ба тарафҳо дар хусуси мутобиқ будан ё набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ вобаста ба ташрифи дуюмбора ба иншоот маълумот медиҳад. Мақоми сертификатсия натиҷаҳои арзёбиро дар давоми 10 рӯзи корӣ пас аз ба итмом расидани баҳодиҳӣ ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамояд.

17. Барои фаъолият намудани якчанд ташкилоти хизматрасонӣ дар як макон шаҳодатнома ба ҳар кадоми онҳо алоҳида дода мешавад.

18. Дорандаи сертификат пеш аз ба охир расидани муҳлати эътибори сертификат барои тамдиди он дархост пешниҳод менамояд.

19. Мақоми ваколатдор дар асоси шикояти сайёҳон, мактубҳои мақомоти давлатӣ дар бораи ҷой доштани камбудиҳои ташкилоти хизматрасонии сайёҳӣ ё дар бораи тағйирот ба иттилооти алоқаманд метавонад сертификатро бозхонд намояд.

20. Ҳангоми пайдо шудани номутобиқатӣ дар давоми муҳлати эътибори сертификат, вобаста ба мушкилоти бамиёномада огоҳинома дода мешавад ва дар ҳолати бартараф накардан ҷиҳати бекор кардани сертификат масъалагузорӣ гузошта мешавад.

21. Дар ҳуҷҷати дахлдор ҳолатҳои огоҳӣ ва дигар чораҳои муайяннамудаи қонунгузорӣ қайд гардида, амалисозии он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.

22. Мақоми сертификатсия ба мақоми ваколатдор тасдиқи хароҷот ва расидҳои дахлдорро пешниҳод менамояд.

23. Мақомоти сертификатсия бо асосҳои зерин сертификатро барои қатъ намудан пешниҳод менамояд:

- қобилият надоштан барои ҳалли масъалаҳои асосӣ дар давоми 90 рӯз;

- иҷро накардани талаботи муайяншуда дар давоми 90 рӯз;

- гирифтани ариза аз дорандаи сертификат оид ба қатъи амали сертификат;

- қатъ гардидани фаъолияти сайёҳӣ дар ташкилот;

- ошкор шудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ;

- дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. СЕРТИФИКАТСИЯИ ХИЗМАТРАСОНИИ САЙЁҲӢ

24. Сертификатсияи сатҳ ва сифати хизматрасонии сайёҳӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои босалоҳияти ватанӣ ва байналмилалӣ мутобиқи муқаррарот (талабот ва ё стандартҳо)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалӣ амалӣ гардонида мешавад, зимни стандартонӣ ва сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ стандартҳои давлатӣ ба инобат гирифта мешаванд.

6. НАМУДҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ САЙЁҲӢ, КИ ОБЪЕКТИ СЕРТИФИКАТСИЯ МЕБОШАНД

25. Сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ аз рӯи намудҳои хизматрасонии зерин гузаронидани мешавад:

- хизматрасонии роҳбалад;

- хизматрасонии тарҷумон;

- хизматрасонии пешхизмат;

- хизматрасонии меҳмоннавозӣ.

26. Намудҳои дигари хизматрасонӣ, ки бояд сертификатсия шаванд, бо дарназардошти бозори хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида муайян карда мешавад.

27. Талаботи асосӣ барои сертификатсияи намуди хизматрасонии роҳбаладӣ инҳоянд:

- доштани малакаи касбӣ ва ё тахассуси дахлдори риштаи илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ (хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ё ташкилоти таҳсилоти калонсолон (иловагӣ), доштани маълумоти саҳеҳ дар бораи минтақа ва ҳудуд, таърих ва фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои объекти саёҳат (дар шакли хаттӣ ва ё сабти техникӣ);

- соҳиб будан ба малакаи муоширатию ровигӣ;

- донистани забони давлатӣ ва таърихи халқи тоҷик;

- донистани ҳадди ақал як забони хориҷӣ;

- доштани шаҳрвандии Тоҷикистон (дар сурати доштани шаҳрвандии хориҷӣ, тибқи тартиби муқарраргардида бояд дар мақоми ваколатдори давлатии соҳаи сайёҳӣ ҳамчун роҳбалад ба ҳисоб гузошта шавад).

28. Талаботи асосӣ барои сертификатсияи намуди хизматрасонии тарҷумонӣ инҳоянд:

- доштани малакаи касбӣ ва ё тахассуси дахлдори риштаи илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ (хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ё муассисаҳои таҳсилоти калонсолон (иловагӣ), доштани ҳуҷҷати намунаи давлатии тасдиқкунандаи малакаи касбӣ ва ё тахассуснокӣ (диплом ё аттестат);

- соҳиб будан ба малакаи тарҷумонӣ;

- донистани забони давлатӣ ва таърихи халқи тоҷик;

- дар сатҳи хуб донистани забони муайяни хориҷӣ;

- доштани шаҳрвандии Тоҷикистон (дар сурати доштани шаҳрвандии хориҷӣ, тибқи тартиби муқарраргардида бояд дар мақоми ваколатдори давлатии соҳаи сайёҳӣ ҳамчун тарҷумон ба ҳисоб гирифта шавад).

29. Талаботи асосӣ барои сертификатсияи намуди хизматрасонии пешхизматӣ инҳоянд:

- доштани малакаи касбӣ ва ё тахассуси дахлдори риштаи илмҳои иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва иқтисодӣ (хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ё ташкилоти таҳсилоти калонсолон (иловагӣ) ва ё муассисаҳои таълимӣ дар хориҷи кишвар);

- доштани ҳуҷҷати намунаи давлатии тасдиқкунандаи малакаи касбӣ ва ё тахассуснокӣ (диплом ё шаҳодатнома ё сертификат (дар сурати доштани намунаи хориҷӣ, он бояд тибқи тартиби муқарраргардида ностиртификатсия (мутобиқати баробарарзишӣ) шуда бошад,) агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;

- соҳиб будан ба малака ва маҳорати пешхизматӣ, хушмуомила, ботаҳаммул ва ботамкин будан;

- доштан ё таъмин будан бо либоси махсус ва муносиб ба хизматрасонӣ;

- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ;

- донистани урфу одат, арзишҳои миллӣ ва таърихи халқи тоҷик;

- доштани шаҳрвандии Тоҷикистон (дар сурати доштани шаҳрвандии хориҷӣ тибқи тартиби муқарраргардида бояд дар мақоми ваколатдори давлатии соҳаи сайёҳӣ ҳамчун пешхизмат ба ҳисоб гирифта шавад).

30. Талаботи асосӣ барои сертификатсияи намуди хизматрасонии меҳмоннавозӣ инҳоянд:

- доштани малакаи касбӣ ва ё тахассуси дахлдори риштаи илмҳои иҷтимоӣ, иҷтимоии гуманитарӣ ва иқтисодӣ (хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ё муассисаҳои таҳсилоти калонсолон (иловагӣ) ва ё муассисаҳои таълими дар хориҷи кишвар), доштани ҳуҷҷати намунаи давлатии тасдиқкунандаи малакаи касбӣ ва ё тахассуснокӣ (диплом ё шаҳодатнома ё сертификат (дар сурати доштани ҳуҷҷати намунаи хориҷӣ, он бояд тибқи тартиби муқарраргардида ностиртификатсия (мутобиқати баробарарзишӣ) шуда бошад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад);

- соҳиб будан ба малака ва маҳорати меҳмоннавозӣ, хушмуомила, ботаҳаммул ва ботамкин будан;

- доштан ё пешниҳоди либоси махсус ва мувофиқ - меҳмоннавозӣ;

- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ;

- донистани урфу одат, арзишҳои миллӣ ва таърихи халқи тоҷик;

- доштани шаҳрвандии Тоҷикистон (дар сурати доштани шаҳрвандии хориҷӣ, тибқи тартиби муқарраргардида бояд дар мақоми ваколатдори давлатии соҳаи сайёҳӣ ҳамчун меҳмоннавоз ба ҳисоб гирифта шавад).

7. НАМУДҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ САЙЁҲӢ, КИ ОБЪЕКТИ СТАНДАРТОНӢ МЕБОШАНД

31. Стандартикунонии хизматрасонии сайёҳӣ аз рӯи намудҳои зерини хизматрасонӣ (фаъолият) ба роҳ монда мешавад:

- хатсайри сайёҳӣ;

- бехатарии саёҳат;

- воситаҳои ҷойгиркунӣ.

32. Стандарти давлатии намуди хизматрасониҳои сайёҳиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ дар доираи Тартиби мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

33. Талаботи асосӣ барои стандартонии хизматрасонӣ (фаъолият) вобаста ба хатсайри сайёҳӣ инҳоянд:

- маълумоти умумӣ (номгӯйи ташкилот, номи хатсайр, муаллиф ва соли тартибдиҳӣ);

- маълумот дар бораи фармоишгари хатсайри сайёҳӣ, агар чунин хатсайр фармоиш шуда бошад;

- шиноснома - нишондиҳандаҳои асосӣ (номи хатсайр, рақами тартибӣ, намуди саёҳат, мақсад, шакл, вақт, масофа, иштирокчиёни эҳтимолӣ, истеъмолкунандагон, ҷойгиршавии объекти саёҳат, хизматрасонии хатсайр, арзиши хатсайр ва ғайра);

- тавсифи техникӣ (маълумоти муфассал оид ба мақсад, намуд, шакл ва барномаи саёҳат, талабот ва шартҳои будубош, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сайёҳ, талаботи бехатарӣ, дараҷаи эҳтимолии обу ҳаво ва дигар иттилооти тавсифдиҳанда);

- харита (харитаи расидан то объекти сайёҳӣ бо дарназардошти барномаҳои дахлдор дар роҳ ва харитаи дохилиобъектӣ (тасвири масофаи байни объектҳо бо тартиби ташрифи онҳо);

- тавсифи хатсайр тавассути аксҳо (аксҳо аз объекти сайёҳӣ (ҳар як нуқтаи саёҳат) бо тартиби ташрифи онҳо);

- қувваи ҳуқуқӣ (шартномаҳо ва муқаррароти ҳуқуқии таркибии хатсайр);

- тавсияҳо барои сайёҳ (рӯйхати тавсияҳо бо дар назар доштани талаботи объекти сайёҳӣ);

- адабиёт (манбаъҳои маълумоти истифодашуда);

- қарори ширкати сайёҳӣ оид ба тасдиқи хатсайр.

34. Талаботи асосӣ нисбати стандартонии хизматрасонӣ (фаъолият) аз рӯи воситаҳои ҷойгиркунӣ инҳоянд:

- воситаҳои ҷойгиркунӣ бояд ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Тартиби мазкур мувофиқат кунанд;

- муассисон (иҷорагирандагон)-и иншооти воситаҳои ҷойгиркунӣ уҳдадоранд, ки онҳоро дар ҳолати дуруст нигоҳ доранд, ба сӯиистифода ва вайрон кардани қоидаҳои истиқомат роҳ надиҳанд;

- ҳудуди воситаҳои ҷойгиркунӣ бояд ба талаботи муқарраршудаи санитарию гигиенӣ мувофиқ бошад;

- тозакунии ҳудуди воситаҳои ҷойгиркунӣ бояд мунтазам гузаронида шавад, аз ҷумла обдиҳии майдонҳо ва растаниҳо дар фасли гармо ва гарм ва чораҳои зидди яхбандӣ дар фасли зимистон (бардоштани ях, пошидани қум ё реагентҳои зидди яхбандӣ, тоза кардани барфу яхбандӣ ва ғайра);

- ба минтақаҳое, ки дар ҳудуди онҳо иншоотҳои истиқоматӣ ҷойгиранд, бояд озодона мошинҳои махсуси ҷамъоварии партовҳо таъмин карда шавад;

- меъморӣ ва банақшагирӣ, унсурҳои сохтмон ва қарорҳои лоиҳавии иншооти воситаҳои ҷойгиркунӣ бояд ба талаботи муқаррарнамудаи қоидаҳои сохтмон мувофиқат намоянд;

- системаҳои гармидиҳӣ, вентилятсия, кондитсионер бояд параметрҳои оптималии микроиқлимро дар иншооти истиқоматии инфиродӣ таъмин кунанд;

- равшанӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва ҳаммомҳо бояд барои истироҳати бароҳат кофӣ бошад;

- маводе, ки барои ороиши дохили биноҳо, фаршҳо, мебелҳои мулоим аз маводи синтетикӣ истифода мешавад, набояд манбаи моддаҳои зараровар бошад ва барои сайёҳон шароити номусоид ба вуҷуд оварад;

- пӯшишҳо ва рӯйпӯшҳои деворҳо, қисмҳо, таҷҳизот ва мебелҳои дар утоқҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насбшуда бояд безарар бошанд. Сатҳҳо бояд ҳамвор, тоза кардан осон, тар тозашаванда ва ба моддаҳои шустушӯй ва дезинфексия тобовар бошанд;

- деворҳо ва фарши ҳаммомҳо ва душхонаҳо, хонаҳои гигиенӣ ва дигар иншооти санитарӣ бояд бо маводи ба намӣ тобовар, ки ба маводи дезинфексия тобоваранд, пӯшонида шаванд;

- тавсия дода мешавад, ки сӯрохиҳои равшани ҳуҷраҳои хоб, меҳмонхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо воситаҳои муҳофизаткунандаи офтоб, аз ҷумла пардаҳо ва ғайра муҷаҳҳаз карда шаванд;

- ҳангоми истифодабарии иншооти истиқоматӣ иҷрои корҳое, ки манбаи баландшавии садо, ларзиш, ифлосшавии ҳаво мебошанд, ки шароити зисти дигар сайёҳон ва сокинони хонаро вайрон мекунанд, иҷозат дода намешавад;

- нигоҳ доштан ва истифода бурдани моддаҳои тарканда ва кимиёвии хавфнок манъ аст;

- иттилооти зарурӣ ва боэътимод дар бораи воситаҳои ҷойгиркунӣ ва хизматрасониҳои дар онҳо пешниҳодшуда бояд тибқи қонунгузории амалкунанда сари вақт ба маълумоти сайёҳон расонида шавад.

35. Стандарти давлатии хатсайри сайёҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи асосӣ барои стандартонии хизматрасонӣ (фаъолият) вобаста ба хатсайри сайёҳӣ таҳия ва амалӣ карда мешавад.

36. Талаботи асосӣ барои стандартонии хизматрасонӣ аз рӯи намуд (оид ба таъмин)-и бехатарии саёҳат инҳоянд:

- тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ ба сайёҳон оид ба ҳолатҳои эҳтимолии хатарнок;

- асосҳои ҳуқуқӣ оид ба таъмини бехатарии сайёҳон (бастани шартнома, пешниҳоди суғурта ба сайёҳон аз хизматрасонӣ, ҳаёт, саломатӣ, моликият ва дигар ҳолатҳо);

- тавсияҳо оид ба василаҳо ва олоти таъмини бехатарӣ (маводи доруворӣ, таҷҳизоти болобароӣ, фурудоӣ, ҳайма ва ғайра);

- номгӯйи субъектҳои дахлдор, аз ҷумла мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии сайёҳон ва уҳдадориҳо дар ин самт (асосҳои ҳуқуқӣ ва уҳдадориҳо оид ба таъмини бехатарии шаҳрвандон, аз ҷумла сайёҳон);

- заминаи ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии сайёҳон;

- таъмини бехатарӣ дар доираи сайёҳии байналмилалӣ.

37. Стандарти давлатии хизматрасонӣ аз рӯи намуд (оид ба таъмин)-и бехатарии саёҳат тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи асосӣ барои стандартонии хизматрасонӣ (фаъолият) вобаста ба хатсайри сайёҳӣ таҳия ва амалӣ карда мешавад.

 

Утвержден постановлением

Правительства Республики Таджикистан

от 21 мая 2022 года, №239

Порядок определения сертификации туристической продукции, товаров и услуг деятельности субъектов туризма

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок сертификации туристической продукции, товаров и услуг деятельности субъектов туризма (далее - Порядок) определяет цели, организационную структуру и порядок сертификации туристической продукции, товаров и услуг деятельности субъектов туризма Республики Таджикистан.

2. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:

- туристическая организация - организация, предоставляющее туристические услуги, такие как размещение, питание и досуг, а также другие услуги, связанные с туристических сферой;

- сертификат - документ, выдаваемый организациям туристических услуг, ее соответствие которое утверждено классификацией;

- органы по сертификации - государственный орган и организация, аккредитованные на выполнение работ по сертификации туристической продукции, товаров и услуг;

- обладатель сертификата - туристическая организация, прошедшая процедуру сертификации и обладающая правами и привилегиями;

- кемпинг - жилая зона для туристов под открытым небом, где они могут парковать свой транспорт и ставить палатки. Субъект по оказанию туристических услуг охраняет территорию кемпинга и обеспечивает отдыхающих электричеством, водой, туалетом и другими условиями пребывания;

- глэмпинг - вид кемпинга, который предоставляет комфортабельные гостиничные номера на природе;

- гид - вид услуг, предоставляемый лицом с соответствующей профессиональной квалификацией в виде сопровождения, информирования и разъяснения туристам определенного объекта;

- гостиницы обычного уровня - такие гостиницы дешевы, обслуживание в них ограничено и предоставляют минимум услуг. В таких гостиницах есть возможноть обеспечения питанием;

- гостиница люкс - гостиница, обладающая роскошным декором, оборудована качественной мебелью, а обслуживание в ее номерах обеспечивается большим количеством сотрудников. Гостиница люкс состоит из 100 до 400 номеров, имеет отличные условия проживания. В них номера содержат несколько комнат, в том числе спальню, гостиную и имеет кухню с холодильником;

- гостиница высшего уровня - гостиница состоит из 400 до 2000 номеров, где предоставляется широкий спектр услуг обученными лицами, предоставляется отдельно предпринимателям, участникам конференций и туристам;

- гостиница среднего уровня - гостиница предназначена для широкого круга потребителей, количество номеров варьируется, и наряду с снижением эксплуатационных расходов, также использует современные технологии и поддерживает средний уровень цен;

- апарт-отель - гостиница обычно имеет от 100 до 400 номеров, оснащена мебелью, стоимость которой варьируется в зависимости от сезона и условий проживания;

- мотель - придорожный отель для пассажиров дальнего следования, путешествующих на личном транспорте на большие расстояния, такие отели обычно строятся вдали от города, недалеко от магистралей и в какой- небудь комфортной обстановке вместимостью от 150 до 400 номеров;

- курортная гостиница - санаторная гостиница на 100-500 номеров, обычно отделенная от города, расположенный рядом с какой-нибудь зоной отдыха, на берегу озер, рек, в горах и лесах, где предоставляются различные услуги, такие как специализированные медицинские услуги диетического питания по ценам выше средних для разных категорий туристов;

- таймшер - гостиница имеет от 50 до 250 номеров, которая может быть отдельным зданием, а номера похожи на квартиру. В нем условия также похожи на курортные отели;

- стационарные гостиницы - гостиницы для семейного отдыха с помещением для детских игр, находящиеся под контролем персонала гостиницы, предназначенные для спортивно-оздоровительных мероприятий и отдыха;

- ротель - автомобильная гостиница (колесная), состоящая из нескольких специальных вагонов из нескольких секторов, с холодильником, туалетом, ванной, спальней и столовой. Ротельпередвижной отель, состоящий из одного или двух вагонов, в котором туристы путешествуют днем и знакомятся с разными городами и их достопримечательностями;

- ботель - небольшая гостиница, расположенная на воде (но не плавучая) и для ее использования применяют оборудованную лодку;

- хостел - жилье, обеспечивающее проживание в течение короткого или длительного времени для посетителей в общежитии без дополнительных услуг высокого уровня;

- спа-отель - один из выдов оздоровительного центра, где гости во время своих каникул отдыхают через различные санаторно-курортные процедуры, которые оказывают благоприятное воздействие на организм и улучшают свое здоровье;

- ресторан в гостинице - рестораны предназначены для обслуживания гостей отеля и могут использоваться другими. В крупных отелях, входящих в гостиничную сеть, обычно есть два ресторана. Большой ресторан и небольшой ресторан, как кафе, которые обслуживают как гостей отеля, так и других клиентов;

- бюджетные гостиницы (1 звезда) - гостиница, расположенная в центре городов, с минимальным комфортом;

- гостиницы туристического уровня (2 звезды) - гостиница с рестораном;

- гостиница среднего уровня (3 звезды) - гостиница с высоким уровнем обслуживания;

- гостиница 1 класса (4 звезды) - гостиница с качественным размещением и высоким уровнем обслуживания;

- гостиница высокого класса (5 звезд) - гостиница с высоким уровнем обслуживания и проживания.

2. ЦЕЛЬ СЕРТИФИКАЦИИ ТУРИСТИЧЕСКОЙ ПРОДУКЦИИ, ТОВАРОВ И УСЛУГ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СУБЪЕКТОВ ТУРИЗМА

3. Сертификация туристической продукции, товаров и услуг деятельности субъектов туризма Республики Таджикистан осуществляется в следующих целях:

- установление объективных норм и степени доступа к сертификации туристических организаций;

- обеспечение адекватных и согласованных стандартов в сферы туризма с учетом национальной политики, международного опыта и рекомендаций Всемирной Туристской Организации;

- повышение конкурентоспособности туристических организаций;

- информирование въездных и внутренних туристов о качестве туристических услуг в Таджикистане и их соответствии с международными стандартами и тем самым улучшение туристического потенциала как источника национального дохода.

3. ПОЛНОМОЧИЯ УПОЛНОМОЧЕННОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО ОРГАНА В СФЕРЕ ТУРИЗМА

4. Уполномоченный государственный орган в сфере туризма имеет следующие полномочия:

- разработка и представление проектов концепций, стратегий и государственных программ в области сертификации туристической продукции, товаров и услуг деятельности туристических субъектов Республики Таджикистан;

- создание архива сертификации, обеспечение доступа сторонам, участвующим в этом процессе, и публикация цифрового формата или соответствующей информации на национальном портале;

- информирование сертифицированных туристических организаций о льготах или планах поддержки, предоставляемых Правительством Республики Таджикистан;

- установление стандартов туризма, обновление или отмена существующих стандартов;

- осуществление иных полномочий, связаннах с сертификации туристической продукции, товаров и услуг деятельности субъектов туризма Республики Таджикистан в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

4. СЕРТИФИКАЦИЯ ТУРИСТИЧЕСКОЙ ПРОДУКЦИИ, ТОВАРОВ И УСЛУГ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СУБЪЕКТОВ ТУРИЗМА

5. Сертификация туристической продукции, товаров и услуг деятельности субъектов туризма осуществляется на основании заявления. Заявитель подает в уполномоченный орган заявку, включая информацию об организации туристических услуг с необходимыми документами. Уполномоченный орган направляет заявку на рассмотрение в орган по сертификации.

6. Документы заявки включают:

- документы о постановке на учет в национальной налоговой системе и в законном представительстве заявителя;

- документы о соответствии объекта строительным нормам (здоровье, безопасность, соответствие планам);

- документы о праве собственности на имущество и прав заявителя.

7. Орган по сертификации несет ответственность за уведомление уполномоченного органа о любых подозрительных или поддельных документах, обнаруженных в процессе, обеспечения безопасности любой конфиденциальной информации и соблюдение правовых норм.

8. Несоблюдение требований законодательства или умышленное нарушение аккредитованной организацией установленных условий влечет отзыв аккредитации уполномоченным органом.

9. Орган по сертификации рассматривает документы заявки не более 15 рабочих дней.

10. Если документы не соответствуют требованиям, орган по сертификатции направляет заявителю мотивированное письмо об отказе и отправляет его копию в уполномоченный орган.

11. Орган по сертификации составляет договор с учетом платы за свои услуги и направляет его копию в уполномоченный орган.

12. Все документы отправляются заявителям, которые считаются контактной информацией заявителя.

13. Заявитель подписывает договор в течение 3 месяцев и повторно подает его в орган по сертификации в свою очередь, обеспечивает заявителю посещение объекта и гарантирует присутствие уполномоченного представителя.

14. Орган по сертификации создает квалификационную комиссию в составе представителей уполномоченного государственного органа в сфере туризма и своих специалистов, которые выезжают на объект, проверяют его соответствие и отчитываются перед уполномоченным органом для окончательной оценки.

15. Орган по сертификации может предоставить заявителю от 30 до 90 дней на устранение несоответствия путем уведомления через уполномоченный орган.

16. Орган по сертификации информирует стороны о соответствии или отсутствии необходимых документов и повторном посещении объекта. Орган по сертификации должен представить результаты оценки в уполномоченный орган в течение 10 рабочих дней после завершения оценки.

17. При работе нескольких обслуживающих организаций в одном месте, сертификат выдается каждой из них по отдельностью.

18. До истечения срока действия сертификата обладатель сертификата подает заявку на продление.

19. Уполномоченный орган может отозвать сертификат на основании жалоб туристов, писем государственных органов о недостатках организаций туристических услуг или об изменении соответсвующих информации.

20. В случае несоответствия в течение срока действия сертификата, выдается уведомление о возникших проблемах, а в случае неустранения, ставится вопрос об отзыве.

21. В соответствующем документе указываются обстоятельства применения предупреждения и других мер, определенных законодательством, реализация которых осуществляется в порядке, установленном законодательством.

22. Орган по сертификации представляет в уполномоченный орган подтверждение о соответствующих расходах и поступлениях.

23. Орган по сертификации выдает свидетельство о прекращении действия по следующим основаниям:

- неспособность решить основные вопросы в течение 90 дней;

- невыполнение выявленных требований в течение 90 дней;

- получение заявления от обладателя сертификата о прекращении действия сертификата;

- прекращение туристической деятельности в организации;

- обнаружение поддельных документов;

- другие случаи, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан.

5. СЕРТИФИКАЦИЯ ТУРИСТИЧЕСКИХ УСЛУГ

24. Сертификация уровня и качества туристических услуг, проводимая компетентными национальными и международными организациями в соответствии с положениями (требованиями или стандартами) Республики Таджикистан и международными стандартами и при стандартизации и сертификации учитываются государственные стандарты.

6. ВИДЫ ТУРИСТИЧЕСКИХ УСЛУГ, ЯВЛЯЮЩИЕСЯ ОБЪЕКТАМИ СЕРТИФИКАЦИИ

25. Сертификация туристических услуг проводится по следующим видам услуг:

- услуги проводника (гида);

- услуги переводчика;

- услуги официанта;

- гостеприимство.

26. Другие виды услуг, подлежащих сертификации, определяются в установленном порядке с учетом рынка предоставления услуг в сфере туризма.

27. Основными требованиями к сертификации услуг проводника (гида) являются:

- иметь профессиональные навыки или соответствующую квалификацию в области социальных и гуманитарных наук (выпускники учреждений начального, среднего и высшего профессионального образования или учебных зоведений для взрослых (дополнительно), иметь достоверную информацию о регионе и территории, истории и культуре, обычаях и традициях объекта путешествия (а также в письменной или технической записи);

- владение коммуникативными и повествовательными навыками;

- знание государственного языка и истории таджикского народа;

- знание хотя бы одного иностранного языка;

- гражданство Таджикистана (в случае иностранного гражданства, в установленном порядке необходима постановка на учет в качестве гида в уполномоченном государственном органе в сфере туризма).

 28. Основными требованиями к сертификации переводческих услуг являются:

- иметь профессиональные навыки или соответствующую квалификацию в области социальных и гуманитарных наук (выпускники учреждений начального, средного и высшего профессионального образования или учебных учреждений для взрослых (дополнительно), наличие государственного документа, подтверждающего профессиональные навыки или квалификацию (диплом или аттестат);

- владение переводческими навыками;

- знание государственного языка и истории таджикского народа;

- хорошее знание определенного иностранного языка;

- гражданство Таджикистана (в случае наличия иностранного гражданства, в установленном порядке необходима постановка на учет в качестве переводчика в уполномоченном государственном органе в сфере туризма).

29. Основными требованиями для сертификации вида услуги официанта являются:

- иметь профессиональные навыки или соответствующую квалификацию в области социальных, гуманитарных и экономических наук (выпускники учреждений начального, среднего и высшего профессионального образования, учебного заведения для взрослых (дополнительно) или учебного заведения за рубежом);

- наличие документа государственного образца, подтверждающего профессиональные навыки или квалификацию (диплом или аттестат или свидетельство) в случае наличия документа иностранного образца, если иное не предусмотрено законодательством Республики Таджикистан);

- владение навыками и способностями официанта, быть вежливым, терпимым и спокойным;

- наличие или предоставление специальной и подходящей одежды для обслуживания;

- знание государственного языка и знание хотя бы одного иностранного языка;

- знание традиций, национальных ценностей и истории таджикского народа;

- иметь гражданство Таджикистана (при наличии иностранного гражданства, в установленном порядке необходима постановка на учет в качестве официанта в уполномоченном государственном органе в сфере туризма).

30. Основными требованиями для сертификации услуг гостеприимства являются:

- иметь профессиональные навыки или соответствующую квалификацию в области социальных, гуманитарных и экономических наук (выпускники учриждений начального, средного и высшего профессионального образования, учебного заведения для взрослых (дополнительно) или учебного завидения за рубежом), наличие документа государственного образца, подтверждающего профессиональные навыки или квалификацию (диплом или аттестат или свидетельство) в случае наличия документа иностранного образца, если иное не предусмотрено законодательством Республики Таджикистан);

- владение гостеприимством, вежливостью, терпимостью и сдержанностью;

- иметь или предоставление специальной и подходящей одеждыгостеприимство;

- знание государственного языка и знание хотя бы одного иностранного языка;

- знание традиций, национальных ценностей и истории таджикского народа;

- иметь гражданство Таджикистана (в случае иностранного гражданства в установленном порядке необходима постановка на учет в качестве гостепринимающего в уполномоченном государственном органе в сфере туризма).

7. ВИДЫ ТУРИСТИЧЕСКИХ УСЛУГ, ЯВЛЯЮЩИЕСЯ ОБЪЕКТОМ СТАНДАРТИЗАЦИИ

31. Стандартизация туристических услуг осуществляется по следующим видам услуг (деятельности):

- туристический маршрут;

- безопасность путешествия;

- средства размещения.

32. Государственный стандарт вида туристических услуг определяется уполномоченным государственным органом по стандартам в рамках настоящего Порядка и других нормативных правовых актов Республики Таджикистан.

33. Основными требованиями к стандартизации услуг (деятельности), связанных с туристическим маршрутом, являются:

- общая информация (название организации, название маршрута, автор, год составления);

- информация о заказчике туристического маршрута, если такой маршрут забронирован;

- паспорт - основные показатели (название маршрута, порядковый номер, тип поездки, цель, форма, время, расстояние, потенциальные участники, потребители, местонахождение объект путешествия, маршрутные услуги, стоимость маршрута и так далее);

- техническое описание (подробная информация о цели, типе, форме и программе поездки, требованиях и условиях пребывания, правах и обязанностях туристов, требованиях безопасности, возможных погодных условиях и другая описательная информация);

- карта (карта прибытия к туристическому объекту с учетом соответствующих программ на дороге и внутриобъектная карта (описание расстояния между объектами в порядке их посещения);

- описание маршрута по фотографиям (фотографии туристического объекта (каждой точки путешествия) в порядке их посещения);

- юридическая сила (договоры и правовые положения маршрута);

- рекомендации для туристов (перечень рекомендаций с учетом требований туристического объекта);

- литература (используемые источники информации);

- решение туристической компании об утверждении маршрута.

34. Основными требованиями к стандартизации услуг (деятельности) по средств размещению являются:

- средства размещения должны соответствовать требованиям нормативных правовых актов Республики Таджикистан и требованиям настоящего Порядка;

- учредители (наниматели) средств размещения обязаны содержать их в надлежащем состоянии, не допускать злоупотреблений и нарушений правил проживания;

- территория средств размещения должна соответствовать установленным санитарно-гигиеническим требованиям;

- уборка помещений должна проводиться регулярно, включая полив полей и растений в жаркое и теплое время года и противогололедные мероприятия зимой (подъем льда, распыление песка или противогололедных реагентов, очистка от снега и льда и так далее);

- должен быть обеспечен свободный подъезд специальных мусоровозов к участкам, расположенным на территории объектов средств размещениях;

- архитектурно-планировочные, конструктивные элементы и конструктивные решения объектов средств размещения должны соответствовать требованиям, установленным строительными нормами;

- системы отопления, вентиляции, кондиционирования воздуха должны обеспечивать оптимальные параметры микроклимата в индивидуальных жилых помещениях;

- освещение в жилых домах и санузлах должно быть достаточным для комфортного отдыха;

- материалы, используемые для внутренней отделки зданий, полов, мягкой мебели из синтетических материалов, не должны быть источником вредных веществ и создавать неблагоприятные условия для туристов;

- покрытия и покрытия стен, детали, оборудование и мебель, устанавливаемые в жилых и общественных помещениях, должны быть безвредными. Поверхности должны быть гладкими, легко моющимися, допускающими влажную уборку и устойчивыми к моющим и дезинфицирующим средствам;

- стены и полы ванных и душевых, санитарных домиков и других санитарно-бытовых помещений должны быть покрыты влагостойкими материалами, стойкими к дезинфицирующим средствам;

- светлые проемы в спальнях, гостиницах и общественных местах рекомендуется оборудовать солнцезащитными, в том числе шторами и так далее;

- при эксплуатации жилых домов не допускаются работы, являющиеся источником шума, вибрации, загрязнения атмосферного воздуха, нарушающие условия проживания других туристов и жителей дома;

- запрещается хранение и использование взрывчатых веществ и опасных химических веществ;

- необходимая и достоверная информация о средствах размещения и оказываемых в них услугах должна быть своевременно доведена до сведения туристов в соответствии с действующим законодательством.

35. Государственный стандарт туристических маршрутов разрабатывается и реализуется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, с учетом основных требований по стандартизации услуг (деятельности), связанных с туристических маршрутами.

36. Основными требованиями к стандартизации услуг по (обеспечения) безопасности путешествий являются:

- меры по разъяснению туристам потенциально опасных ситуаций;

- правовая основа обеспечения безопасности туристов (заключение договоров, страхование туристов от оказания услуг, жизни, здоровья, имущественных и других ситуаций);

- рекомендации по предохранительным устройствам и оборудованию (медикаменты, подъемное оборудование, шасси, палатки и так далее);

- перечень соответствующих субъектов, включая уполномоченный государственный орган по обеспечению безопасности туристов и обязанности в этой сфере (правовая база и обязательства по обеспечению безопасности граждан, в том числе туристов);

- основа для взаимодействия с соответствующими структурами, в том числе с уполномоченным государственным органом по обеспечению безопасности туристов;

- обеспечение безопасности в рамках международного туризма.

37. Государственный стандарт услуг по виду (обеспечению) безопасности путешествий разрабатывается и реализуется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, с учетом основных требований по стандартизации услуг (деятельности), связанных с туристическим маршрутом.