ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси шӯрои нозирон оид ба назорати амалисозӣ ва идоракунии ҷараёнҳои молиявии суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шӯрои нозирон оид ба назорати амалисозӣ ва идоракунии ҷараёнҳои молиявии суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, таъсис дода шуда, низомнома ва ҳайати он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳои дахлдор ва ҷамъиятҳои давлатии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои қарорҳои қабулнамудаи шӯрои нозирон мунтазам чораҷӯйи намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 апрели соли 2022, № 208
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О создании наблюдательного совета по контролю реализации и управлению финансовыми потоками специального счета для управления финансовыми средствами, поступающими от продажи электроэнергии внутри энергетической системы Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1 Создать наблюдательный совет по контролю реализации и управлению финансовыми потоками специального счета для управления финансовыми средствами, поступающими от продажи электроэнергии внутри энергетической системы Республики Таджикистан и утвердить её положения и состав (приложения 1 и 2).
2. Соответствующим министерствам, ведомствам и государственным обществам энергетической системы Республики Таджикистан регулярно принимать меры для исполнения решений, принимаемых наблюдательным советом.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 27 апреля 2022года, №208