ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"
Моддаи 1. Ба қисми панҷуми моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с. 2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод. 460) банди 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"11) барои додани маълумот аз Феҳристи қарздорон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ боҷи давлатӣ ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ситонида мешавад".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
31 декабри соли 2008 № 466
ш.Душанбе
31 декабри соли 2008 № 466
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" қабул карда шавад.
...