Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, № 214 "Дар бораи гирифтан ва ба Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Нур Пласт" додани қитъаи замин"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи гирифтан ва ба Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Нур Пласт" додани қитъаи замин

Мутобиқи моддаҳои 26(1), 29, 3041 ва 42 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пиллаи Тоҷик"-и шаҳри Душанбе майдони 2,60 гектар замини корами обӣ гирифта, ба истифодаи бемуҳлат бе ҳуқуки бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии замин ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Нур Пласт" барои сохтмони корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ дода шавад.

2. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Нур Пласт":

- то гирифтани қитъаи замин товони зарари заминистифодабарандаро дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд;

- бо тартиби муқарраргардида 652813 (шашсаду панҷоҳу ду ҳазору ҳаштсаду сенздаҳ) сомонӣ маблағи талафи вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиши кишоварзиро ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн намояд;

- бо тартиби муқарраргардида қитъаи замини додашударо мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намояд.

3. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодаи онро пас аз ҷуброн намудани маблағи дар банди 2 қарори мазкур зикргардида таъмин намояд;

- дар ҳуҷҷатҳои кадастри замин тағйироти дахлдор ворид намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 27 апрели соли 2022, № 214

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об изъятии и предоставлении земельного участка Закрытому акционерному обществу "Нур Пласт"

В соответствии со статьями 26(1), 29, 30, 41 и 42 Земельного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Изъять из земель подсобного хозяйства Открытого акционерного общества "Пиллаи Точик" города Душанбе площадью 2,60 гектара орошаемый пашни и предоставить в бессрочное пользование без права отчуждения права пользования землей Закрытому акционерному обществу "Нур Пласт" под строительство предприятия по производству пластиковых дверей и окон.

2. Закрытому акционерному обществу "Нур Пласт";

- до изъятия земельного участка возместить убытки землепользователя в полном объеме;

- возместить в установленном порядке 652813 (шестьсот пятьдесят две тысячи восемьсот тринадцать) сомони средства потерь, связанные с изъятием земель из сельскохозяйственного оборота, на специальный счет республиканского бюджета;

- использовать в установленном порядке предоставленный земельный участок по целевому назначению.

3. Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан:

- обеспечить государственную регистрацию земельного участка и права его пользования после возмещения средств, указанных в пункте 2 настоящего постановления;

- внести соответствующие изменения в земельно-кадастровую документацию.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                        Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 27 апреля 2022 года, №214