Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистгон барои солҳои 2022-2026

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 31 марти соли 2022, №150

Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистгон барои солҳои 2022-2026

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи харгӯшпарварӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, афзун намудани истеҳсоли гӯшти парҳезӣ ва мӯинаи қиматбаҳои харгӯш таҳия гардидааст.

2. Соҳаи харгӯшпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва соҳаи саноат бо пӯсту мӯина мусоидат менамояд.

3. Дар кишварҳои рушдёфта гӯшти парҳезии харгӯш қисми зиёди реҷаи гӯштиро ташкил дода, мӯинаи онро дар шакли аслӣ ё рангкардашуда дар соҳаи саноат васеъ истифода менамоянд. Аз ҷумла либосҳое, ки аз мӯинаи ангории харгӯш омода карда мешаванд, нисбати мӯинаи гӯсфанд чандин маротиба гармтар ва сабуктар мебошанд.

4. Талабот ба мӯинаи харгӯш сол то сол зиёд гардида, пӯсти харгӯш бошад, барои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва пойафзол истифода бурда мешавад.

5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳаи харгӯшпарварӣ метавонад дар рушди иқтисодиёти кишвар ба монанди дигар соҳаҳо нақши назаррас гузорад. Зеро шароити иқлимию табии кишвар барои тараққӣ додани соҳаи харгӯшпарварӣ мусоидат менамояд.

2.ВАЗЪИ СОҲАИ ХАРГӯШПАРВАРӢ ДАР МАРҲИЛАИ ҲОЗИРА ВА РУШДИ МИНБАЪДАИ ОН

6. Мутобиқи маълумоти оморӣ то солҳои 90-уми асри гузашта дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор сар, аз ҷумла дар вилояти Суғд 40 ҳазор сар, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 60 ҳазор сар харгӯш парвариш меёфт. Дар ҷумҳурӣ асосан зоти харгӯши сафеди азимҷусса парвариш мегардид. Ин зот яке аз зотҳои сернасл буда, дар як зоиш то 8 сар насл медиҳанд, ки онҳо қобилияти зуд калоншавӣ доранд.

7. Дар ин солҳо харгӯшпарварӣ асосан дар бахши хусусӣ рушд ёфта, дар комбинатҳои гӯшт хатти махсуси забҳи он мавҷуд буд. Пас аз коркард пӯсти харгӯшро барои дӯхтани сарпӯш ва либосворӣ истифода мебурданд.

8. Дар давраи солҳои 1992-2006 харгӯшпарварӣ рӯ ба таназзул ниҳода, саршумори он кам гардид. Вале солҳои охир аҳолӣ ба ин соҳа аз сари нав таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар натиҷа саршумори харгӯш сол то сол зиёд гардида истодааст. Мутобиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар солҳои 2016 - 68500 сар, 2017 - 70400 сар, 2018 - 72500 сар, 2019 - 70400 сар ва 2020 - 77000 сар парвариш карда мешуд.

9. Бо назардошти хусусиятҳои биологӣ ба роҳ мондани парвариши харгӯш дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ имконпазир аст. Ҳамзамон омӯзиши хусусиятҳои биологии харгӯш барои васеъ ба роҳ мондани парвариши он дар мамнуъгоҳҳо ва ҷангалзорҳо мусоидат менамояд.

10. Айни замон соҳаи харгӯшпарварӣ асосан дар бахши хусусӣ рушд ёфта, дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 33-35 ҳазор хонавода ба парвариши харгӯш машғул мебошанд.

11. Дар навбати аввал зарур аст, ки дараҷаи маҳсулнокии харгӯшҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда омӯхта шуда, сипас бо роҳи ҷуфтикунонӣ ва ворид намудани харгӯшҳои хушзот дараҷаи зотнокии онҳо беҳтар гардонида шавад.

12. Дар ҷумҳурӣ корхона ва хоҷагиҳое мавҷуданд, ки ба парвариши харгӯш машғул буда, саршумори онро зиёд намуда истодаанд.

13. Дар натиҷаи татбиқи Барномаи мазкур саршумори харгӯш дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз 100 ҳазор сар ба зиёда аз 360 ҳазор сар расонида мешавад. Инчунин дар ин давра то ба 1000 тонна расонидани истеҳсоли гӯшти парҳезии харгӯш ва истеҳсоли пӯсти он то ба 500 ҳазор дона дар назар аст.

14. Зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парҳезии харгӯш ва пӯсти он барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ бо гӯшт ва соҳаи саноат бо ашёи хом заминаи мусоидат менамояд.

15. Аз пӯсти харгӯш асосан пӯстин, сарпӯш, гиребон барои палто ва маснуоти дигар тайёр менамоянд. Дар шароити корхонаҳои хурди саноатӣ ва ба тарзи ҳунарҳои мардумӣ аз тибити он кулоҳ, ҷӯроб ва ғайра омода намудан мумкин аст.

16. Гӯшти харгӯш ҳамчун маҳсулоти парҳезӣ ба ҳисоб рафта, дар таркиби гӯшти он сафедаҳои пурбаҳо, комплекси витаминҳои В, микро ва макроэлементҳо мавҷуд аст. Аз рӯи хусусиятҳои табобативу парҳезӣ гӯшти харгӯш ба гӯшти мурғ шабоҳат дошта, миқдори сафедаҳо дар гӯшти харгӯш зиёдтар мебошад. Мутобиқи андешаи мутахассисони илми тиб истеъмоли гӯшти харгӯш барои нигоҳдории мубодилаи муътадили равған ва мувозинати моддаҳои ғизоӣ дар бадани инсон мусоидат менамояд.

3. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА

17. Мақсади асосии Барнома зиёд намудани саршумори харгӯш, афзун намудани истеҳсоли гӯшти парҳезӣ, пӯст ва муинаи қиматбаҳо, бо роҳи ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и харгӯшпарварӣ ва дар бахши хусусӣ васеъ ба роҳ мондани парвариши харгӯш, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

18. Бо зиёд гардидани шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ талабот ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ сол то сол афзун гардида истодааст. Бо ин мақсад бинобар зудрас будани харгӯш ва ҳамасола аз як харгӯши наслдиҳанда гирифтани 35 то 40 сар насл ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ, зарурати таҳияи Барнома ба миён омадааст.

19.Барои иҷрои Барнома ҳалли вазифаҳои зерин муҳим мебошанд:

- зиёд намудани саршумори харгӯш дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ;

- афзун намудани истеҳсоли гӯшти парҳезӣ, пӯст ва муинаи қиматбаҳои харгӯш;

- ҷалби бештари аҳолӣ ба харгӯшпарварӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ;

- баланд бардоштани самаранокии корҳои илмию тадқиқотӣ дар самти офаридани зотҳои нав;

- амалисозии чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ барои эмин нигоҳ доштани саршумори харгӯш дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ ва бахши хусусӣ;

- ҷудо намудани заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳо ба хоҷагиҳои харгӯшпарварӣ ва шахсони алоҳида, ки ба парвариши харгӯш машғуланд;

- ташкили коргоҳҳои хурди коркарди маҳсулоти соҳаи харгӯшпарварӣ, аз ҷумла пӯст ва мӯинаи қиматбаҳои он;

- андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ ва бахши хусусӣ бо харгӯшҳои зотии сермаҳсул;

- тайёр намудани мутахассисони соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар;

- ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ барои рушди соҳа ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ;

- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳа ва ҷорӣ намудани технологияи замонавӣ;

- ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба хоҷагиҳои харгӯшпарварӣ, хусусан хоҷагиҳои навтаъсис;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ додани имтиёзҳо;

- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шуъбаи россиягии Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии илмии харгӯшпарварӣ;

- пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба беҳтар намудани зоти харгӯш ва офаридани зоти нави сермаҳсули ба шароити Тоҷикистон мутобиқбуда;

- дар асоси шартномаи ҳамкорӣ таъмини хоҷагиҳо бо харгӯшҳои сермаҳсул.

4. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ ИҶРОИ БАРНОМА

20. Мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.

21. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳангоми гузаронидани мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносонро ҷалб намояд.

5. САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

22. Барои амалисозии Барнома дар давраи солҳои 2022-2026 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 1200,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

23. Барои татбиқи Барнома аз ҳисоби маблағҳои сармояи ватанию хориҷӣ 6700,0 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои барои амалигардонии корҳои илмӣ пешбинигардида 550,0 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2022, № 150

Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

Ниг. ба Замима