Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2022, №149

Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026 (минбаъд - Барнома) ба рушди босуботи соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини мувозинати экологӣ, вазифаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷангал мусоидат намуда, мақсад, афзалият ва чораҳоро барои таҷдид ва рушди соҳаи ҷангал муайян менамояд.

2. Ҷангал ҳамчун ҷузъи таркибии табиат ба парвариш, нигоҳубин, азнавбарқароркунӣ ва муҳофизат эҳтиёҷ дорад.

3. Ҷангалҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳофизат, таъмини санитарӣ-гигиенӣ ва солимгардонии табиат равона карда мешавад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ

4. Ҷангал комплекси илмию истеҳсолӣ буда, ба таваҷҷуҳи махсус ниёз дорад. Айни замон масоҳати заминҳои ҷангалпӯши Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 3 фоизи масоҳати умумии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар давоми сад соли охир масоҳати ҷангалҳои ҷумҳурӣ бинобар азхудкунии заминҳо барои мақсадҳои кишоварзӣ ва истифодаи захираҳои ҷангал, хусусан дар давраи буҳрони энергетикӣ коҳиш ёфтааст.

5. Дар кишвар арчазорҳо масоҳати аз ҳама зиёдро ташкил дода, масоҳати онҳо ба 150 ҳазор гектар баробар мебошад. Арчазорҳо асосан дар қисми шимолии ҷумҳурӣ паҳн гардидаанд. Масоҳати пистазорҳо - 78000 гектар, чормағзорҳо - 10000 гектар, саксаулзорҳо12000 гектар, сафедорзорҳо - 10000 гектар, зарангу фаркҳо - 46000 гектар ва боқимонда дарахту буттаҳо зиёда аз 200000 гектарро ташкил медиҳад.

6. Дар ҳудуд ва дар наздикии мавзеъҳои ҷойгиршавии ҷангалҳо қариб 70 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд. Ҳамаи ҷангалҳо дар Тоҷикистон вазифаҳои муҳофизати хок, зиддибодлесӣ, нигоҳдории обро иҷро намуда, барои соҳаҳои кишоварзӣ ва энергетикаи мамлакат аҳамияти калон доранд.

7.Тайи солҳои тӯлонӣ дар хоҷагиҳои ҷангалу шикор ва парваришгоҳҳо ҳисоботи дақиқи замин, ҷангалсозӣ ва ҳисоботи олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодири онҳо вуҷуд надоранд.

8. Новобаста ба он ки кормандони соҳаи ҷангал тайи солҳои охир як қатор чорабиниҳоро оид ба ҳифзи ҷангалзорҳои харобгардида гузаронида, корҳои илмию тадқиқотиро оид ба селексияи пиставу чормағз, хучу ангат ба роҳ мондаанд, вале имрӯз масъалаи барқароркунӣ, таҷдид ва муҳофизати ҷангалзорҳо аз ҳашароти зараррасон, сӯхтор ва буриши худсарона дар сатҳи муътадил қарор надорад.

9.Заминаҳои моддиву техникии хоҷагиҳои ҷангал фарсуда шуда, ҷангалбонҳо, дар навбати худ, бо лавозимоти хизматӣ пурра таъмин нестанд.

10. Корҳои ҷангалбунёдкунӣ аз сабаби нокифоя будани маблағҳо дар сатҳи зарурӣ гузаронида намешаванд, ки дар натиҷа қисми зиёди ниҳолҳои шинондашуда хушк мешаванд.

11. Сарфи назар аз иқтидори тиҷоратии хоҷагии ҷангал ва истифодаи маҳсулоти ҷангал, аз тарафи аҳолии маҳаллӣ, таъмини устувории экосистемаҳои табиӣ аз ҳисоби обнигаҳдорӣ, батанзимдарории иқлим, ҳифзи қабати ҳосилхези хок ва ташкили шароити истироҳатӣ, ки ба хусусиятҳои ҷангал хос мебошад, иборат аст. Зиёд шудани шумораи офатҳои табиӣ (омадани сел, фаромадани ярч ва ғайра) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таназзули захираҳои ҷангал ва кам гаштани майдони ҷангалзорҳо алоқамандӣ дорад. Бо гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал майдони ҷангалҳо ба ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шудааст, ки дар натиҷа дар онҳо таназзули ҷангалҳо ба вуқуъ омада истодааст.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

12. Мақсадҳои асосии Барнома инҳо мебошанд:

- нигоҳдории гуногунии биологии ҷангал, нигоҳдорӣ ва барқароркунии ҷангалҳо, зиёд намудани масоҳат ва маҳсулнокии онҳо;

- беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасониҳои экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим;

- мусоидат ба рушди иқтисодиёт бо роҳи ҷалби соҳибкорон ба соҳаи ҷангал ва баланд бардоштани самаранокии пешбурди хоҷагии ҷангал;

- баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолии маҳаллӣ бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва таъминот бо маҳсулоти ҷангал, ки ба истифодабарии устувори ҷангал асос ёфтааст;

- тақвият бахшидани иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон, дар масъалаҳои рушди соҳаи ҷангал дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ;

- пурзӯр намудани нақши ҷангалҳо дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устувори ҷангалҳо, паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он.

13.Нишондиҳандаҳо барои ноилшавӣ ба мақсадҳои зикршуда инҳоянд:

- популятсияи муътадили намудҳои асосии дарахту буттаҳо ва олами ҳайвонот дар ҷангалҳои кишвар;

- бунёд ва барқароркунии зиёда аз 15 ҳазор гектар ҷангалҳои ба маҳал ва шароити тағйирёбии иқлим мутобиқшуда;

- ду баробар зиёд намудани маҳсулнокии ҷангалҳо;

- қатъ гардидани чорвочаронӣ дар 30 фоизи ҳудуди ҷангалҳо;

- зиёдшавии қонеъгардонии талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чӯби корӣ то 1 фоиз;

- ду баробар зиёд намудани даромаднокии хоҷагиҳои ҷангали давлатӣ;

- зиёд намудани шумораи хонаводаҳои дар соҳаи ҷангал фаъолияткунанда дар доираи шартномаҳо оид ба идоракунии муштараки ҷангал то 3 ҳазор;

- таъсиси шӯроҳои назоратӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон.

14. Барнома вазифаҳои зерини афзалиятноки рушди соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад:

1) гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ:

- такмили низоми идоракунӣ ва пурзӯр намудани сохторҳои соҳаи ҷангал;

- такмили заминаи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани ҳуқуқтатбиқкунӣ;

- ташкили низоми устувори маблағгузории соҳаи ҷангал;

2) нигоҳдориву зиёд намудани майдон, маҳсулнокӣ ва андозаи хизматрасонии экосистемавии ҷангалҳо:

- пешбурди хоҷагии тиҷоратии ҷангал;

- ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба пешбурди фаъолияти хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангалҳо;

- нигоҳдорӣ, бунёд ва барқароркунии ҷангалҳои зиддибодлесӣ, истироҳатӣ ва махсус муҳофизатшаванда;

3) асосҳои рушди хоҷагии ҷангал:

- рушди соҳаи тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ;

- гузаронидани корҳои баҳисобгирӣ, мониторинг ва ҷангалсозӣ;

- рушди иқтидори кадрӣ ва хоҷагии тиҷоратии ҷангал;

- баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддӣ-техникии соҳаи ҷангал;

- ба роҳ мондани корҳои илмӣ ва инноватсионӣ дар хоҷагии ҷангал.

4. НИГОҲДОРӢ ВА АФЗУНГАРДОНИИ МАЙДОНҲО ВА МАҲСУЛНОКИИ ҶАНГАЛ

§1. Хоҷагии тиҷоратии ҷангал

15.Равандҳои тиҷоратӣ дар соҳаи ҷангал метавонанд хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ (парвариши ниҳолҳои аълосифати ҷангал), ташкили плантатсияҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли чӯби корӣ, чормағз, меваҷот ва коркарди маҳсулоти ҷангалро дар бар гиранд. Самтҳои афзалиятноки фаъолият истеҳсоли ҳезум, чӯби корӣ барои сохтмон ва косибот, парвариши камоли бадбӯй, писта, чормағз, бодом ва меваҳои дигари худрӯйи ҷангал барои хушккунӣ мебошанд.

16. Бо дарназардошти сатҳи пасти афзоиши солонаи аксарияти ҷангалҳо ва маҳдудияти майдонҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, истифодабарии механизмҳои байналмилалӣ, ба монанди Созишномаи Париж ва Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурӣ ва ҷалби сармояҳо мушкил мебошад. Дар доираи механизмҳои нави муқаррарнамуда Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии эҳтимолии фонди иқлими Сабз ба ҳисоб меравад, ки ба гузаронидани ислоҳоти мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим асос ёфтааст.

§2. Ҷалби аҳолии маҳаллӣ барои пешбурди хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангалҳо

17. Дар ноҳияҳои кӯҳии мамлакат, ки ҷангалзорҳои асосӣ мавҷуданд, аҳолӣ бевосита аз маҳсулоти ҷангал истифода мебаранд ва ё дар намудҳои дигари истифодабарии ҷангал иштирок менамоянд. Бинобар ин, ҷангалҳо барои рушди ноҳияҳои кӯҳистон ва таъмини некуаҳволии мардуми ин маҳалҳо нақши асосӣ мебозанд.

18. Ҷалби аҳолии маҳаллӣ дар фаъолияти хоҷагии ҷангал, аз рӯи қоида, дар доираи шартномаҳои мавсимӣ, солона ва дарозмуҳлат бо мақсади истифодабарии захираҳои ҷангал амалӣ гардонида мешавад. Аҳолии маҳаллӣ ба таври пурра дар идоракунии ҷангалҳо иштирок намекунад ва мутаносибан дар онҳо ҳавасмандии истифодабарии устувори ҷангал ҳамчун ғояи асосии нигаҳдории ҷангалзорҳо ва гуногунии биологӣ вуҷуд надорад.

19. Усули идоракунии муштараки ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷангалҳои наздисоҳилӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз соли 2006, дар пистазорҳои хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Фархор ва Данғара, минтақаҳои ҷангалҳои паҳнбарги хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг ва минтақаи арчазорҳои хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва ғайра аз соли 2013 инҷониб мавриди истифода қарор дорад.

5. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА

20. Ҷалб намудани аҳолии маҳаллӣ дар пешбурди хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангал аз инҳо иборатанд:

- такмили замина барои ҳаматарафа ҷорӣ намудани усули идоракунии муштараки ҷангал бо роҳи таҳияи дастурамалҳо, маводи маълумотиву ахборӣ ва ҷудо кардани заминҳои коршоям барои татбиқи усул дар доираи нақшаҳои идоракунии хоҷагии ҷангал;

- такмили усули идоракунии муштараки ҷангал ва марҳила ба марҳила ивази шартномаҳои мавсимӣ ба шартномаҳои идоракунии муштараки ҷангал бо роҳи таъсис додан, ҷорӣ намудани қитъаҳои намоишӣ ва вусъатдиҳии минбаъдаи усул дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ.

21. Барои беҳдошти вазъият зарур аст:

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ дар соҳаи ҷангал бо роҳи мустаҳкам кардани пойгоҳи моддию техникии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал ва ба роҳ мондани робита ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимии кишварҳои дигар;

- гузаронидани корҳои илмӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи ҷангал бо дар назар доштани ҳолатҳои тағйирёбии иқлим.

6. АСОСҲОИ РУШДИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

§1. Рушди соҳаи тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ

22. Рушди тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ барои пешбурди хоҷагии тиҷоратии ҷангал, бунёд ва барқароркунии ҷангалҳои зидди бодлесӣ, истироҳатӣ ва ҷангалҳои махсус муҳофизатшаванда самтҳои асосии соҳа ҳисоб меёбанд.

23. Системаи соҳаи ҷангал дорои 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ буда, ғайр аз он дар муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал низ ниҳолхонаҳои хурд ташкил карда шудааст. Дар системаи хоҷагии ҷангал солона ба миқдори умумии зиёда аз 3 миллион ниҳолҳо ва қариб 30 намуди дарахту буттаҳо парвариш карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо мевадиҳанда мебошанд. Вале намудҳои ҷангалӣ ва эндемикии дарахту буттаҳо, ки дар раванди тағйирёбии иқлим хеле муҳим мебошанд, ба миқдори нокифоя парвариш карда мешаванд ва талаботи хоҷагиҳои ҷангалро қонеъ карда наметавонад.

24. Самти дигари фаъолияти хоҷагии ҷангал ба макони табиии нигаҳдории фонди генетикии ҷангал равона гардидаанд, вале дар баробари ин баъзе намудҳои эндемикҳо (тӯс, бодоми вавилов, бодоми хордор, сафедори нуқрабарг, туранга, хурмои ёбоӣ, анори ёбоӣ, ноки кайон, себи Сиверс ва ғайра) ҳамчун намудҳои ҳифзшаванда ба пуррагӣ фаро гирифта нашудаанд.

25. Тухмиҳо барои парвариши маводи кӯчатӣ бе дар назар доштани хусусиятҳои сифатии онҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд, зеро майдонҳои доимии парвариши тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангал ва анборҳои махсуси нигаҳдории тухмиҳо мавҷуд намебошанд. Бо сабаби мавҷуд набудани маркази ягонаи нигоҳдории тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангал тақсимот барои кишт ва назорати онҳо, чун қоида бе санҷиши сифатӣ амалӣ карда мешаванд.

26. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тухмипарварии соҳаи ҷангал ва назорати зарурии сифати парвариши маводи кӯчатӣ мавҷуд набуда, нарасидани мутахассисон дар соҳаи парвариши ниҳолҳо ба назар мерасанд.

27. Барои беҳтар намудани вазъият ҷиҳати рушди тухмипарвариву ниҳолпарварӣ чунин чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст:

- тайёр намудани майдонҳо барои пешбурди самараноки тухмипарварӣ ва ташкили фаъолияти самараноки хоҷагии ниҳолпарварӣ бо роҳи таъсис додани маркази ягонаи нигоҳдорӣ, тақсимот ва назорати тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангал, таҳияи дастурамалҳои мутобиқ, механизмҳои назорати сифат, инчунин гузаронидани чорабиниҳо оид ба нигаҳдории фонди генетикии дарахту буттаҳои ҷангалии маҳаллӣ ва овардашуда;

- баланд бардоштани сифати тухмӣ ва зиёд намудани ҳаҷми тухмӣ ва ниҳолҳои истеҳсолшаванда, аз ҷумла намудҳои ба иқлим мувофиқ бо роҳи таъсис додани қитъаҳои доимии ҷамъоварии тухмиҳои дарахту буттаҳои ҷангалӣ ва ниҳолпарваришгоҳҳо, зиёд намудани маҳсулнокии онҳо.

28. Дар натиҷаи иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар назар аст, ки тайёр, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории намудҳои беҳтарини тухмиҳо 20 тоннаро ташкил дода, аз ин ҳисоб шумораи намуди ниҳолҳои дарахту буттаҳо ба 50 номгӯй расонида шуда, парвариши солонаи ниҳолҳо на кам аз 5 млн бехро ташкил медиҳад.

§2. Гузаронидани корҳои баҳисобгирӣ, мониторинг ва ҷангалсозӣ

29. Ҷангалсозӣ маҷмӯи чорабиниҳо оид ба баҳисобгирӣ, баҳодиҳӣ ва банақшагирии корҳои хоҷагии ҷангал маҳсуб ёфта, баҳри баланд бардоштани самаранокии пешбурди хоҷагии ҷангал ва истифодабарии захираҳои ҷангал равона гардидааст. Гузаронидани корҳои ҷангалсозӣ дар ташкилотҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани баҳои миқдорӣ ва сифатӣ, мавҷудият ва ҳолати захираҳои ҷангал ва гуногунии биологии мамлакат имконият медиҳад. Ба даст овардани маълумоти эътимоднок оид ба майдони ҷангалҳо, зичии онҳо, захираи чӯб дар реша, ҳолати санитарии онҳо барои дуруст ба нақша гирифтани корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалҳо имконият медиҳад.

30. Дар доираи Барнома баҳисобгирии фонди ҷангал гузаронида шуда, нақшаи идоракунӣ барои хоҷагиҳои дигари ҷангал таҳия карда мешавад.

§3. Ба роҳ мондани корҳои илмӣ ва инноватсионӣ дар хоҷагии ҷангал

31. Дар низоми хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки аз рӯйи самтҳои зерин тадқиқотҳои илмӣ ва инноватсионӣ гузаронида шаванд:

- таҳияи усулҳои муосири парвариши маводи кӯчатии арчаи зарафшонӣ ва таҳияи технологияи бунёди ҷангалҳои арча;

- селексияи навъи тухмиҳои мағздор - писта ва чормағзи юнонӣ бо дарназардошти интихоби тухмиҳо аз дарахтони табиии ҷангалзорҳо (намунаҳои беҳтарин), дарахтони ҳосилнокиашон баланд бо ҳосили навъашон аъло ва ба касалиҳову ҳашароти зараррасон тобовар;

- омӯзиши биологияи ҳашароти асосии зараррасони ҷангал ва дарахтони мевадиҳанда ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба мубориза бар зидди онҳо.

7. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

32. Идоракунӣ ва истифодаи устувори ҷангалҳо ба манфиати давлат, ҷамъият ва насли оянда танҳо дар ҳолати таъсиси низоми устувори маблағгузории соҳаи ҷангал имконпазир аст. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

33. Маблағгузории Барнома инчунин аз ҳисоби даромадҳои худии хоҷагиҳои ҷангал, аз ҷумла маблағҳои махсус, ки асосан аз фурӯши маҳсулоти ҷангал ва хизматрасониҳои экосистемавӣ ба даст меоянд, ба роҳ монда мешавад.

34. Бо мақсади таъмини маблағгузории устувори соҳаи ҷангал, зарур аст:

- такмили раванд ва усули банақшагирии маблағгузории соҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ бо дарназардошти нишондиҳандаҳои пешбинишуда;

- зиёд намудани маблағгузорӣ, даромаднокӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла барои чорабиниҳо оид ба бунёд ва барқароркунӣ ва ҳифзи ҷангалҳо.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2022, №149

Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026

Ниг. ба Замима