Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 611 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №618"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №618

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 618 "Дар бораи Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

дар банди 2 қарор рақамҳои "42", "7" ва "35" мутобиқан ба рақамҳои "52", "10" ва "42" иваз карда шаванд;

банди 5 қарор дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"5. Маблағгузории Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои 42 воҳид ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси Саридора барои 10 воҳид анҷом дода шавад.";

дар Нақшаи идоракунии Саридораи назоратт давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз сархати якум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- Нозироти давлатии назорати иншоотҳои истеҳсолии хатарнок.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 декабри соли 2008 № 611

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №618

В соответствии со статьёй 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 618 "О Главном управлении по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:

в пункте 2 постановления цифры "42", "7" и "35" заменить соответственно цифрами "52", "10" и "42"; пункт 5 постановления изложить в следующей редакции:

"5. Финансирование Главного управления по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан осуществляется для 42 единиц за счёт средств республиканского бюджета и 10 единиц за счета специального счета Главного управления.";

в схеме управления Главного управления по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан после первого абзаца добавить новый абзац следующего содержания:

"- Государственная инспекция по надзору за опасными производственными объектами.".

Председатель

Правительство Республики Таджикистан                     Эмомали Рахмон

от 2 декабря 2008 года №611

 ш. Душанбе