ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 декабри соли 2021, № 597
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2022, № 250
ҷонибдорӣ карда шуд
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатиро муайян намуда, ба танзим ва идоракунии устувори он равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) комплекси агросаноатӣ - маҷмӯи соҳаҳои иқтисодиёт, ки истеҳсол, тайёр, нигоҳдорӣ, интиқол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин инфрасохтори истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, таъминоти илмӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисонро дар бар мегирад;
2) субъектҳои комплекси агросаноатӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ фаъолият менамоянд;
3) маҳсулоти кишоварзӣ - маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти коркарди аввалияи соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва боғу токпарварӣ;
4) истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди аввалия ё саноатии он машғуланд, ба шарте, ки ҳиссаи даромад аз фурӯши чунин маҳсулот на камтар аз 70 фоизи даромади умумиро дар соли тақвимӣ ташкил диҳад;
5) истифодабарандагони кумаки молиявӣ (субсидия) минбаъд дар матн кумаки молиявӣ) - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият, ки дар соҳаҳои комплекси агросаноатии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) таъмини амнияти озуқаворӣ ва экологӣ;
2) қонуният;
3) афзалияти рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
4) шаффофияти фаъолият;
5) ҳифзи бозори дохилӣ аз рақобати бевиҷдонона;
6) самаранокии фаъолият.
БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ мансубанд:
1) тасдиқи барномаҳои давлатии дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
2) тасдиқи тартиб ва шартҳои пешниҳоди кумакҳои молиявӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, номгӯй ва шаклҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани кумаки молиявӣ ва тасдиқи истифодаи мақсадноки он заруранд;
3) муайян намудани маблағи умумии кумаки молиявӣ ва мақсадҳои истифода бурдани он вобаста ба афзалиятҳои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
4) тасдиқ намудани тартиби пешбурди феҳристи истифодабарандагони кумаки молиявӣ;
5) муқаррар намудани шакл ва тартиби пешниҳоди маълумоти ҷамъбастӣ оид ба кумаки молиявии расондашуда ва истифодаи он;
6) андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои иқтисодии истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ;
7) муайян намудани низоми таълим, омодасозӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон барои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
8) мусоидат ба рушди илм ва фаъолияти навоварӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
9) муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
10) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 5. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ваколатҳои зерин дорад:
1) татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ, таҳияи дурнамо, стратегия ва барномаҳои рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
2) дастгирии рушди илми кишоварзӣ, таъмини алоқаи устувори илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон барои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
3) мусоидат ба таъмини соҳаҳои комплекси агросаноатӣ бо захираҳои моддию техникӣ;
4) таҳия ва амалӣ намудани нақшаҳои махсусгардонии минтақаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;
5) мусоидат ба ҳифзи хок, истифодаи самаранок ва ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
6) ташкили намоишу ярмаркаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ташкил ва гузарондани озмунҳои соҳавӣ;
7) амалӣ намудани робитаи байналмилалӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
8) хизматрасонии иттилоотӣ ва илмию машваратӣ;
9) омодасозии пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани кумаки молиявӣ ба соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
10) таҳияи қоидаҳои муоинаи техникии солона, бақайдгирии техника ва мошинолоти кишоварзӣ;
11) таҳияи пешниҳодҳо доир ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба комплекси агросаноатӣ бо тартиби муқарраргардида;
12) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат оид ба дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) иштироки бевосита дар ташаккул ва татбиқи стратегияи рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, банақшагирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар асоси барномаҳои давлатӣ;
2) татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ ва мошинсозӣ;
3) андешидани тадбирҳо оид ба ташкил ва такмили истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашудаи саноати хӯрокворӣ;
4) ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, новобаста ба шакли моликият, танзими муносибатҳои байнисоҳавӣ оид ба истеҳсоли саноатии маҳсулоти хӯрокворӣ;
5) фароҳам овардани шароити мусоид барои субъектҳои хоҷагидори комплекси агросаноатӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои нав;
6) ташаккули соҳаи мошинсозӣ ва мусоидат ба таъмини техникии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
7) иштирок дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии давлатии корхонаҳои комплекси агросаноатӣ вобаста ба навсозии технологӣ;
8) дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия намудани дурнамои рушди корхонаҳои комплекси агросаноатӣ, мусоидат ва дастгирии бунёди корхонаҳои нави комплекси агросаноатӣ вобаста ба ашёи хоми кишоварзии минтақаҳо;
9) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ ҷиҳати дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) таҳия ва амалисозии барномаҳои маҷмӯии давлатӣ, тадбирҳои илмӣ ва махсус оид ба пешгирӣ ва бартараф кардани манбаъҳои хатар ба амнияти озуқаворӣ;
2) ташкили чорабиниҳои байторию санитарӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
3) ҷорӣ намудани комёбиҳои илмию техникӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ;
4) амалӣ намудани фаъолияти ташкилӣ ва методӣ барои таъмини риояи стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ дохил мешаванд:
1) таҳия ва тасдиқи барномаҳои маҳаллии рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
2) ташкили намоишҳо ва ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маҳалҳо;
3) таъмини фаъолияти комиссияҳо оид ба танзими хариди молу маҳсулоти кишоварзӣ;
4) мусоидат ва дастгирии субъектҳои маҳаллии хоҷагидор ва шаҳрвандон оид ба дастрасӣ ба технологияҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи навъҳои серҳосили зироатҳо ва зотҳои сермаҳсули ҳайвоноти кишоварзӣ;
5) мусоидат ба рушди соҳаҳои сердаромад ва рақобатпазири комплекси агросаноатӣ дар маҳал;
6) андешидани чораҳо ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла чарогоҳҳо дар маҳал;
7) таъмини шароити муносиб барои ҷалби сармоя ба соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
8) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ДАСТГИРИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ
Моддаи 7. Танзими давлатии дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
1. Танзими давлатии дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ, устувории бозори маҳсулот ва ташаккули низоми соҳибкории пурмаҳсули кишоварзӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути фароҳам овардани шароит барои рушди растанипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, коркарди ашёи хоми кишоварзӣ, ҷорӣ намудани техника ва технологияи муосир ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ-муҳандисӣ амалӣ карда мешавад.
2. Танзими давлатии дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ тавассути андешидани чораҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) рушди қарздиҳии соҳаҳои афзалиятноки комплекси агросаноатӣ;
2) ҷудо намудани кумаки молиявӣ;
3) амалисозии механизми нархҳои устувори маҳсулоти озуқавории ниёзи аввалияи аҳолӣ;
4) харидории маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои кафолатӣ;
5) танзими содирот ва воридоти маҳсулоти соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
6) таҷҳизондан бо техника ва технологияи замонавӣ;
7) таъминоти иттилоотӣ-маркетингӣ;
8) таъминоти илмӣ ва меъёрию методӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон;
9) сармоягузории рушди инфрасохтори муҳандисӣ;
10) ташкили ҷойгиронии муносиби аҳолӣ вобаста ба захираҳои истеҳсолии маҳал;
11) таъмини бехатарии байторӣ-санитарӣ;
12) маблағгузории мониторинг ва арзёбии ҳолати заминҳои обёришаванда;
13) татбиқи чораҳои танзими буҷетӣ, андозбандӣ, гумрукӣ, техникӣ ва чораҳои дигари дастгирӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14) ташкил ва мониторинги гузариши технологӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
15) ҷалби субъектҳои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ба маблағгузории якҷоя ҳангоми анҷом додани корҳои бунёдии илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ;
16) татбиқи чораҳои зиддиинҳисорӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ.
3. Чорабиниҳо оид ба танзими давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳамасола бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
Моддаи 8. Таъмини қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятноки комплекси агросаноатӣ
1. Танзими давлатии қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятноки комплекси агросаноатӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ё ташкилотҳои қарзӣ амалӣ карда мешавад.
2. Қарзҳо ба соҳаҳои афзалиятноки комплекси агросаноатӣ дар самтҳои зерин дода мешаванд:
1) ташаккули инфрасохтори рушди истеҳсолоти кишоварзӣ;
2) иҷораи молиявӣ (лизинг) ва хариди техника, таҷҳизоти кишоварзӣ, таҷҳизот барои соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, коркарди саноатии пилла, пашм ва пӯст;
3) таъсиси ташкилотҳои қарздиҳии соҳавии комплекси агросаноатӣ;
4) ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ барои харид, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ;
5) ташкили сайёҳии кишоварзӣ;
6) таҳияи барномаҳои электронии иттилоотиву коммуникатсионии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
7) самтҳои дигари афзалиятноки муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Суғуртакунии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
Суғуртакунии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" амалӣ карда мешавад.
Моддаи 10. Таъмини бехатарии байторию санитарӣ ва фитосанитарии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
1. Таъмини бехатарии байторию санитарӣ ва фитосанитарӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Бо мақсади таъмини мутобиқати сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ чорабиниҳои зерин гузаронда мешаванд:
1) назорати мунтазами давлатии бехатарии байторию санитарӣ ва фитосанитарӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;
2) қабул ва омодасозии маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ барои коркард, ташкили нуқтаҳои забҳи чорво, ҷойҳои махсуси гӯронидани чорво (чуқуриҳои биотермалӣ), анборҳои махсус барои нигоҳдории пеститсидҳо ва зарфҳои холии онҳо;
3) андешидани чораҳо оид ба пешгирӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии бемориҳое, ки барои ҳайвонот ва инсон умумӣ мебошанд;
4) амалисозии чораҳои фитосанитарӣ, ки барои роҳ надодан ба паҳншавии организмҳои зараррасон ва махсусан зараррасон, ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз объектҳои таҳти карантин қарордошта, инчунин ошкор намудан ва дар ҷойҳои махсус нобуд сохтани манбаъҳои паҳншавии онҳо равона гардидаанд.
Моддаи 11. Мониторинги ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи комплекси агросаноатӣ
1. Мониторинги ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи комплекси агросаноатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ гузаронда мешавад.
2. Вазифаҳои асосии мониторинги ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи комплекси агросаноатӣ инҳо мебошанд:
1) таҳқиқоти агромелиоративӣ, мониторинги мавҷудият ва истифодабарии заминҳои обёришаванда;
2) гузарондани корҳои таҳқиқотӣ, иктишофӣ-мелиоративӣ ва гидрогеологӣ бо мақсади муайян намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда ва омода намудани тавсияҳо оид ба беҳдошти замин;
3) таҳияи ҳуҷҷатҳои методӣ оид ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда.
Моддаи 12. Воситаҳои иттилоотонии субъектҳои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
1. Иттилоотонии субъектҳои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ тавассути воситаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) ташкили низоми иттилоотонии рақамӣ;
2) таъмин намудан бо маълумоти мониторингии обуҳавошиносӣ;
3) нашри маводи иттилоотӣ дар сомонаҳои интернетӣ, воситаҳои ахбори омма, маҷмӯаҳо ва варақаҳои иттилоотии махсус;
4) рушди технологияҳои коммуникатсионию иттилоотӣ, таъминот бо низомҳои муосири барномаҳои электронӣ;
5) ташкили намоишгоҳҳо ва рекламаи маҳсулоти кишоварзии истеҳсолкунандагони ватанӣ.
2. Номгӯй ва тартиби пешниҳоди иттилоот ба субъектҳои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, ки дар моддаи 5 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 13. Таъминоти илмӣ ва омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
Таъминоти илмӣ ва омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ тавассути чораҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
1) гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ;
2) омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон вобаста ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, дастгирии илми кишоварзӣ, таҳия ва амалисозии барномаҳои рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таҷдиди инфрасохтори онҳо;
3) ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот;
4) нигаҳдорӣ ва рушди генофонди навъҳои арзишманди растаниҳо, зот ва намудҳои ҳайвоноти кишоварзӣ;
5) ташаккули парки техникӣ, навсозии таҷҳизоти технологии муассисаҳои илмию таълимии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ.
БОБИ 4. САМТҲОИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ ВА ТАРТИБИ АМАЛИСОЗИИ ОН
Моддаи 14. Самтҳои афзалиятноки дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
Дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ тавассути ҷудо намудани кумаки молиявӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҷалби сармоя ва кумакҳои бебозгашти ватанӣ ва хориҷӣ ба самтҳои афзалиятноки зерин амалӣ карда мешавад:
1) бунёди корхонаҳои саноатии хурду миёна ва бузурги коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
2) ҷорӣ кардани техника ва технологияҳои нав дар истеҳсолоти кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти соҳа;
3) парвариши тухмиҳои элита ва суперэлита, инчунин тухмиҳои репродуксияи якум ва дуюм, таъсиси фонди гардиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ;
4) ҳосилхезгардонии заминҳои кишоварзӣ;
5) беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ;
6) азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов;
7) зиёд намудани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли пахта, картошка, сабзавот, полизӣ, ғалладона, мубориза бо ҳашароти зараровари кишоварзӣ ва касалиҳо;
8) бунёди боғу токзорҳо ва хоҷагиҳои махсусгардондашудаи ниҳолпарварӣ;
9) харид ва парвариши чорвои хушзот, паранда ва моҳӣ;
10) рушди соҳаи байторӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорувории байторӣ ва гузарондани чорабиниҳои эпизоотӣ;
11) рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ;
12) пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳкими фонди генетикии зироат ва ҳайвоноти кишоварзӣ.
Моддаи 15. Кумаки молиявӣ ба соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
1. Кумаки молиявӣ ба соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ҳамчун чораи ҳавасмандгардонии рушд ва ҳифзи истеҳсолоти ватанӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Шартҳои асосии ҷудо намудани кумаки молиявӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳаҳои комплекси агросаноатӣ тавассути таъмини рушд, баланд бардоштани рақобатпазирӣ, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи соҳаи кишоварзӣ мебошанд.
Моддаи 16. Тартиби ҷудо намудани кумаки молиявӣ аз буҷети давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ бо назардошти имкониятҳои молиявӣ андоза ва тартиби ҷудо намудани кумаки молиявиро ба мақсадҳои муайян муқаррар менамояд.
БОБИ 5. ТАРТИБИ МУРОҶИАТ, БАҲИСОБГИРӢ ВА НАЗОРАТИ ИСТИФОДАИ КУМАКИ МОЛИЯВӢ
Моддаи 17. Муроҷиат барои пешниҳоди кумаки молиявӣ
Муроҷиат барои пешниҳод намудани кумаки молиявӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи ҳар як соҳаи комплекси агросаноатӣ омода ва асоснок гардонда шуда, барои баррасӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 18. Баҳисобгирии кумаки молиявӣ барои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
Кумаки молиявӣ барои соҳаҳои комплекси агросаноатӣ дар ҳисоби махсуси муҳосибавӣ, алоҳида, вобаста ба даромад ва хароҷот ба ҳисоб гирифта мешавад.
Моддаи 19. Назорати истифодаи кумаки молиявӣ ва манбаъҳои дигари дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ
1. Назорати истифодаи мақсадноки кумаки молиявӣ ва манбаъҳои дигари дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ аз буҷети давлатиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Истифодаи ғайримақсадноки кумаки молиявӣ аз буҷети давлатӣ ва манбаъҳои дигари дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ манъ аст.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 174; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1007) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, а
аз 18 марти соли 2022, № 1866