Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, № 1861 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2022,№ 643

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2022, № 245

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №9-10, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с.2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6, №5, қ.1, мод.275, №7-9, мод.568, мод.585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод.268, мод.269; с.2019, №1, мод.8, №6, мод.312, мод.313, №7, мод.464; с.2020, №1, мод.6, №7-9, мод.604, мод.606, мод.621, №12, мод.900, мод.901; с.2021, №6, мод. 384, мод.385; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1812, №1813, №1814, №1815), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 527(5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 527(5). Иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор

1. Барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

2. Аз моддаи 530 калимаҳои ", инчунин иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои қарори суд" хориҷ карда шаванд.

3. Моддаи 530(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 530(1). Иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ

1. Барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 18 марти соли 2022, № 1861

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Принят постановлением МН МОРТ

от 16 февраля 2022 года, №643

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 15 марта 2022 года, №245

Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст.989, ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321, №9-10, ст.543; 2010 г., №1, ст.2, ст.5, №3, ст.153, №7, ст.547, №12, ч.1, ст.812; 2011 г., №6, ст.430, ст.431, №7-8, ст.610, №12, ст.838; 2012 г., №4, ст.256, №7, ст.685, ст.693, №8, ст.814, №12, ч.1, ст.1004; 2013 г., №3, ст. 181, №7, ст.508; 2014 г., №3, ст.143, ст. 144, №7, ч.1, ст.389, ст.390; 2015 г., №3. ст.201, №7-9, ст.707, ст.708, №11, ст.955, №12, ч.1, ст. 1108; 2016 г., №3, ст.130, ст.131, ст. 132, №5, ст.359, ст.361, №7, ст.613, ст.614, №11, ст. 877; 2017 г., №1-2, ст.5, ст.6, №5, ч.1, ст.275, №7-9, ст.568, ст.585; 2018 г., №1, ст.9, №5, ст.268, ст.269; 2019 г., №1, ст.8, №6, ст.312, ст.313, №7, ст.464; 2020 г., №1, ст. 6, №7-9, ст.604, ст.606, ст.621, №12, ст.900, ст.901; 2021 г., №6, ст. 384, ст. 385; законы Республики Таджикистан от 23 декабря 2021 года, №1812, №1813, №1814, №1815), следующие изменение и дополнения:

1. Дополнить статьёй 527(5) следующего содержания:

"Статья 527(5). Невыполнение требований законодательства Республики Таджикистан об исполнительном производстве по исполнению актов государственных органов и должностных лиц

1. Невыполнение требований законодательства Республики Таджикистан об исполнительном производстве по исполнению актов государственных органов и должностных лиц,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до десяти, на должностных лиц от десяти до двадцати и на юридические лица от двадцати до тридцати показателей для расчетов.

2. То же действие, предусмотренное частью 1 настоящей статьи, совершенное повторно в течение одного года после применения мер административного взыскания,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от десяти до двадцати, на должностных лиц от двадцати до тридцати показателей для расчетов, либо административный арест сроком от десяти до пятнацати суток и на юридические лица - от тридцати до сорока показателей для расчетов.".

2. Из статьи 530 слова ", а равно невыполнение законного требования исполнителя органа исполнения по выполнению судебных решений" исключить.

3. Дополнить статьёй 530(1) следующего содержания:

"Статья 530(1). Невыполнение требований законодательства Республики Таджикистан об исполнительном производстве по исполнению судебных актов

1. Невыполнение требований законодательства Республики Таджикистан об исполнительном производстве по исполнению судебных актов,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до десяти, на должностных лиц от десяти до двадцати и на юридические лица от двадцати до тридцати показателей для расчетов.

2. То же действие, предусмотренное частью 1 настоящей статьи, совершенное повторно в течение одного года после применения мер административного взыскания,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от десяти до двадцати, на должностных лиц от двадцати до тридцати показателей для расчетов, либо административный арест сроком от десяти до пятнадцати суток и на юридические лица - от тридцати до сорока показателей для расчетов.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 18 марта 2022 года, №1861