ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2022, № 645
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2022, № 244
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4, №4, мод. 194, мод. 195, №6, мод. 386; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1816) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 93 рақами "527(4)" ба рақами "527(5)" иваз карда шавад.
2. Моддаи 238 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 238. Иҷрои қарори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад
1. Қарори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, аз ҷониби субъектҳое, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намудаанд, мувофиқи талаботи ҳамин модда иҷро карда мешавад.
2. Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошанд, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти молия супорида мешаванд.
3. Молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошанд, ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд.
4. Қарори судя дар бораи мусодираи силоҳ, тир, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ иҷро карда мешавад.
5. Қарори судя дар бораи мусодираи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷро карда мешавад.
6. Қарори судя дар бораи мусодираи партовҳои радиоактивӣ ва моддаҳои кимиёвӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ иҷро карда мешавад.
7. Нусхаҳои мусодирагардидаи асарҳо ва фонограммаҳо, маводу таҷҳизоти барои иҷрои онҳо истифодашаванда ва дигар олоти содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур бояд нобуд карда шаванд, ба истиснои ҳолатҳои супоридани нусхаҳои мусодирагардидаи асарҳо ё фонограммаҳо ба дорандаи ҳуқуқҳои муаллиф ё ҳуқуқҳои вобаста ба он дар асоси хоҳиши ӯ.
8. Ҳангоми супоридани ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, санад тартиб дода шуда, номгӯи пурра ва дақиқи ҳар як ашё, аломати фарқкунандаи он, аз ҷумла вазн, ҳаҷм, ранг, намуд, андоза, дараҷаи фарсудашавӣ ва хусусиятҳои хоси молу мулк зикр карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 18 марти соли 2022, № 1860