ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 феврали соли 2022, № 624
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2022 № 243
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4, №4, мод. 194, мод. 195, №6, мод. 386; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1816) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 138:
- дар сархати ҳафтум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- дар бораи ҷойгир намудани қарор дар сомонаи суди дахлдор ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ.".
2. Ба моддаи 144 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Баъд аз эълон кардани қарор раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир намудани қарорро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд. Дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 18 марти соли 2022, № 1858