ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2022, № 647
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2022 № 240
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ.1, мод.6, мод.7; с.2010, №1, мод.6; с.2012, №7, мод.721; с.2014, №7, қ.1, мод.388, №12, мод.821; с.2015, №11, мод.953; с.2016, №5, мод.360; с.2018, №1, мод.6; с.2019, №1, мод.6, №6, мод.314; с.2020, №7-9, мод.603; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1817), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати ҳаштуми моддаи 124 пас аз калимаҳои "гирифта шудааст," калимаҳои "хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро," илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 210:
- ба номи модда пас аз калимаи "муайян" калимаҳои "ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян" илова карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома оид ба уҳдадор намудани ҷавобгар барои худдорӣ намудан аз содир намудани амали муайян суд бояд дар ҳалнома зикр намояд, ки ҷавобгар аз содир намудани кадом амали муайян худдорӣ намояд.".
3. Ба қисми 1 моддаи 367 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- зикри қаблан боздошт гардидани иҷрои санади судӣ;".
4. Ба моддаи 370 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Боздошти иҷрои санади судӣ дар марҳилаҳои назоратии судӣ ба судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони ин судҳо, судяи Суди Олӣ, муовинони Раиси Суди Олӣ, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз як маротиба иҷозат дода мешавад.".
5. Сархатҳои дуюм ва шашуми моддаи 422 хориҷ карда шаванд.
6. Дар моддаи 423:
- дар қисми 1:
- дар сархати дуюм калимаҳои ", чорум ва панҷуми" ба калимаҳои "ва чоруми" иваз ва калимаҳои "аз хизмати ҳарбӣ озод шудан ё оғози хизмати ҳарбӣ мутобиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон," хориҷ карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаи "ҳафтуми" ба калимаи "панҷуми" ва аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шаванд;
- сархати чорум хориҷ карда шавад;
- қисми 3 хориҷ карда шавад.
7. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 424 калимаҳои "мусодира гардидааст" ба калимаҳои "гирифта шудааст" иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 1 моддаи 428 калимаҳои "Агар суд" ва "моддаи 425" мувофиқан ба калимаҳои "Агар иҷрочии мақомоти иҷро" ва "моддаҳои 427 ва 427(1)" иваз карда шаванд.
9. Ба сархати ҳафтуми моддаи 432 пас аз калимаҳои "барқии маишӣ" калимаҳои ", ба истиснои ду ва зиёда адад мавҷуд будани онҳо" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 18 марти соли 2022, № 1855
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ГРАЖДАНСКИЙ ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят постановлением МН МОРТ
от 16 февраля 2022 года, №647
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 15 марта 2022 года, №240
Статья 1. Внести в Гражданский процессуальный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №1, ч.1, ст.6, ст.7; 2010 г., №1, ст.6; 2012 г., №7, ст.721; 2014 г., №7, ч.1, ст.388, №12, ст.821; 2015 г., №11, ст.953; 2016 г., №5, ст.360; 2018 г., №1, ст.6; 2019 г., №1, ст.6, №6, ст.314; 2020 г., №7-9, ст.603; Закон Республики Таджикистан от 23 декабря 2021 года, №1817), следующие изменения и дополнения:
1. Абзац восьмой статьи 124 после слов "должника по решению," дополнить словами "расходов по совершению исполнительных действий,".
2. В статье 210:
- название статьи после слова "действия" дополнить словами "или воздержаться от совершения определенных действий";
- дополнить частью 3 следующего содержания:
"3. При вынесении решения, обязывающего ответчика воздержаться от совершения определенных действий, суд в решении должен указать, что ответчик от совершения каких определенных действий должен воздержаться.".
3. Часть 1 статьи 367 дополнить абзацем седьмым следующего содержания:
"- указание о ранее приостановленном исполнении судебного акта;".
4. Статью 370 дополнить частью 3 следующего содержания:
"3. Приостановление исполнения судебного акта в надзорной инстанции допускается не более одного раза судьями Горно- Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе и председателями данных судов, судьей Верховного Суда, заместителями Председателя Верховного Суда, Председателем Верховного Суда Республики Таджикистан.".
5. Абзацы второй и шестой статьи 422 исключить.
6. В статье 423:
- в части 1:
- в абзаце втором слова ", четвертым и пятым" заменить словами "и четвертым" и слова "увольнения с военной службы или начала прохождения военной службы по трудовому договору (контракту) в
составе Вооруженных Сил, других войсках и воинских формированиях Республики Таджикистан," исключить;
- в абзаце третьем слово "седьмым" заменить словом "пятым", знак точки с запятой ";" знаком точки;
- абзац четвертый исключить;
- часть 3 исключить.
7. В части 1 статьи 428 слова "допущения судом" и "статьей 425" соответственно заменить словами "допущения исполнителем органа исполнения" и "статьями 427 и 4271".
8. Абзац седьмой статьи 432 после слов "бытовые электроприборы" дополнить слова ", за исключением наличия двух и более единиц".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 18 марта 2022 года, №1855