Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, № 1854 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2022, № 651

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2022 № 238

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №7, мод.505; с.2003, №12, мод.683; с.2004, №7, мод.455; с.2005, №3, мод.127; с.2008, №3, мод.190, №12, қ.1, мод.987; с.2010. №7, мод.552, №12, қ.1, мод.810; с.2011, №6, мод.443; с.2012, №4, мод.255, №7, мод.716, №12, қ.1, мод.1018; с.2013, №7, мод.507, №12, мод.880; с.2015, №11, мод.951, мод.952; с.2016, №3, мод.129, №5, мод.358, №11, мод.876; с.2017, №7-9, мод.567), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 23, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 30, қисми 2 моддаи 31, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 198 ва моддаи 203 калимаҳои "иҷрочии суд" ва "иҷрочиёни суд" мувофиқан ба калимаҳои "иҷрочии мақомоти иҷро" ва "иҷрочиёни мақомоти иҷро" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 30:

- дар қисми 2 калимаи "сӣ" ба калимаи "шаст" иваз карда шавад;

- ба қисми 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Мӯҳлати мазкур аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ҳисоб карда мешавад.".

3. Дар қисми 1 моддаи 198 калимаҳои "мақоми" ва "молиявиро" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти" ва "молия ва идораи амволи давлатиро" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 200:

- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд;

- дар ном ва қисмҳои 1, 4 ва 5 калимаҳои "иҷрочии суд" ва "Иҷрочии суд" мувофиқан ба калимаҳои "иҷрочии мақомоти иҷро" ва "Иҷрочии мақомоти иҷро" иваз карда шаванд.

5. Дар қисми 1 моддаи 201 калимаҳои "мақоми" ва "молиявӣ" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти" ва "молия ва идораи амволи давлатӣ" иваз карда шаванд.

6. Моддаи 202 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 202. Ба мақомоти дахлдор супоридани молу мулки мусодирашуда

1. Молу мулки мусодирашуда мувофиқи талаботи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пас аз қонеъ намудани тамоми даъвои (талаботи) тибқи

қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба маҳкумшуда пешниҳодгардида ба мақомоти дахлдор супорида мешавад.

2. Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти молия супорида мешаванд.

3. Молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд.

4. Хароҷоти интиқол, нигоҳдории молу мулк, барқарорсозии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва техникӣ аз ҷониби мақомоти дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида пардохт карда мешаванд.

5. Вобаста ба даъво, ки бояд аз ҳисоби молу мулки мусодирашудаи маҳкумшуда қонеъ гардонда шавад, давлат дар ҳудуди дороӣ ҷавоб медиҳад.".

7. Дар моддаи 204:

- ба қисми 1 пас аз калимаи "молия" калимаҳои "ва идораи амволи давлатӣ" илова карда шаванд.

- дар қисми 2 калимаи "молиявӣ" ба калимаҳои "молия ва идораи амволи давлатӣ" иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Тартиби ихтиёрдорӣ, нигоҳдорӣ, баҳодиҳӣ ва фурӯши молу мулки ба манфиати давлат мусодиракардашуда аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 18 марти соли 2022, № 1854